Ислоҳи Кодеси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

  • 1 Апрел, 2013
Порлумон
Image caption Дар ҷаласаи Шӯрои порлумон мавзӯъи ислоҳи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуд

Ду фасли ин санади ҳуқуқӣ такмил ва ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ шудааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порлумон, рӯзи душанбеи 1 апрел, дар ҷаласаи Шӯрои порлумон зимни шарҳи ислоҳи Кодеси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гуфтааст, дар пайи ислоҳи он “доираи фаъолияти мақомот ва шахсони ваколатдор васеъ гардида, дар баробари ин, ваколати онҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат ва субъектҳои хоҷагидор” пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи оқои Ватанов, дар ин санади ҳуқуқӣ тартиби баррасию тасвиби мусавабба дар ниҳодҳои ҳуқуқӣ, шикоят бурдан ба мақомоти болоӣ ва додгоҳ мушаххас шудааст.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳҳои марбут ба дарёфти вом аз созмонҳои байналмилалии молӣ ва кишварҳои хориҷӣ матраҳ шудааст.

Аз ҷумла, намояндагони порлумон мувофиқатномаҳои Тоҷикистон бо Бонки Тавсеъаи Исломӣ дар бораи “Барномаи саводнокии касбӣ барои коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистон”, бо Бонки Тавсеъаи Осиё дар заминаи бозсозии роҳи утумубилрави ноҳияи Айнии Тоҷикистон то марзи Ӯзбакистон мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Дар ин ҷаласа мувофиқатномаи миёни Тоҷикистон ва ширкати “Huawei Technologies Co. Ltd.” дар мавриди тарҳи “Системи автоматикунонидашудаи идоракунӣ дар нақлиёт мавсум ба “Шаҳри бехатар” ва тавофуқоти Тоҷикистону Туркманистон дар бораи ҷудо кардани қитъаоти замин барои бунёди сафоратхонаҳои ин ду кишвар дар Ишқобод ва Душанбе низ баррасӣ гардидааст.

Дар назар аст, бештари ин асноди ҳуқуқӣ рӯзи чоршанбеи 3 апрел, дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон баррасӣ ва тасвиб шавад.