Қонунгузорӣ: Аз истифодаи маводди шимиёӣ дар мазореъ даст кашем

  • 15 Май, 2013
Порлумон
Image caption Дар Тоҷикистон дар пайи узвият дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози муҳитзистӣ пок бештар хоҳад шуд

Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбеи 15 май, зимни баррасӣ ва тасвиби пешнависи Қонуни “Хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ” дар иҷлоси порлумон сӯҳбат мекард, гуфт, истифодаи муназзам аз маводди шимиёӣ ва минеролӣ ҳосилхезии заминро коҳиш ва ба саломати масрафкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ хатар эҷод мекунад.

Ӯ гуфт ба ин хотир кишоварзони Тоҷикистон бояд ташвиқ шаванд, то ба ҳангоми парвариши зироъат истифодаи маводди минеролӣ ва заҳрҳои шимиёиро дар киштзорҳо коҳиш диҳанд.

Оқои Қосимов гуфт, ҳоло дар бархе аз воҳидҳои кишоварзӣ барои парвариши зироъат ба ивази маводи шимиёӣ ва минеролӣ аз маводди табиъӣ истифода карда ва тасвиби ин санади ҳуқуқӣ роҳро барои гузори комил ба даст кашидан аз истифодаи маводди шимиёӣ боз хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат тақозо барои маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози муҳитзистӣ пок бештар шудааст, зеро танҳо чунин маҳсулоти кишоварзӣ метавонад дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад.

Муттахасисон мегӯянд, истифодаи аз меъёр зиёд аз маводди шимиёӣ ва минеролӣ дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар бахши кишоварзӣ ба шӯр ва хароб шудани мазореъи кишоварзӣ дар Тоҷикистон мунҷар шудааст. Донишмандони тоҷик ин амрро сабаби аслии биёбоншавии мазореъи кишоварзии Тоҷикистон медонанд.

Дар Тоҷикистон аз маводди шимиёӣ дар умури кишоварзӣ ба таври густарда, умдатан барои нобуд кардани ҳашарот ва боло бурдани мизони ҳосил истифода мешавад. Ин амр аз замони шӯравии пешин ба мерос мондааст.

Гуфта мешавад ҳамакнун 50 ҳазор ҳектур мазореъи ин кишвар ба хатари биёбоншавӣ рӯбарӯ ҳастанд. Ин барои бахши кишоварзии Тоҷикистон, ки 93 дарсади ҳудуди онро манотиқи кӯҳистонӣ ташкил медиҳад, як таҳдиди ҷиддӣ маҳсуб мешавад.

Матолиби муртабит