Кишоварзони минтақа муттаҳид мешаванд

  • 2 Апрел, 2013
Консорсиюм
Image caption Дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе мавзӯъи таъсиси Консорсиюми кишоварзии Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон баррасӣ шуд

Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон дар сададанд таҳти сарпарастии Барномаи тавсеъаи СММ Консорсиюми кишоварзӣ таъсис кунанд.

Ҳадаф аз иқдом ба таври дастҷамъӣ боло бурдани мизони тавлидоти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини амнияти ғизоӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва аз ин тариқ даст ёфтан ба коҳиши мизони фақр дар минтақа унвон шудааст.

Гуфта мешавад, ҳарчанд Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон кишварҳои кишоварзӣ маҳсуб шуда ва беш аз 50 дарсади ҷамъияти онҳо дар манотиқи рустоӣ ба сар мебаранд, вале ин кишварҳо ниёзҳои худро ба маҳсулоти кишоварзӣ бароварда карда наметавонанд.

Далели ин амр, ғайримуассир будани системи кишоварзӣ ва кӯҳнаю фарсуда шудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ арзёбӣ шудааст, ки ин кишварҳо имкони ба танҳоӣ ислоҳ кардани ин вазъро надоранд.

Александр Зуев, намояндаи доимии Барномаи тавсеъаи СММ дар Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбеи 2 апрел, дар ҳамоиши нахустини ҳайъатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон дар шаҳри Душанбе сӯҳбат мекард, таъсиси чунин консорсиюмро барои рушди бахши кишоварзӣ, ғанӣ сохтани бозори дохилӣ бо маводди ғизоӣ ва коҳиши мизони бекорӣ дар ин се кишвар муҳим ва созанда арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи оқои Зуев, ин се кишвари кишоварзӣ барои тавлиди бештари маҳсулоти кишоварзӣ, коркард ва арзаи онҳо ба бозор ба сармоя ва таҷҳизоти мудерни фаннию мошинолот ниёз доранд.

Аз тариқи таъсиси Консорсиюми кишоварзӣ мумкин аст имконоти молию фаннии кишоварзони ин се кишвар басиҷ шуда ва тавассути кумакҳои молии созмонҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мушкилоти мавҷуда дар ин росто ҳал шавад.

Намояндаи доимии Барномаи тавсеъаи СММ дар Тоҷикистон гуфт, созмонҳои молии байналмилалӣ, назири Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки таҷдиду тавсеъаи Урупо ва Бонки Осиёии Тавсеъа ва созмонҳои бонуфузи байналмилалие чун Иттиҳодияи Урупо ва Ожонси рушди байналмилалии Омрико алоқамандии худро барои ширкат дар ин тарҳ иброз доштаанд.

Image caption Оқои Сайидӣ гуфт, бахши кишоварзии Афғонистон ба нерӯи барқ, техникаю таҷҳизоти мудерни фаннӣ ва сармоя ниёз дорад

Муродалӣ Алимардон, муъовини нахуствазири Тоҷикистон гуфт, маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон табиъӣ ва аз лиҳози экулуҷӣ пок буда, танҳо ба коркард ва бастубанди муосир ниёз дорад.

Ба эътиқоди оқои Алимардон, дар чорчӯби ин корсорсиюм бояд ба бахши хусусӣ шароити мусоид барои фаъолияти озоди тавлид ва тиҷорати маҳсулот дода шавад.

Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон дар ин замина гомҳое бардошта шуда, аммо то ҳол саҳми бахши хусусӣ дар самти кишоварзӣ чандон чашмгир нест.

Дар ин ҳамоиш ибрози умедворӣ шуд, ки рушди кишоварзӣ дар минтақа, бахусус, дар Афғонистон, ба эҷоди ҷойҳои кор, ғанӣ шудани бозори дохилию минтақа бо маводди ғизоӣ ва коҳиши мизони фақр мусоидат хоҳад кард.

Абдураҳим Сайидӣ, раиси Идораи тавсеъаи бахши хусусии вазорати тиҷорату саноати Афғонистон гуфт, дар манотиқи шимоли Афғонистон ҳудуди 1 милюн ҳектур замини бикр мавҷуд буда ва дар сурати баҳрабардорӣ аз он ҳазорҳо нафар бо кор таъмин шуда ва маҳсулоти фаровони кишоварзӣ тавлид хоҳад шуд.

Ба гуфтаи оқои Сайидӣ, барои иҷрои ин амр Афғонистон ба нерӯи барқ, техникаю таҷҳизоти мудерни фаннӣ ва сармоя ниёз дорад.

Ӯ гуфт, дар сурати таъсиси Консорсиюми кишоварзӣ Афғонистон аз Тоҷикистону Қирғизистон нерӯи барқи арзонро ворид карда, замини бикрро шодоб ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бунёд хоҳад кард.

Ба навбаи худ Тоҷикистону Қирғизистон метавонанд маҳсулоти кишоварзии худро аз тариқи Афғонистон ба Покистону Ҳинд ва кишварҳои дигари Осиёи Ҷанубӣ содир кунанд.

Ширкаткунандагони ҳамоиши шаҳри Душанбе тасмим гирифтанд, то авохири соли ҷорӣ гурӯҳҳои кории Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон барои баррасии тарҳи сохтори Консорсиюми кишоварзӣ, аз ҷумла, мақари ин ниҳод ва раёсати он таъсис кунанд.

Пас аз ҳамоҳанг шудани масоили сохторӣ таърихи оғози фаъолияти Консорсиюми кишоварзии ин се кишвар эълом хоҳад шуд.

Матолиби муртабит