Масунияти додситону бозрасҳо дар Тоҷикистон лағв шуд

Порлумони Тоҷикистон зимни ислоҳи қонун дар бораи мақомоти умури додситонӣ масунияти додситонҳо ва бозрасони ин кишварро лағв кард.
Тарҳи ислоҳои ин қонунро рӯзи чоршанбеи 22 май дар порлумони кишвар Додситони кулли Тоҷикистон муъаррифӣ ва дурустии ин ислоҳотро шарҳ дод.
Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон, далели ин амрро ба рух додани мавориди сӯйиистифода аз мақоми хидматӣ ва эҷоди мавонеъ дар роҳи мубориза алайҳи фасод дар миёни додситонҳо ва бозрасон унвон кард.
Ба гуфтаи оқои Салимзода, вуҷуди масуният имкон намедод, ки дар сурати иртикоби ҷурм аз сӯйи додситонҳо ва бозрасон, онҳо басодагӣ боздошт шаванд.
Ӯ гуфт: "Бар асоси тағйироти ворида ба Қонуни "Мақомоти додситонии Тоҷикистон” Додситони кулл ва раиси Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод ҳаққи боз кардани парвандаи ҷинойӣ ё маъмурӣ алайҳи кормандони додситонӣ ва бозрасонро хоҳад дошт."
Дар ҳамин иҷлоси порлумон тарҳи ислоҳи Қонуни "Додгоҳҳо" қабул шуд, ки бар асоси он танҳо Додситони кулл метавонад алайҳи қуззот парванда боз карда ва сипас ин парванда аз ҷониби Додгоҳи олӣ баррасӣ шавад.
Раванди боздошти муқаддамотӣ ва ҳабси хонагии қуззот низ бо ризоияти Додситонии кулл ва иҷозаи Додгоҳи олӣ сурат хоҳад гирифт.
Тибқи қонуни Тоҷикистон қуззоти Додгоҳҳои Қонуни асосӣ, олӣ ва олии иқтисодӣ бидуни иҷозаи Маҷлиси Миллӣ ва қуззоти додгоҳҳои низомӣ, вилоятҳо ва шаҳрҳо бидуни ризояти раиси ҷумҳурӣ наметавонанд боздошт шаванд ва ин модаи қонун ҳамчунон бетағйир мондааст.
Ба ин тартиб, он моддае, ки дар натиҷаи тасвиби ислоҳи қонун дар маҷлиси рӯзи чоршанбе лағв шуд, ин қисми 11-и моддаи қонун дар бораи додгоҳҳо, аст, ки дар он гуфта мешуд "Судя аз ҳуқуқи дахлнопазирии шахсӣ бархурдор буда, барои зараре, ки дар натиҷаи амали ғайриқасдона ва камбудӣ ҳангоми иҷрои вазифааш рӯй додааст, мавриди таъқиби судӣ қарор гирифта наметавонад".
Дар иҷлоси порлумон ба Қонуни "Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон" низ тағйирот ворид шуда ва бар асоси он ҳаққи боз кардани парванда алайҳи кормандони ин ожонс аз додгоҳҳо ба Додситонии кулли Тоҷикистон вогузор шуд.
Ба гуфтаи Милопар Бандишоев, муъовини раиси Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, дар пайи тасвиби Кодекси ҷадиди ҷиноии ин кишвар дар моҳи апрели соли 2010 додгоҳҳо аз ҳаққи боз кардани парвандаҳо маҳрум шуданд.
Тайи ду соли ахир танҳо раиси Ожонси мубориза бо фасод метавонист алайҳи кормандонаш парванда боз кунад.
