Баррасии мадорики номзадҳо ба интихоботи миёндавраӣ

Масъулони Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯянд, ки машғули баррасии асноди номзадҳо ба интихоботи миёндавраии ноҳияи Восеъ ҳастанд.
Бар асоси иттилоъи ин кумисиюн ахиран чаҳор нафар аз номзадҳо барои ширкат дар ин интихобот мадорики заруриро ба ин масъулони кумисиюн ироа кардаанд.
Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи иттилоъотии ин кумисиюн, рӯзи сешанбеи 26 март дар суҳбат бо Би-би-сӣ ин хабарро таъйид кард.
Ҳарчанд ин масъули кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз гирифтани номи ин афрод худдорӣ кард, вале гуфта мешавад, ки ду нафар аз ин номзадҳо аз ҷумлаи аъзои ҳизбҳои сиёсӣ буда ва ду нафари дигар ба таври инфиродӣ барои ширкат дар интихоботи миёндавраӣ мадорикиро ба кумисиюн пешниҳод кардаанд.
Зимнан, интихоботи миёндаврӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ба далели интихоби Рустам Латипов, намояндаи ҳизби кишоварзӣ ба симати раиси ноҳияи Восеъ сурат мегирад.
Бар асоси моддаи 57-и Қонуни асосии Тоҷикистон, баъд аз қатъи фаъолияти як намояндаи мардумӣ ба ҷойи вай дар Маҷлиси намояндагон бо баргузории интихоботи миёндавраии порлумонӣ фарди дигаре интихоб мешавад.
Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон Ибодуллоҳ Неъматов, раиси ҷамоъати Мичурини ноҳияи Восеъ ва ҳизби кишоварзии ин кишвар Зайниддин Сафаровро ба ин интихобот номзад кардааст.
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори мустақил ва Ҷӯрабек Қурбонов, раҳбари бахши таъминоти иҷтимоъии Кӯлоб ба таври инфиродӣ мадорики худро барои номзадӣ дар интихобот ба кумисиюн ироа кардаанд.
Раҷаби Мирзо, номзади инфиродӣ, мегӯяд, бовар дорад, ки масъулони кумисиюн мадорики пешниҳодшудаи ӯро хоҳанд пазируфт.
Вай ҳамчнин афзуд, ки рақибони пурқувват дорад, вале ба баргузории интихоботи шаффоф ва иродаи райдиҳандагони ин ноҳия бовар дорад.
Оқои Мирзо мегӯяд, ки барои пирӯзӣ дар интихоботи миёндавраӣ дар ноҳияи Восеъ тамоми кушишҳоро ба харҷ хоҳад дод.
Масъулони Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар чанд рӯзи оянда ассоми номзадҳоеро, ки дар интихоботи миёндарвравӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ширкат хоҳанд кард, эълом мекунанд.
Дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Восеъ ҳудуди 120 қитъаи интихоботӣ мавҷуд буд ва беш аз сад ҳазор нафар раъйдиҳандагон дар он расман сабти ном шудаанд.
Қарор аст, ки интихоботи миёндавраӣ дар ин ноҳия панҷуми моҳи майи соли ҷорӣ доир шавад.
