Қонуни интихобот: Роҳнамои раъйдиҳанда

Дар ин матлаб таваҷҷӯҳи хонандагонро ба нукоти мавриди таваҷҷӯҳи раъйдиҳандагон дар Қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб мекунем.
То ҳоло барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 6-уми ноябри соли ҷорӣ, ҳафт нафар номзад шудааст.
Ин шашумин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ва чорумин корзори интихоботи раёсати ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълии Тоҷикистон хоҳад буд.
Пешниҳод ва сабти номи номзадҳо ба раёсати ҷумҳурӣ
Тибқи Қонуни интихоботи Тоҷикистон номзад ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар бояд аз синни 35-сола боло буда ва ҳадди ақал даҳ соли ахир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда бошад.
Номзадҳо барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ сабт ва таъйиди салоҳият мешаванд.
Кумиссюни марказии интихобот салоҳияти номзадҳоро барои ширкат дар интихобот пас аз дарёфти имзои ҳадди ақал панҷ дарсади сокинони кишвар ба тарафдорӣ аз ин номзадҳо таъйид мекунад.
Номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ бояд на камтар аз 50 рӯз қабл аз баргузории интихобот пешниҳод шуда ва на камтар аз 30 рӯз қабл аз интихобот сабти ном шаванд.
Афроди дорои собиқаи маҳкумияти додгоҳӣ ("доғи судӣ") ва афроде, ки ба сурати ҳирфаӣ дар созмонҳои мазҳабӣ фаъъолият доранд, наметавонанд ба мақоми президентӣ номзад шаванд.
Кумиссюнҳои интихоботӣ
Барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Кумиссюни марказии интихобот, кумиссюнҳои ҳавзаҳои интихоботӣ ва кумисиюнҳои марокизи раъйгирӣ таъсис мешавад.
Кумиссюни марказии интихобот бояд назорат кунад, ки қонун дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон нақз нашавад. Шикоёти марбут ба нақзи қонуни интихоботи кишварро баррасӣ карда ва дар мавриди онҳо тасмим мегирад.
Ин кумиссюн ва кумиссюнҳои интихоботӣ масъулони омодагӣ ба интихобот ва баргузории он ҳастанд. Ҳавзаҳои интихоботиро Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ таъсис медиҳад.
Ин кумисиюн шумори ҳавзаҳои интихоботӣ, марзгузории ин ҳавзаҳо ва теъдоди раъйдиҳандагон дар онҳоро то 50 рӯз қабл аз рӯзи интихобот эълом мекунад.
Марокизи раъйгириро кумиссюнҳои ҳавзаҳои интихоботӣ то 40 рӯз қабл аз баргузории интихобот таъсис медиҳанд. Як маркази раъйгирӣ метавонад нуқтаи раъйдиҳӣ барои аз 20 то 3000 раъйдиҳанда бошад.
Мавзӯъи изофа кардани марокизи интихоботии воқеъ дар хориҷи кишвар ба ҳавзаҳои интихоботӣ дар салоҳияти Кумиссюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ аст.
Нозирони интихоботӣ
Як намоянда аз ҳар ҳизби сиёсӣ, Федеросиюни иттиҳодияҳои мустақили корӣ, иттиҳодияи ҷавонон, ҳукуматҳо ва маҷолиси маҳаллӣ, ки номзади худро дар интихобот пешбарӣ кардаанд, намояндагони расонаҳои хабарӣ ва дар суарти зарурӣ намояндагони кишварҳои хориҷӣ метавонанд дар ҷараёни раъйгирӣ ва шумориши оро дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва дар ҷаласоти кумиссюнҳои интихоботӣ ҳузур дошта бошанд.
Дахолати мустақим ё ғайримустақими ин намояндагон ба кори кумиссюнҳои интихоботӣ мамнуъ аст.
Ин намояндагон бояд дар ин бора санади лозимро аз кумиссюни марказии интихобот дарёфт кунанд.
Шикоёт дар бораи тасмиҳои кумисиюнҳои интихоботӣ метавонанд дар зарфи 10 рӯз пас аз иттихози онҳо ба додгоҳи олӣ ирсол шаванд. Додгоҳ бояд шикоятро дар зарфи се руз пас дарёфт шудани шикоят баррасӣ кунад. Агар то интихобот камтар аз шаш рӯз боқӣ мондааст, шикоят бояд билофосила муҳокима шавад.
Маблағгузории интихобот
Махориҷи омодагӣ ба ва баргузории интихобот аз будҷети давлат фароҳам мешавад. (Барои интихоботи 6-уми ноябр давлат даҳ милюн сомонӣ тахсис дод)
Маблағгузории мустақим ё ғайримустақими афрод ва ширкатҳои хориҷӣ барои баргузории корзорҳои интихоботии ин ё он номзади президентӣ мамнуъ аст.
Муассисаҳои давлатӣ сохтмонҳои худро ба сурати ройгон ба ихтиёри кумиссюнҳои интихоботӣ мегузоранд. Дар сурати истифода аз сохтмони муассисаи ғаридавлатӣ, давлат бояд иҷорапулӣ пардохт кунад.
Замонати номзадҳо ва таблиғоти интихоботӣ
Қонуни Тоҷикистон барои ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва дигар созмонҳои иҷтимоъӣ ва ҳаракатҳои умумӣ ҳаққи таблиғот ба пуштибонӣ ё алайҳи ин ё он номзади раёсати ҷумҳуриро медиҳад.
Аз замони сабти ном шудан дар Кумисиюни марказии интихобот ба унвони номзади раёсати ҷумҳурӣ, ҳамаи онҳо аз ҳаққи баробари истифода аз васоити ахбори умумии родию ва телевизиюн бархурдоранд.
Кумиссюнҳои интихоботӣ барои номзадҳо сохтмоне барои ҷаласоташон фароҳам мекунанд. Ниҳодҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои иҷтимоъӣ, раҳбарони ширкатҳо, муассисаҳо ва созмонҳо муваззафанд ба баргузории мулоқоти номзадҳо бо раъйдиҳандагон мусоидат кунанд.
Номзадҳо ҳақ доранд то 15 шахси мавриди эътимод дошта бошанд, ки барои таблиғоти номзад ва барномаи ӯ кумак мекунад. Таблиғот дар рӯзи интихобот мамнуъ аст.
Номзадҳои сабтиномшуда ҳаққи истифодаи ройгон аз нақлиёти умумии шаҳрӣ ва байнишаҳрӣ дар кишварро доранд.
Шумориши оро ва машруъияти интихобот
Дар интихобот шаҳрвандони болои синни 18-сола ҳаққи интихоб доранд. Дар Тоҷикистон зиндониён ҳаққи раъй надоранд. Раъйдиҳӣ ихтиёрӣ буда ва бидуни дахолати нафари сеюм ба сурати пинҳонӣ сурат мегирад.
Ҳар раъйдиҳанда танҳо барои худ раъй медиҳад ва ӯ ҳаққи раъйдиҳи барои нафари дигарро надорад. Раъйдиҳӣ пинҳонӣ аст ва касе ҳақ надорад дар вақти пур кардани варақаи интихоботӣ дар утоқи раъйдиҳӣ ба интихобкунанда халал расонад.
Варақаҳои интихоботӣ бояд ба марокизи интихоботӣ ҳадди ақал ду рӯз пеш аз баргузории интихобот оварда шаванд. Сохтмоне, ки дар он варақаҳои интихоботӣ нигаҳдорӣ мешаванд, бояд баста ва таҳти назорати маъмурони интизомӣ бошанд.
Раъйгирӣ аз соъати шаши субҳ то ҳашти шом ба вақти маҳаллӣ баргузор мешавад. Интихобот дар ҳоле баргузоршуда эълом мешавад, ки беш аз ними воҷидини шароити раъй, раъйи худро ба сандуқҳои раъй бирезанд.
Пирузи интихобот ҳамон номзаде хоҳад шуд, ки ниме аз афроди раъйдода дар интихобот ба тарафдорӣ аз ӯ райъ дода бошанд. Дар сурате, ки дар интихобот беш аз ду номзад рақобат карда ва ҳеҷ кадоме аз онҳо шумори лозими раъйро дарёфт накунанд, райъдиҳандагон дубора пойи сандуҳои раъй рафта ва аз миёни ду номзаде, ки бештарин раъйро дар марҳилаи аввал дарёфт карданд, раиси ҷумҳуриро интихоб мекунанд.
