Шумори ҳавзаҳои интихоботӣ дар соли ҷорӣ се маротиба бештар хоҳад буд

Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) хабар дод, ки 54 ҳавзаи интихоботӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон барои раъйдиҳандагони интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар боз хоҳад шуд.
Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИҲ гуфт, 22 ҳавза, яъне бахши аслии ҳавзаҳои интихоботӣ дар шаҳрҳои Маскав, Сакт-Питерсбург, Твер, Тула ва шаҳрҳои дигари Русия, ки бештари муҳоҷирони тоҷик дар онҳо кору зиндагӣ мекунанд, таъсис дода хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи оқои Додоев, теъдоди ҳавзаҳои интихоботӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷорӣ дар кишварҳои ҷаҳон дар муқоиса ба интихоботи порлумонии ин кишвар дар соли 2010 се баробар бештар будааст.
Ҳамзамон, раиси дастгоҳи КМИҲ баёнияи Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон мабнӣ ба теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русияро бепоя хонд.
Дар баёнияи оқои Зоиров, ки рӯзи душанбеи 9 сентябр мунташир шуд, теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳрҳои Русия беш аз 1,5 милюн нафар арзёбӣ шуда ва таъкид шуд, ки танҳо дар шаҳр ва вилояти Маскав 600 ҳазор муҳоиҷири тоҷик ба сар мебарад.
Мақомоти КМИҲ "теъдоди воқеъии" муҳоҷирони тоҷик дар Русияро аз 800 то 900 ҳазор нафар хонда ва гуфтанд, ин афрод муҳоҷирони мавсимӣ буда, дар назар аст дар моҳҳои октябр-ноябр бахши аслии онҳо аз Русия ба ватан бозгарданд.
Зимнан, дар ҷаласаи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) дар рӯзи сешанбеи 10 сентябр, ки Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруфи кишвар ба унвони номзад ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии ин кишвар муъаррифӣ шуд, мавзӯъи наҳваи ширкати муҳоҷирони кории тоҷик дар ин интихобот матраҳ шуд.
ИНИТ тасмим гирифт, бо ирсоли номае унвонии Кумисиюни марказии интихоботи Тоҷикистон дархост кунад, ки тасмим дар бораи ҷамъоварӣ накардани имзо барои пуштибонӣ аз номзадҳо дар миёни муҳоҷирони корӣ дар Русияро лағв кунад.
Вале Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон гуфт, тибқи моддаи 25-и Қонуни "Интихоботи Президент" варақаҳои имзои сокинон барои пуштибонӣ аз номзади раёсати ҷумҳурӣ бояд аз ҷониби раисони шаҳру навоҳии Тоҷикистон таъйид шаванд.
Оқои Додоев гуфт: "Мувофиқи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ, мақоми ҳуқуқии сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва консулҳои фахрӣ ваколати раъисони шаҳру ноҳияҳоро иваз карда наметавонанд. Ҳангоми имзоҷамъкунӣ дар хориҷи кишвар эҳтимолияти ба тақаллубкорӣ ва қонуншиканӣ роҳ додан зиёд аст."
Ҳамчунин, ӯ имкони таъсири нерӯҳои беруна "ба изҳори озодонаю ихтиёрии интихобкунандагон" дар раванди ҷамъоварии имзоро баъйид намедонад.
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли ҷорӣ баргузор шуда ва интизор меравад, дар интихобот Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ, Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ ва раҳбарони бархе аз аҳзоби сиёсии кишвар ба унвони номзад ширкат кунанд.
