Баҳсу ихтилофоти тоза бар сари машрӯъияти ҳукумати Раҳмон

  • 7 Сентябр, 2013
Шоҳиён
Image caption Оқои Шоҳиён гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ, метавонад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷорӣ ба унвони номзад ширкат кунад

Раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асоси қавонини ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ, метавонад дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ ба унвони номзад ширкат кунад.

Шермаҳмади Шоҳиён рӯзи ҷумъаи 6 сентябр дар ҳамоише дар шаҳри Душанбе гуфт ислоҳоте, ки 22 июни соли 2003 аз тариқи ҳамапурсӣ дар Қонуни асосӣ анҷом шуд "ба ваколати президенти амалкунанда дахл надошт, бино бар ин, Эмомалӣ Раҳмон метавонад боз номзад шавад."

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон низ таъкид кард, ки тибқи Қонуни асосӣ, оқои Раҳмон ҳаққи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013-ро дорад.

Оқои Ватанов гуфт: "Интихоби пайдарпай барои ду муҳлат, ки дар моддаи 65-и Қонуни асосӣ пешбинӣ шудааст, баъди ба охир расидани ваколати президенти амалкунанда оғоз меёбад. Яъне, ин муқаррарот нисбат ба президенти амалкунанда татбиқ намешавад. Ӯ пас аз поёни ваколат ҳаққи ду бор пешниҳод шудан дорад."

Ин дар ҳолест, ки Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот ва аз мухолифони давлати Тоҷикистон, мегӯяд, ки бар асоси ваколати раиси ҷумҳурӣ пас аз ёд кардани савганди раиси ҷумҳурии тозаинтихоб дар маҷолиси улё ва суфлои порлумон поён меёбад.

Аммо ин муқаррароти қонун ба ҳангоми интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ риъоят нашуда ва ба ин далел, ширкати ӯ дар интихоботи соли ҷории раёсати ҷумҳурӣ ғайримуҷоз хоҳад буд.

Оқои Зойиров ба Би-би-сӣ гуфт, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1999 рӯзи 3 сентябр эълом шуд ва ҳамапурсӣ барои тамдиди давраи раёсати ҷумҳурӣ аз 5 ба 7 сол 26 сентябр баргузор шуд.

Ӯ гуфт, аз ин лиҳоз интихоботи соли 1999 бар асоси Қонуни асосии соли 1994 эълом шуд, ки тибқи ин санад давраи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон 5 сол муқаррар шуда буд.

Image caption Оқои Зойиров гуфт, ки дар моҳи ноябри соли 2004 давраи раёсати ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон поён ёфта ва пас аз ҳамапурсӣ дар соли 2003 барои ислоҳи Қонуни асосӣ бояд интихоботи тоза баргузор мешуд

Раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот гуфт, ки дар моҳи ноябри соли 2004 давраи раёсати ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон поён ёфта ва пас аз ҳамапурсӣ дар соли 2003 барои ислоҳи Қонуни асосӣ бояд интихоботи ҷадиди раёсати ҷумҳурӣ доир мешуд.

Ӯ мӯътақид аст, ки аз моҳи ноябри соли 2004 то ба ҳол давраи раёсати Эмомалӣ Раҳмон "ғайримашрӯъ" аст.

Баҳсҳо дар атрофи машрӯъ ё ғайримашрӯъ будани раёсати ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи ноябри соли 2004 шурӯъ шуда ва он замон, Раҳматилло Зойиров расман эълом карда буд, ки бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон, давраи раёсати ҷумҳурии оқои Раҳмон поён ёфта ва бояд интихоботи тоза баргузор шавад.

Дар соли 2005 раисони кумитаҳои Маҷолиси миллӣ ва намояндагони порлумони Тоҷикистон ба ин гуфтаҳои оқои Зойиров посух доданд, аммо дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷорӣ ин баҳс дубора шурӯъ шудааст.

Зимнан, то ҳол Эмомалӣ Раҳмон ширкати худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷориро эълом накарда, вале масъулони Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон ба таври ғайримустақим ба имкони ширкати ӯ ба унвони номзад дар интихобот ишора кардаанд.

Назира Ғаффорова, муъовини раиси Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон ва Ғайбулло Афзалов, устондори Хатлон, дар иҷлоси муштараки маҷолиси улё ва суфлои порлумон, ки рӯзи 30 август доир шуда ва замони баргузории интихоботро эълом кард, ба хидматҳои ин "фарзанди фарзонаи миллат" дар пешрафти кишвар ишора карда ва гуфтанд, ки "ин роҳ бояд идома ёбад."

Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон низ, ки аз аҳзоби наҳзати исломию сусиёл-демукрот, бархе аз созмонҳои маданӣ ва чеҳраҳои саршиноси сиёсӣ муташаккил аст, ҳанӯз дар мавриди пешниҳоди номзади ягона ба тавофуқ нарасидаанд.

Маҳмадалӣ Ҳаит, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфт, ки дар назар аст дар Анҷумани ин ҳизб дар рӯзи 17 сентябр дар мавриди номзади худӣ ё пуштибонӣ аз номзади ягонаи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб тасмиме иттихоз шавад.

Матолиби муртабит