Таронаи "Интихобот" раъйидиҳандагонро барои додани раъй даъват мекунад

  • 4 Сентябр, 2013
Фазилиддини Раҳмон
Image caption "Узру итоби хешро. Бар нафъи ин халқу ин ватан, Кун интихоби хешро, Кун интихоби хешро"

Як овозхон дар шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон таронаеро зери унвони "Интихобот" таҳия карда ва қарор аст, ки дар рӯзҳои наздик ин тарона дар ширкатҳои родию ва телевизюнӣ дар ин вилоят пахш шавад.

Ин барои бори аввал аст мардуми вилояти Хатлонро як ҳунарманд бо таронаи интихоботӣ пойи сандуқҳои раъй мехонад.

Муҳтавои аслии тарона он аст, ки аз раъйидиҳандагон даъват шудааст, ки дар интихобо фаъол бошанд ва ба номзади арзанда ба президентӣ раъй диҳанд.

Фазилиддини Раҳмон, овозхони ин тарона мегӯяд, ки сабт ва филмбардории ин тарона ба анҷом расида бо родию ва телевизиюни маҳаллӣ қарордод ё шартнома шудааст, ки ҳамарӯза пахш мешавад.

Оқои Раҳмон мегӯяд, ки ин нахустин тарона дар мавзуъи итихобот аст, ки раъйидиҳандагонро ба пои сандуқи раъй даъват мекунад ва дар назар аст, ки пеш аз рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон пахш шавад.

Гуфта мешавад, ки сидиҳои ин тарона пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурӯшгоҳҳо низ ба фурӯш гузошта мешавад.

Муалифи Шеъри "Интихобот" Усмон Билолӣ, шоъири хатлонӣ мегӯяд, ки ҳадафи онҳо даъвати мардум ба ҳавзаҳои интихобот ва ба номзади арзандаи раёсати ҷумҳури раъйи додан будааст.

Оқои Билолӣ мегӯяд, ки мутмаъин аст, ки мардум дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бетараф нестанд ва ба ҳавзаҳои интихоботи омада раъйи худро ба номзади арзанда дар сандуқҳои раъй мерезанд.

Image caption Оқои Билолӣ мегӯяд, ки мутмаъин аст, ки мардум дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бетараф нестанд ва ба ҳавзаҳои интихоботи омада раъйи худро ба номзади арзанда ба сандуқҳои раъй мерезанд

Аз сӯи дигар Фазилиддини Раҳмон ба хабарнигорон гуфтааст, ки мақсади оҳанг бастани шеъре дар бораи интихобот даъвати мардум ба ҳавзаҳои интихоботӣ ва баргузор шудани интихоботи демукротик ва шаффофи раёсати ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ будааст.

Оқои Раҳмон гуфт: "Ман мехоҳам, ки бо ин таронаи худам мардумро дар маъракаи сиёсӣ барои райидиҳӣ даъват кунам. Дар ин таронаи худам раъйидиҳандагонро даъват мекунам, ки ба ҳавзаҳои интихоботи раванду ба номзади арзанда раъйи диҳанд."

Ту боши фарди ин ватан,

Хушнуд биё овоз деҳ.

Фардои меҳанро бисоз,

Аз динаву имрӯз беҳ.

Ба ростию дустӣ,

Қонун ҳидоят мекунад.

Роҳи дурусти халқро,

Соҳибсаодат мекунад.

Соҳибсаодат мекунад.

Озод овоза диҳӣ,

Аз қавми озодагон шавем.

Ҳамфикру ҳамдил бо башар,

Ҳам дасту ҳам паймон шавем.

Яксу гузор эй ҳамватан,

Узру итоби хешро.

Бар нафъи ин халқу ин ватан,

Кун интихоби хешро,

Кун интихоби хешро.

Амириддини Кабир, овозхон, ки унвони "Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон"-ро дорад гуфт, ки мардум бо шунидани таронаҳои сиёсӣ одат накардаанд ва бо шунидани таронаҳои сиёсӣ ба сиёсат ошно мешаванд. Оқои Кабир мегӯяд: "Дар замони Шуравӣ моро маҷбур мекарданд, ки дар бораи сиёсати онвақта таронаҳое бихонем ва мо мехондем, ҳоло кишвари демократӣ дорем ва мо озод ҳастем. Хурсанд шудам, ки таронае дар мавзӯъи даъвати мардум ба интихобот ва раъйидиҳи забт шудааст ва мардум бо шунидани ин тарона ба пой сандуқи раъйи мераванд."

Image caption Оқои Раҳмон гуфт, ки бо хонаводаи Президент Раҳмон хешутаборӣ надоштааст

Дар ҳамин ҳол коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки мардум дар ҷануби Тоҷикистон дар интихоботҳо фаъъолияти хубе надошта баъзан вазъияте мушоҳида мешавад, ки аз номи аъзоёни хонавода танҳо як нафар ба ҳавзаи интихоботӣ омада ва аз номи узви дигари хонавода раъйро ба сандуқ мерезад.

Садриддин Қаландарзода, коршиноси масоили идиюлужӣ ва сиёсӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки мардум дигар дар бораи интихоботи шаффоф ва демукротик бовар надоранд ва даъвати онҳо бо истифода аз таронахонӣ кори хуб будааст.

Оқои Қаландарзода мегӯяд: "Мо медонем, ки интихобот дар Тоҷикистон демукротӣ баргузор нашуда буд ва ба баргузории интихоботи мунсифона чандон хушбин нестем. Мардум низ инро медонанд ва дигар майли рафтан ба пой сандуқи раъйро надоранд. Ин таронаҳо мардумро дубора барои интихобот даъват мекунад, ки биёед ва раъйи диҳед. Шояд онҳо ба мардум боварӣ медиҳад, ки интихоботи демукротик онҳоро интизор аст."

Забт шудани таронаи "Интихобот" дар ҳолест, ки Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон номзадҳои эҳтимолиро ба раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ муъаррифӣ накардааст.

Аммо таронаи интихоботии Фазлиддини Раҳмон, ки сокини ноҳияи Данғара, макони зисти қаблии Президент Раҳмон ҳаст, дар миёни мардум сару садои зиёдеро ба миён овардааст. Ҳарчанд Фазлиддини Раҳмон гуфт, ки ӯ ба хонаводаи Президент Раҳмон хешутаборӣ надорад.

Ин дар ҳолест, ки то интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ду моҳ боқӣ монда, вале барномаҳои таблиғотии бархе аз аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби ҳокими ҳалкии демукроти Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соли ҷорӣ шурӯъ шуда буд ва мақомоти ин вилоят дар нишасҳои мухталифе аз мардум даъват мекардад то барои номзади арзанда дар ин интихобот раъй диҳанд.

Аз ҷумла Ғайбулло Афзалоев, раиси вилояти Хатлон дар ҷаласаҳои хеш, ки ба мавзӯъи баргузории интихоботи қарибулвуқӯъ ихтисос медошт, таъкид кард, ки "мо номзади арзандаи интихоботи 2013-ро мешиносем, кӣ ӯ кист."

Дар ҳамин ҳол коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки суханони оқои Афзалов ба эҳтимоли зиёд ба намояндаи Ҳизби халқи демукротики Тоҷикистон, яъне Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ рабт доштааст.

Матолиби муртабит