Иттиҳодияи касаба аз номзадии Раҳмон пуштибонӣ кард

  • 24 Сентябр, 2013

Иттиҳодияи касабаи Тоҷикистон, як созмони иҷтимоъии таҳти нуфузи давлати ин кишвар, номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълиро ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.

Дар ин замина дар Анҷумани 21-уми Иттиҳодияи касаба, ки рӯзи сешанбеи 24 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мусаваббае тасвиб шуд.

Дар авохири ҳафтаи гузашта Иттиҳодияи ҷавонони Тоҷикистон бо аксари кулли оро ва бидуни рақиб номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда буд.

Дар назар аст, дар рӯзи 6 ноябри соли ҷорӣ интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда ва раиси ҷумҳурии мунтахаб барои 7 соли оянда раҳбарии давлати Тоҷикистон ба ӯҳда гирад.

Феълан 7 нафар, Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос аз Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, Сайидҷаъфар Исмонов, раҳбари Ҳизби демукрот, Исмоъил Талбаков, аз Ҳизби кумунист, Олим Бобоев, раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сусёлист, Толиб Бухориев, аз Ҳизби кишоварзӣ ва Эмомалӣ Раҳмон аз Иттиҳодияи ҷавонони Тоҷикистон ва Иттиҳодияи касабаи ин кишвар ба унвони номзад ба мақоми раиси ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд.