Шикоят аз эҷоди мавонеъ барои ҷамъоварии имзо барои Бобоназарова

  • 20 Сентябр, 2013
Бобоназарова
Image caption Гурӯҳи ҷамъоварии имзо ба тарафдорӣ аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова аз "эҷоди мавонеъ" дар кори худ хабар дод

Ҳукуматҳои бештари шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар роҳи ҷамъоварии имзо ба тарафдорm аз Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи ин кишвар (ИНИТ) барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ "мавонеъи маснӯъӣ эҷод мекунанд."

Дар ин бора Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯи номзади ИНИТ, рӯзи ҷумъаи 20 сентябр хабар дод ва гуфт, ки дар чанд рӯзи ахир гурӯҳҳои мубтакирон барои ҷамъоварии имзо барои пуштибонӣ аз номзадии хонуми Бобоназарова наметавонанд мӯҳру имзои лозимро барои варақаҳои ҷамъоварии имзо аз руасои шаҳру навоҳӣ дарёфт кунанд.

Ӯ ба унвони мисол аз руасои шаҳру навоҳии Турсунзода, Темурмалик, Бохтар, Рашт, Нуробод, Ашт, Зафаробод ва Ҷаббор Расулов ном бурд, ки ба варақаҳои имзоҷамъкунӣ мӯҳру имзо нагузоштаанд.

Оқои Қаюмзод гуфт: “Раиси ноҳияи Темурмалик гуфт, то замони поёни анҷуманҳои аҳзоб ба варақаҳо имзо ва мӯҳр намегузорад. Аммо анҷумани Ҳизби халқи демократ рӯзи 4 октябр баргузор шуда ва рӯзи 7 октбяр рӯзи пешниҳоди номзадҳо аст. Яъне, фурсат барои ҷамъоварии имзо боқӣ намемонад.”

Ӯ гуфт, аз ҷумлаи 68 шаҳру навоҳии Тоҷикистон танҳо дар 8 шаҳру ноҳияи Кӯлоб, Ҷомӣ, Данғара, Ғончӣ, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор, Фирдавсии шаҳри Душанбе шароити мусоъид барои ҷамъоварии имзо ба тарафдорӣ аз Ойниҳол Бобоназарова фароҳам шудааст.

Ду рӯз қабл, Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ зимни як баёния аз фаъъолияти масъулони ҳукуматҳои шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шикоят карданд, ки бо баҳонаҳои мухталиф аз гузоштани мӯҳр ба варақаb имзоҷамъкунӣ худдорӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон хабарҳо мабнӣ бар эҷоди мавонеъи маснӯъ дар роҳи ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадии Ойниҳол Бобоназароваро рад кард.