"Мавонеъи маснуъӣ" дар роҳи ҷамъоварии имзо барои Бобоназарова

  • 18 Сентябр, 2013
Қаюмзод
Image caption Оқои Қаюмзод гуфт, масъулони бархе аз ҳукуматҳои маҳаллӣ дар ҷамъоварии имзо ба тарафдорӣ аз номзади мухолифон монеъ эҷод кардаанд

Мухолифони давлати Тоҷикистон аз ончи "мавонеъи маснӯъӣ" дар роҳи ҷамъоварии имзо барои пуштибонӣ аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мехонанд, шикоят карданд.

Дар баёнияи ин иттиҳодия, ки баъд аз зӯҳри чоршанбеи 18 сентябр мунташир шуд, омадааст, rки масъулони ҳукуматҳои шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз гузоштани мӯҳр ба варақа ё бланки имзоҷамъкунӣ худдорӣ кардаанд.

Дар баёния омада, ки онҳо гуфтаанд, қабл аз шурӯъи ҷамъоварии имзо барои ҷонибдорӣ аз номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бояд ба ҳукуматҳои маҳаллӣ номаи расмӣ ирсол шавад. Аммо ташреҳ надодаанд, ки ин нома аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ ё Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ (КМИҲ) ирсол шавад.

Дар ҳамин ҳол, Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯи номзади Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба Би-би-сӣ гуфт, Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова аз Шермаҳмади Шоҳиён, раиси КМИҲ хостааст, ба ин мушкил расидагӣ шавад.

Зеро дар Қонуни “Интихоботи Президенти Тоҷикистон” ирсоли номаи расмӣ ба ҳукуматҳои маҳаллӣ барои ҷамъоварии имзои тарафдорони номзадҳо пешбинӣ нашудааст. Оқои Қаюмзод гуфт, ки мушкили мушобеҳ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон рух додааст.

Масъулони маркази матбуъотии КМИҲ дар мавриди ин шикояти Ситоди интихоботии Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ гуфтанд, ки "ин мушкил тавассути сӯҳбати телефонӣ бо масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳалл шудааст".

Зайниддин Ҳаётов, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар ноҳияи Хуросон ва як тан аз масъулони ҷамъоварии имзо ба тарафдорӣ аз Ойниҳол Бобоназарова зимни сӯҳбати телефонӣ гуфт, Ҷаббор Самадов, раиси ин ноҳия ба варақаҳои имзоҷамъкунӣ барои 540 имзо мӯҳру имзо гузоштааст.

Оқои Ҳаётов гуфт, дар ҳоле ки дар ноҳия 540 узви ҲНИТ сабт шудааст, бахши ҲНИТ дар ноҳияи Хуросон аз ҷониби Ситоди интихоботи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ муваззаф шудааст, ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова 4000 имзо ҷамъоварӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи чоршанбеи 18 сентябр, ҷаласаи нахустини Ситоди интихоботии Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ баргузор шуда ва мушкилоти мавҷуда дар раванди омодагӣ ба интихоботро баррасӣ кардааст.

Дар ин ҷаласа Маҳмудҷон Қосимов, узви гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" муъовини раиси ситод интихоб шуд. Раёсати ин ситодро Маҳмадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ба ӯҳда дорад.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот ва Акбари Тӯраҷонзода, чеҳраи саршиноси мазҳабию сиёсии Тоҷикистон дар Ситоди Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ узвият надошта ва ашхоси боэътимоди Ойниҳол Бобоназарова, номзади ИНИТ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар маҳсуб мешаванд.

Матолиби муртабит