Пайдо шудани сафҳаи тақаллубии Бобоназарова дар "facebook"

Рӯзи якшанбеи 15 сентябр дар шабакаи иҷтимоъии "facebook" сафҳаи тақаллубии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пайдо шуд.
Аммо Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯйи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, хонуми Бобоназарова дар шабакаи иҷтимоъии "facebook" ҳамчунин саҳифае боз накарда ва "дар ин бора хабаре надорад."
Оқои Қаюмзод гуфт, дар мавриди боз шудани сафҳаи тақаллубии Ойниҳол Бобоназарова дар "facebook" аз рӯшанфикрони тоҷик дар хориҷи кишвар иттилоъ ёфтааст. Онҳо тавассути телефон аз ӯ дар бораи матолиби зидду нақизи ин сафҳа суол кардаанд.
Дар сафҳаи дурӯғини Ойниҳол Бобоназарова шарҳи ҳоли ӯ ва матолиби "Интихобот наздик шуда истодааст ва мо бояд ба он чидди муносибат кунем!", "Маоши Кабирӣ барои Абдуқаюми Қаюмзод" ва навиштаҳои дигар ҷой дода шудаанд.
Абдуқаюми Қаюмзод гуфт, пайдо шудани сафаҳоти тақаллубии чеҳраҳои саршиноси сиёсӣ ва мухолифони давлати Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоъии "facebook" ҳодисаи наве набуда, аммо дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ин гуна ҳаводис бештар шудааст.
Зимнан, дар авоили моҳи ҷорӣ дар шабакаи иҷтимоъии “facebook” саҳифаи тақаллубии Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) пайдо шуда буд.
Он замон Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ боз шудани сафҳаи тақаллубии раҳбари ҲСДТ-ро кори дасти ниҳодҳои зирабти давлати Тоҷикистон ё ба истилоҳ “фабрикаи ҷавоб” хонда буд, ки ба манзури ворид кардани латма ба эътибори оқои Зойиров анҷом шудааст.
Қаблан чунин сафаҳоти тақаллубии мансуб ба Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони саршинос, Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ҷунбиши мухолифи давлати “Ватандор” ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, чеҳраи саршиноси маҳзабию сиёсии Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоъии “facebook” пайдо шуда буд.
