Саидҷаъфар Исмонов: “Аз номзадии Бобоназарова пуштибонӣ намекунем”

  • 11 Сентябр, 2013
Бобоназарова
Image caption Раҳбарони аҳзоби сиёсии берун аз ИНИТ аз пешниҳоди номзадони худ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ хабар доданд

Раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд Ойниҳол Бобоназарова аз поягузорони ин ҳизб маҳсуб мешавад, онҳо аз номзадии ӯ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоят нахоҳанд кард.

Саидҷаъфар Исмонов рӯзи чоршанбеи 11 сентябр, зимни шарҳи чунин тасмими Ҳизби демукрот гуфт: “Дар солҳои ахир ақидаҳои Ойниҳол Бобоназарова дигар шуда ва аз ҳизб канор рафт. Аз ин лиҳоз Ҳизби демукрот аз ин номзад пуштибонӣ намекунад ва ба Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ низ шомил намешавад. Ин ҳизб 17-уми сентябр дар Анҷумани худ номзади худро ба интихоботи президентӣ пешниҳод хоҳад кард.”

Оқои Исмонов аз тавони кофии хонуми Бобоназарова барои "кашидани бори сангини раёсати ҷумҳурӣ" ибрози тардид карда ва синну сол ва саломати хонуми Бобоназароваро барои ин симмат номувофиқ хонд. Иддаъои дигари вай алайҳи номзадии хонуми Бобоназарова ин аст, ки вай "таҷрубаи кофии корӣ дар сохторҳои давлатиро надорад".

Ӯ аз он ибрози тааҷҷуб кард, ки дар Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ нафарони арзандае, назири Ҳоҷимуҳаммад Умаров ва Иброҳим Усмонов зиёд буда, аммо рӯшан нест, ба кадом далел номзадии Ойниҳол Бобоназарова пешниҳод шудааст.

"Барномаи Бобоназаровамутафовит аз мост"

Дар ҳамин ҳол ҳарчанд Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунист ва намояндаи порлумони Тоҷикистон аз Ойниҳол Бобоназарова ба унвони “ҳуқуқдони маъруф, фарди ростгӯю ростқавл ва олими саршиноси бахши ҳуқуқ” ёд кард, ӯ гуфт, ки ҳизбаш барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзади худро пешниҳод хоҳад кард.

Ӯ гуфт, Ҳизби кумунист барномаи худро дорад, ки аз барномаҳои аҳзоби халқи демукрот, наҳзати исломӣ ё сусиёл-демукрот "тафовути ҷиддӣ дорад".

Оқои Шабдолов гуфт, бар пояи ин барнома Ҳизби кумунист дар садад аст, дар Анҷумани ҳизб рӯзи 17 сентябри соли ҷорӣ номзади худро ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кунад.

Амир Қароқулов, раҳбари Ҳизби кишоварзӣ ва Фатҳулло Файзуллоев, муъовини раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон низ гуфтанд, ки бо номзадҳои худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар 6 ноябри соли ҷорӣ ширкат хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои мустақил ин аҳзобро "кисагӣ" мехонанд, зеро ба гуфтаи коршиносон онҳо ба манзури намоиши бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон бо пуштибонии давлат таъсис шудаанд.

Раҳбарони онҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006 ширкат карда ва раъйи ночизеро дарёфт карда буданд.

Дар интихобот Эмомалӣ Раҳмонов (Раҳмон) 79,3 дарсад, Олим Бобоев, раҳбари Ҳихзби ислоҳоти иқтисодӣ 6,2 дарсад, Исмоъил Талбаков, муъовини раҳбари Ҳизби кумунист 5,2 дарсад, Амир Қароқулов, раҳбари Ҳизби кишоварзӣ 5,1 дарсад ва Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби сусиёлист 2,8 дарсади ороро касб карда буданд.

Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистонро ғайридемукротик ва ношаффоф арзёбӣ карда, аммо нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Муштаракулманофеъ ин интихоботро демукротик хонда буданд.

Зимнан, дар ҷаласаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) дар рӯзи сешанбеи 10 сентябр, Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси кишвар ба унвони номзад ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон муъаррифӣ шуд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос 65 сол дошта, дар даврони Иттиҳоди Шӯравии пешин раёсати донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Хонуми Бобоназарова аз мубтакирони таъсиси Ҳизби демукроти кишвар дар авоили даҳаи 1990 буда ва пас аз ба қудрат расидани ҳукумати феълӣ дар муддати як моҳ зиндонӣ буд.

Феълан, хонуми Бобоназарова раёсати созмони ғайридавлатии “Перстектива+”-ро ба ӯҳда дошта ва аз фаъъолони дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Матолиби муртабит