Боздошти нимсоъатаи гурӯҳе аз аъзои тими Бобоназарова

  • 26 Сентябр, 2013

Бар асоси иттилоъи масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, кормандони пулиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе раиси бахши ин ҳизб дар ин ноҳияро боздошт кардаанд.

Насим Раҷабов бо гурӯҳе аз ҳамроҳонаш имрӯз барои ҷамъоварии имзо ба тарафдорӣ аз номзади ин ҳизб ба назди сокинони ин ноҳия рафта ва ҳудуди соъати 14:30 ба вақти маҳаллӣ боздошт шудаанд.

Муҳаммадалии Ҳайит, муъовини раҳбари ин ҳизб, рӯзи панҷшанбеи 26 сентябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки масъулони пулиси ин ноҳия раиси бахши ин ҳизбро бо баҳонаи надоштани муҳри воқеъӣ дар баргаҳои ҷамъоварии имзо барои номзад боздошт кардаанд.

Оқои Ҳайит, ки ҳамзамон раиси ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф аст, мегӯяд: "Ба гуфтаи кормандони умури дохилаи ноҳияи Фирдавсӣ, далели боздошти Насим Раҷабов гуё ин буда, ки баргаҳои ҷамъоварии имзо муҳри қалбакӣ доштааст ва онҳо мехостанд ҳувияти афродеро, ки ба тарафдорӣ аз номзад имзо гузоштаанд, мушаххас кунанд."

Дар ҳамин ҳол, Насим Раҷабов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, мегӯяд, ки кормандони пулиси ноҳия баъд аз ҳудуди 30 дақиқаи боздошт ва расидагӣ ба баргаҳо ӯро озод карда ва аз ин кирдори хеш пӯзиш хостаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан намояндагони Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз Иттиҳоди нерӯҳи ислоҳталаби Тоҷикистон, бо пахши баёнияе аз эҷоди мавонеъ дар ҷамъоварии имзо аз сӯйи иддае аз мақомоти маҳаллии навоҳӣ ва шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон шикоят карда буданд.