Пуштибонии ҷунбиши “Ватандор” аз номзадии Бобоназарова

  • 30 Сентябр, 2013
Атовулло
Image caption Додоҷони Атовулло гуфтааст ҷунбиши "Ватандор" дар интихобот аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова пуштибонӣ хоҳад кард

Ҷунбиши “Ватандор”, як ниҳоди мухолифи давлати Тоҷикистон гуфтааст, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷорӣ дар ин кишвар аз Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон пуштибонӣ хоҳад кард.

Додоҷони Атовулло, раҳбари ин ҷунбиш дар ин бора рӯзи душанбеи 30 сентябр, дар шабакаи иҷтимоъии Facebook баёнияе мунташир додааст.

Дар ин баёния омадааст: "Мо, аъзои Раёсати созмон, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар, ки дар марҳилаи мураккаб ва сарнавиштсози Ватан ҳамбозу ҳамроҳи аҳзоби мухолиф, шахсиятҳои мӯътабар ва созмонҳои иҷтимоъии кишвар бошем, ки номзадии Бобоназароваро ба мансаби Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардаанд.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан оқои Атовулло пешниҳод шудани Ойниҳол Бобоназароваро аз ҷониби Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ба унвони номзад, “бозиҳои пасипардагии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” хонда буд ва таъкид кард, ин ниҳод бояд номзадии Раҳматилло Зойировро ба интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷорӣ пешниҳод мекард.

Дар ҳамин ҳол Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯйи ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова ба Би-би-сӣ гуфт, ки масъулони “Гурӯҳи 24” низ аз тариқи тамоси телефунӣ бо хонуми Бобоназарова гуфтаанд, ки аз номзади ӯ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷорӣ пуштибонӣ хоҳанд кард.

Оқои Қаюмзод гуфт, масъулони ин ниҳод аз ҷонибдорони худ даъват кардаанд, то дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова тарафдорӣ кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, Мирҳусейн Назриев, раҳбари ҷиноҳи сабтиномнашудаи Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон низ рӯзи ҷумъаи 27 сентябр бо Ойниҳол Бобоназарова дидор карда ва омодагии худро барои пуштибонӣ аз номзадии ӯ дар интихоботи қарибулвуқӯъ иброз доштааст.

Ӯ ба ин тартиб ба гурӯҳи мубтакирон барои ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова пайвастааст.

Зимнан, Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ дар авохири ҳафтаи гузашта аз мавонеъи маснӯъии ҳукуматҳои маҳаллӣ барои ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадии ӯ шикоят карда буд.

Хонуми Бобоназарова иброз дошт, ба далели чунин мушкилоту мавонеъ гурӯҳҳои мубтакирони ситоди интихоботии ӯ натавонистаанд то ҳол имзоҳои мавриди ниёзи тарафдоронашро ҷамъоварӣ кунанд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, рӯзи 17 сентябри соли ҷорӣ дар Анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони номзади ягонаи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ ба мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

Ҳамакнун дар канори хонуми Бобоназарова Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ, Толиббек Бухориев, аз Ҳизби кишоварзӣ, Олим Бобоев, раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Исмоъил Талбаков, аз Ҳизби кумунист, Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сусиёлист ва Сайидҷаъфар Исмонов, раҳбари Ҳизби демукрот ба ҳайси номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.

Қарор аст, интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли ҷорӣ, дар рӯзи таҷлил аз солгарди тасвиби Қонуни асосии ин кишвар баргузор шавад.

Матолиби муртабит