Муҳоҷирон ва интихобот: Пуламон муҳим асту раъйамон не?

  • 26 Сентябр, 2013
Муҳоҷирони тоҷик дар Маскав
Image caption Муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз пеш ба авзоъи сиёсию иҷтимоъӣ дар кишварашон таваҷҷуҳ мекунанд

Намояндагони бархе аз созмонҳои ғайридавлатӣ дар Русия мегӯянд, ки тайи ҳафтаҳои ахир садҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷик аз маҳрумияти худ аз ҳаққи ҷамъоварии имзо барои ҷонибдорӣ аз номзадҳои мавриди назарашон ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят мекунанд.

Ба гуфтаи масъулони ин созмонҳо, бисёре аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳамчунин аз таъсиси шумори андаке аз марокизи раъйгирӣ дар қаламрави ин кишвар барои муҳоҷирон гилоя мекунанд.

Муҳоҷирон бештар аз он нигаронанд, ки ба сабаби дур будани макони зист ва фаъъолияташон аз марокизи раъйгирӣ онҳо наметавонанд дар рӯзи интихобот дар раъйдиҳӣ ширкат кунанд.

'Аз чашм дуру аз дил берун'

Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳои созмонҳои марбут ба муҳоҷират дар Русия аз 20 то 25 дарсади воҷидини шароити раъй дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар Русия ба сар мебаранд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ), қарор аст барои ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар раъйдиҳӣ дар 89 шаҳру навоҳии Русия 24 маркази раъйдиҳӣ дар рӯзи интихобот фаъъол шавад.

Аммо намояндагони созмонҳои марбут ба муҳоҷирон дар Русия ин шуморро барои таъмини ширкати беш аз як милюну 200 ҳазор нафар аз муҳоҷирони муқими он кишвар дар интихобот кофӣ намедонанд.

Ба ин омор он даста аз тоҷикони Русия, ки шаҳрвандии ду кишварро доранд, шомил намешаванд, аммо ин афрод низ тибқи қонун дар интихобот ширкат хоҳанд кард. Шумори афрод дорои ду табаъият беш аз 150 ҳазор нафар талаққӣ мешавад.

Абдувосит Авезов, раиси як созмони мустақилли марбут ба муҳоҷирон дар Русия, мегӯяд, ки ҳамарӯза шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, машғули кору зиндагӣ ҳастанд, ба назди онҳо меоянд ва аз амалкарди КМИҲ дар қиболи муҳоҷирон шикоят мекунанд.

Оқои Авезов афзуд: "Муҳоҷирон аз он нигаронанд, ки бо вуҷуди он ки фаъъолияти онҳо дар хориҷ барои иқтисоди кишвар судовар аст, аммо масъулони кумисиюн бо иҷоза надодан ба ҷамъоварии имзо дар миёни муҳоҷирон ҳаққи онҳо ба интихоби озодро нақз кардаанд."

Image caption Оқои Авезов гуфт, ки кумисиюн бо иҷоза надодани ҷамъоварии имзо ба муҳоҷирон ҳуқуқи онҳо ба интихоби озодро нақз кардааст

Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар Русия ҳудуди 90 дарсади муҳоҷирон аз Тоҷикистон шаҳри Маскавро макони зисту кори худ интихоб мекунанд ва панҷ дарсад аз онҳо дар Сан-Питерзбург мондагор мешаванд.

Ҳамчунин, бахши аъзаме аз муҳоҷирони корӣ барои ба даст овардани сармояи кофӣ фаъъолият дар манотиқи дуруфтодаи Русия, аз ҷумла бархе аз манотиқи Шарқи Дурро, ихтиёр мекунанд.

Посухи КМИҲ

Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, соли 2012 муҳоҷирони тоҷик беш аз се милёрду 800 милюн дулор сармоя аз Русия ба Тоҷикистон интиқол додаанд, ки ин маблағ 47 дарсади даромади нохолиси миллии ин кишварро ташкил медиҳад.

Ба ақидаи коршиносон, дар сурати набуди саҳми молии муҳоҷирон дар иқтисоди Тоҷикистон ин кишвар бо таҳавулоти ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоъӣ дучор мешавад. Бо ин вуҷуд, то ҳол муҳоҷирон таъсири ҷиддие дар ҳаёти сиёсии ин кишвар надоштаанд.

Дар шароите ки пули интиқолии муҳоҷирон тақрибан ниме аз даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, пас суоли матраҳ ин аст, ки чаро мақомоти зидахл ба таъмини шароити ширкати ин афрод дар интихобот алоқаманд нестанд?

Ба гуфтаи фаъъолони созмонҳои марбут ба муҳофирон дар Русия, бисёре аз муҳоҷирони тоҷик аз он норозианд, ки давлати Тоҷикистон нақши онҳоро дар тавсеъаи ин кишвар нодида мегирад. Тасмими Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон онҳоро ҳайратзада кардааст.

Image caption “Тибқи қонуни интихобот варақаҳои имзоро танҳо руасои ҳукуматҳои маҳаллии навоҳӣ ва шаҳрҳои Тоҷикистон метавонанд таъйид кунанд"

Қаблан масъулони Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) гуфта буданд, ки ҷамъоварӣ ва таъйиди имзоҳои ҷонибдорони номзадҳо дар қаламрави Русия душвор аст ва аз ин рӯ муҳоҷирон танҳо дар раъйдиҳӣ ширкат хоҳанд кард.

Ахиран Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИҲ, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин тасмим ба мушкилоти фаннӣ рабт доштааст: "Тибқи қонуни интихоботи Тоҷикистон варақаҳои имзоро танҳо руасои ҳукуматҳои маҳаллии навоҳӣ ва шаҳрҳои Тоҷикистон метавонанд таъйид кунанд. Ва иҷрои ин кор дар Русия ғайриимкон аст."

Нигаронии давлат

Аммо Абдулло Давлатов, раиси созмони ғайридавлатии мавсум ба "Иттиҳоди тоҷикистониён" дар Русия, мегӯяд, ки ҳалли ин мушкил чандон душвор нест. Ӯ афзуд, ки дар ин замина созмонҳои муҳоҷирон ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар Русия метавонанд ба кумисиюн кумак кунанд.

Вале оқои Давлатов гуфт: "Масъулони КМИҲ зоҳиран аз он бим доранд, ки дар сурати риъояти тамоми қонунҳо ва ҳуқуқи муҳоҷирон дар кишварҳои хориҷӣ ва таъмини ширкати комили онҳо дар интихобот эҳтимол дорад давлати феълӣ қудратро аз даст бидиҳад. Вале бо чунин шевае, ки ҳоло давлат кор мекунад, касби маҳбубияташ дар миёни мардум мушкил аст."

Каримҷон Ёров, раҳбари созмони мавсум ба "Этмос" дар Русия, мегӯяд, ки шуморе аз муҳоҷирони тоҷикистонӣ тайи ду ҳафтаи ахир баъд аз бурдани шикоят ба сафорат ва намояндагиҳои дигари давлати Тоҷикистон дар Русия ва дарёфт накардани посух ба шикоёти худ, ночор шудаанд, ки ба масъулони созмонҳои ғайридавлатии Русия рӯй оваранд.

Image caption Оқои Ёров гуфт, ки муҳоҷирон ночор шудаанд бо шикоёти хеш ба назди масъулони созмонҳои ғайридавлатӣ раванд

Оқои Ёров афзуд: "Ҳарчанд созмонҳои мо марбут ба кишвари Русия аст, вале бештар шаҳрвандони Тоҷикистон бо арзу шикоят назди мо меоянд. Бояд ошкоро гуфт, ки созмонҳои ғайридавлатӣ дар муқоиса бо сафорати Тоҷикистон дар Русия аз нуфузи бештаре бархӯрдоранд."

"Дар ғурбат хаста шудем"

Зайдулло Шарипов як муҳоҷири тоҷик дар Русия аст, ки ҳануз дар 18-солагӣ ба қасди муҳоҷират ба хориҷ тарки ватан карда ва ба вилояти Иркутски Русия ба ҷустуҷӯйи кор рафтааст. Вай мегӯяд, ки аз он замон то ҳол дар муассисот ва корхонаҳои мухталифе ба анҷоми корҳои сиёҳ машғул аст.

Оқои Шарипоф дар мавриди интихобот мегӯяд: "Ростӣ, мо хеле мехоҳем дар интихобот ширкат дошта бошем, то ба наҳве дар зиндагии иҷтимоъӣ ва сиёсӣ дар кишварамон таъсир гузорем. Аксари муҳоҷирон дар ғурбат ба таври мудовим аз ихроҷ шудан, таҳти фишор қарор гиирфтан, пардохт нашудани дастмузд ва аз таҳқиру фақр хаста шудаанд."

Ӯ мегӯяд, ки худаш ҳудуди 20 сол боз дар Русия кор мекунад ва сарнавишти бисёре аз муҳоҷирон шабеҳи тақдири ӯст: "Мо мехоҳем донем, ки кай дар кишвари мо таҳаввулоти воқеъии иқтисодӣ мешавад ва корхонаҳо ва иншоъоти дигаре бо маъоши хуб фаъъол шуда ва ба мо имкони бозгаштан ба ватанро медиҳанд."

Оқои Шарипов мегӯяд, ки зиндагӣ дар ғурбат ва дур аз волидону фарзандону пайвандон ба сахтӣ мегузарад, аммо аксари муҳоҷирон барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон маҷбуранд солҳои тӯлонӣ дар Русия машғули корҳои сиёҳ шаванд.

Ӯ гуфт: "Чунин ба назар менамояд, ки мо барои касе лозим нестем. Бештари муҳоҷирон ба хотири ба даст овардани сармоя барои гузарони рӯзгор дар Русия водор мешаванд, ки ҳар гуна муносиботи ғайриинсонӣ аз сӯйи корфармоёнро таҳаммул кунанд."

Image caption Оқои Давлатов мегӯяд, ки қонунҳои ҷадид дар мавриди буду боши афроди хориҷӣ дар Русия муҳоҷиронро дар вазъияти сахте қарор додааст

Зайдулло мегӯяд, ки вай ва дӯстони ӯ имсол ҳатман барои раъйдиҳӣ ба маркази интихоботӣ хоҳанд рафт, аммо ӯ аз он ки имзои ӯ ба ҷонибдорӣ аз номзадҳоро дар ватанаш нодида гирифтаанд, хеле нороҳат аст.

Бедории сиёсии муҳоҷирон

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносони умури муҳоҷират мегӯянд, ки ахиран муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар муқоиса бо солҳои қаблӣ аз ҷиҳати сиёсӣ бамаротиб бедортар шудаанд.

Агар дар солҳои қаблӣ масъалаи аслии онҳо танҳо пайдо кардани ҷойи кор бо маъоши хуб дар хориҷ аз кишвар будааст, вале ҳоло аксари муҳоҷирон дар мавриди таҳаввулоти ҷиддии иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кишварашон баҳсу гуфтугӯ мекунанд.

Абдулло Давлатов мегӯяд, ки қонунҳои ҷадид дар мавриди буду боши афроди хориҷӣ дар Русия аз муҳоҷирон шадидан тақозои риъояти онҳоро мекунад.

Аммо вай афзуд: "Вуҷуди мавориди зиёди фасоди молӣ дар ин арса имкони қонунӣ кардани фаъъолияти муҳофирони хориҷиро душвор сохтааст. Сол то сол зиндагӣ барои муҳоҷирон дар ҳиҷрат душвор мешавад ва Русия ҳамчунин қонуни худ дар ин арсаро тағйир дода ва муқаррароти ҷадиде барои муҳоҷирон вазъ мекунад."

Оқои Давлатов мегӯяд, ки сабаби аслии бедории сиёсии муҳоҷирон ва ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба масоили иҷтимоъӣ ва сиёсӣ дар кишварҳояшон вуҷуди мушкилоти фаровон дар кишварҳои хориҷӣ аст.

Матолиби муртабит