СММ: Русия аз бузургтарин кишварҳои муҳоҷирнишин
Бино ба омори Созмони Милали Муттаҳид, Русия аз лиҳози ҳузури муҳоҷирон дар ин кишвар дувумин кишвари сермуҳоҷир дар ҷаҳон аст.
Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар ин замина дар мақоми аввал буда ва дар ин кишвар 45,8 милюн муҳоҷир ба сар мебаранд. Теъдоди муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия 11 милюн нафар будааст.
Олмон бо 9,8 милюн муҳоҷир аз кишварҳои Осиё ва Офриқо дар зинаи сеюм қарор доштааст.
Бино ба гузориши СММ, феълан 232 милюн нафар ё ҳудуди сею ним дарсади ҷамъияти ҷаҳон ба унвони муҳоҷир дар кишварҳои дигар кор ва зиндагӣ мекунанд. Ин рақам дар муқоиса ба арқоми авоили қарни 21-и милодӣ 100 милюн нафар бештар будааст.
Зимнан, тибқи иттилоъи Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон аз 650 то 800 ҳазор тан аз атбоъи тоҷик барои дарёфти кор ба кишварҳои хориҷӣ, умдатан ба Русия сафар кардаанд.
Аммо манобеъи ғайрирасмӣ теъдоди муҳоиҷрони кории тоҷик дар кишварҳои Русия ва Қазоқистонро ҳудуди 1,5 милюн нафар гуфтаанд.
