Наҳваи ҷадиди муколимоти муҳоҷирон бо хонавода

Барои аввалин бор теъдоде аз хонаводаҳо дар рустои дурафтодаи Зидеҳ, воқеъ дар 75 килуметрии шаҳри Душанбе бо наздикони худ, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд, сӯҳбати видеюӣ анҷом доданд.
Ойбибии 75-сола, бо писараш Толиб, ки дар шаҳри Иркутски Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дораду дар 5 соли ахир ба Тоҷикистон наомадааст, сӯҳбаткард.
Ин зани куҳансол дар бораи тамоси видеоӣ чизе нашунидааст ва ҳатто тасаввур намекард, ки метавонад писараш ва набераҳояшро ҳам бубинад ва ҳам садояшро бишнавад.
Ҳарчанд ӯ ҳафтае як ва ё ду маротиба аз тариқи телефон бо ӯ сӯҳбат мекарду вале чеҳраашонро намедид.
Бо дидани писар ва набераҳояш ашки чашмони модар равон шуданд ва чанд лаҳзае таҳти таҳсир қарор гирифт ва танҳо ба сурати писар ва набераҳояш менигарист
Писараш Толиб, ки ҳоли модарашро медид, аз зиндагияш барои модар таъриф карда, фарзандонашро ба модараш муаъррифӣ мекард.
Толиб беш аз 10 соласт, ки ҳамроҳи фарзандон ва хонумаш дар шаҳри Иркутски Русия ба сар мебарад ва бори охир соли 2007 ба Тоҷикистон омада буд.
Фарзандони Толиб, ки дар Русия ба дунё омадаанд, бо забони омехтаи тоҷикӣ ва русӣ бо модарбузургашон сӯҳбат карда ва “Салом бибиҷон, у нас всё хорошо” гуфтанд.
Қозибек, муҳоҳири кории дигар аз деҳаи Зидеҳ, ки беш аз панҷ сол дар шаҳри Иркутски Русия кору зиндагӣ карда ва се соли ахири ба Тоҷикистон наомадааст, мегӯяд: “Ман бо наздиконам аз тариқи телефон сӯҳбат мекардам, аммо чеҳраи наздиконамро надида будам. Имрӯз эҳсос кардам, ки гӯё лаҳзае дар ватан назди падар модар ва азизон будам.”
Зимнан, ширкати мухобиротии “Мегофон” дар Тоҳикистон рӯзи шанбе 7-уми сентябр гуфтугӯи видюии сокинони рустои Зидеҳро бо пайвандонашон, ки дар шаҳри Иркутски Русия фаъолият мекунанд, баргузор кард.
Ҳарчанд дастрасӣ ба амвоҷи истондорти 3G аз чанд соле қабл дар Тоҷикистон имконазир аст, аммо ба далели гаронқиммат будани телефонҳои мобайли истондорти 3G мизоҷон тавони харидории ин гуна телефонҳоро надоштанд.
Мубтакирони баргузории ин гуфтугӯи видиюӣ аз ширкати мухобиротии “Мегофон” гуфтанд, имрӯз дар дасти ҳар муштарӣ телефонҳои мобайли мудерн , ки дар баробари сӯҳбати телефонӣ боз имкони пайваст шудан ба Интернет ва истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, назири facebook, Однокласник ва дигарҳоро дорад. Аммо бештари муштариён аз ин имконот истифода мекунанд.
Тибқи иттилоъи идораи муҳоҷирати Тоҷикистон, теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз 650 то 800 ҳазор нафар ҳастанд, аммо манобеъи ғайрирасмӣ ин арқомро ҳудуди ду милюн нафар мегӯянд.
Гуфта мешавад, бештари муҳоҷирони тоҷик авоили фасли баҳор озими Русия шуда ва дар фасли поиз ба ватан бозмегарданд. Аммо бархи дигар шаҳрвандии Русияро дарёфт карда ва бо хонаводаҳои худ барои ҳамешагӣ дар ин кишвар ба сар мебаранд.
Дар ҳамин ҳол, дар зарфи чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистон барои омӯзиши тахассусӣ ва забономӯзии муҳоҷирони корӣ, ки қасди сафар ба Русияро доранд, давраҳои омӯзишӣ баргузор кардааст.
Ду рӯзе қабл, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар маросими ҷашни истиқлоли ин кишвар гуфт, кишвараш омода аст устодони забони русиро аз Русия пазируфта, онҳоро бо манзил таъмин кунад ва ҳуқуқи хубе пардохт кунад.
