Русия арқоми расмии муҳоҷиронро эълом кард
Тибқи гузориши расмии Идораи муҳоҷирати Русия дар охири фасли тобистони соли ҷорӣ дар ҳудуди ин кишвар 5 милюну 165 ҳазор муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сабт шудаанд.
Бештари муҳоҷирони кориро атбоъи Ӯзбакистон ташкил дода ва теъдоди онҳо 2 милюну 734 ҳазор нафар гузориш шудааст.
Аз лиҳози ҳузури муҳоҷирони корӣ дар Русия Тоҷикистон дар зинаи дуюм қарор дошта ва теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар 1 милюну 230 ҳазор нафар ( 1 милюну 52 ҳазор мард ва 177 ҳазор зан) арзёбӣ шудааст.
Теъдоди муҳоҷирони туркман, қирғиз ва қазоқ дар Русия мутаносибан ҳудуди 23 ҳазор, 576 ҳазор ва 602 ҳазор нафарро ташкил додаанд.
Ин гузориш дар фасли тобистон, замони мавсими муҳоҷирати корӣ таҳия шуда ва дар авосити фасли тирамоҳ бахши аъзами муҳоҷирони корӣ ба кишварҳои худ бозмегарданд.
