Як муҳоҷири тоҷик ба тирпарронӣ ба афсари пулис муттаҳам шуд

  • 3 Сентябр, 2013

Ниҳодҳои интизомии Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои тирандозӣ ба сӯйи корманди пулиси ин кишвар муттаҳам ва боздошт кардаанд.

Бар асоси иттилоъи сойти расмии Кумитаи бозрасии Русия, кормандони интизомӣ тибқи моддаи 318 қонуни кайфархости Русия, яъне истифода аз хушунат алаҳйи намояндаи давлат алайҳи ин сокини 20 солаи Тоҷикистон парвандаи чиноӣ боз кардаанд.

Дар хабари ин ниҳод, ки баъд аз зӯҳри рӯзи душанбе 2 сентябр пахш шуд, омадааст, ки кормандони пулиси ноҳияи Южнопорти шаҳри Маскав амалиётеро барои ифшо кардани фарди муттаҳам ба фурӯши махлути сигори маъмнӯъшуда дар он кишвар роҳандозӣ карданд.

Тавре ки пулис мегӯяд, дар ҷараёни ин амалиёт ҳангоми расидагӣ ба мадорики ин шаҳрванди 20 солаи Тоҷикистон ба чеҳраи раиси таҳқиқоти ҷиноии ноҳияи Южнопорт ҳудуди панҷ бор аз таппончаи бодӣ шиллик карда ва пулисро захмӣ кардааст.

Кормандони пулис мегӯянд, ки ҳангоми боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистон аз ӯ беш аз 60 баста маводди мамнӯъшудаи махлути сигорро мусодира карданд.

Тибқи қавонини Русия барои иртикоби чунин ҷиноят маҳкумият ба беш аз панҷ сол зиндонро дар назар гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи мақомоти интизомии Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия дар ҳоли ҳозир беш аз панҷ ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки бештари онҳоро додгоҳҳои он кишвар барои қочоқи маводди мухаддир равонаи зиндонҳо кардааст.