Муҳоҷират: Ба шикори нангини одамон хотима диҳед

  • 13 Август, 2013
Image caption Дар пайи амалиёти густардаи пулис барои бозрасии бозорҳои бузурги Русия ҳафтаи гузашта наздик ба ҳазор табаъаи хориҷӣ аз сӯйи кормандони пулиси Маскав боздошт шуда буданд

Кумитаи “Ҳамкориҳои маданӣ”, як созмони хайрияи Русия бо интишори додхоҳе унвонии ҳукумат ва Додситонии кулли Русия боздоштҳои ҷамъии муҳоҷирони корӣ дар ин кишварро “шикори нангини одамон” унвон кардааст.

Ин созмон дар номааш унвонии мақомоти рус навиштааст, ки пулиси рус муҳоҷиронро бидуни ташхиси аснод, бидуни гуш додан ба тавзеҳоташон, ба “маймунхонаҳояшон” (боздоштгоҳҳо) мебаранд.

Дар ин нома мехонем: “Боздоштшудагонро саднафарӣ ба додгоҳ мебаранд ва додгоҳҳо дар мавориде ҳатто бидуни ташхиси ҳуввияти боздоштшудагон дар муқобили номи онҳо муҳри ихроҷ мезананд ва ба урдугоҳҳое мебаранд, ки рафтани вакилони мудофеъ ба онҷо мамнуъ аст ва ба ин тартиб муҳоҷирон шароити шикоят алайҳи аҳкоми додгоҳро надоранд.”

Ин созмон дар номаи худ меафзояд, ки ҳарчанд баҳонаи роҳандозии амалиёти густардаи зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ низоъ миёни пулис ва туҷҷори доғистонӣ хонда мешавад, “аммо ҳадафи аслӣ ангехтани эҳсосоти миллигароёни Маскав ва суистифода аз ин амр дар интихоботи шаҳрдори Маскав аст.”

Ин созмон дар номаи саргушодаи худ аз мақомоти зирабти Русия тақозо кардааст, ки “ин тарҳи шармовар” бедиранг қатъ гардад, мавориди нақзи ҷамъии ҳуқуқи муҳоҷирон аз ҷумла боздошти ғайриқонунии онҳо таҳқиқ шаванд, берун рафтан ба муҳоҷирон аз урдугоҳҳо дода шуда ва асноди мусодирашудаи онҳо бозгардонида шаванд, дастрасии онҳо ба хадамоти вакилони мудофеъ ва расонаҳо фароҳам шавад, ба муҳоҷирони ветномӣ, ки қурбонии ғуломӣ шуданд, аз будҷети шаҳр ғаромат пардохта шавад.

Дар пайи амалиёти густардаи пулис барои бозрасии бозорҳои бузурги Русия ҳафтаи гузашта наздик ба ҳазор табаъаи хориҷӣ аз сӯйи кормандони пулиси Маскав боздошт шуда буданд.

Бо ин ки атбоъи тоҷик бахши қобили мулоҳизаи муҳоҷирони корӣ дар Русияро ташкил медиҳанд, то ҳол танҳо аз боздошти фақат 10 табаъи тоҷик дар ҷараёни ин амалиёт расман таъйид шудааст. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар гузорише гуфтааст, ки масъулони сафорати Тоҷикистон машғули мушаххас кардани теъдоди боздоштшудагони тоҷик дар миёни муҳоҷирон дар Русия ҳастанд.

Матолиби муртабит