Боздошти беш аз 400 муҳоҷири корӣ дар Перми Русия

Маъмурони вазорати кишвари Русия рӯзи якшанбе, 11-уми август дар чорчӯби амалиёти вижа дар яке аз бозорҳои вилояти Перм беш аз 400 муҳоҷири кориро боздошт кардаанд.
Бахши вазорати кишвари Русия дар вилояти Перм дар иттилоъияе дар ин бора навиштааст: “Рӯзи якшанбе пулис дар ҳудуди бозори “Заостровка”, воқеъ дар ноҳияи Дзержинский 413 табаъаи хориҷиро боздошт ва ба боздоштгоҳҳои муваққатии пулис эъзом карданд.”
Тибқи ин иттилоъ алайҳи афроде, ки ба сурати ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия ба сар мебаранд, 11 прутукули маъмурӣ таҳия шудааст. Мақомоти ҳанӯз эълом накардаанд, ки дар миёни ин афрод атбоъи Тоҷикистон низ ҳастанд ё хайр.
Пештар, пас аз қазияи бозори Матвееви Маскав, Кумитаи таҳқиқотии Русия хабар дода буд, ки дар ҳамаи бузурги кишвар амалиёти вижаи бозрасӣ баргузор хоҳад шуд.
Дар пайи амалиёти густардаи пулис барои бозрасии бозоҳои бузурги Русия ҳафтаи гузашта наздик ба ҳазор табаъаи хориҷӣ аз сӯйи кормандони пулиси Маскав боздошт шуда буданд.
Пулис бисёреро раҳо кард ва 585 нафар аз онҳо, ки атбоъи Виетном, Миср, Марокаш, Сурия, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Узбакистон будаанд, то кунун дар чодаршаҳре дар Голяново мунтазири сарнавишти худ ҳастанд. Гуфта мешавад дар миёни онҳо 10 табаъаи тоҷик ҳам ҳастанд, ки қарор аст базудӣ ба Тоҷикистон мустарад шаванд.
Аммо Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқдони саршинос ва раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон пас аз интишори ин хабар, дар баёнияе аз таъсиси чодаршаҳрҳо ва урдӯгоҳҳо барои муҳоҷирони боздоштшуда дар Русия интиқод карда ва ин иқдомро ғайриқонунӣ хонд.
Дар ҳоле ки ба навиштаи расонаҳои Русия, мақомоти рус ба дунболи эҷоди урдӯгоҳҳо ва чодаршаҳрҳои бештаре барои нигаҳдории муҳоҷирон ҳастанд, оқои Зойиров ин тадобирро муғойир бо қавонини ҳуқуқи башар, қонунҳои асосии Русия ва Тоҷикистон хондааст.
Ӯ дар баёнияи худ, ки рӯзи шанбеи 10 август интишор дод, навиштааст: "Аз ҳамаи афроди зидахл, ки дар мавриди ин масоил тасмим мегиранд, тақозо мекунам, ки ба Қонуни асосӣ ва қавонини дигари кишвари худ, ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ба таъаҳҳудоти давлаташон ба ҷомеъаи байналмилалӣ дар ин замина эҳтиром гузоранд."
