Давлат 25 ҳазор сомонӣ ба ҳар номзад медиҳад: оё ин маблағ кофист?

Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) мегӯяд, ки давлат барои корзори таблиғотии ҳар яке аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ маблағи 25 ҳазор сомонӣ ё беш аз панҷ ҳазор дулор ихтисос хоҳад дод.
Ин кумисиюн рӯзи шанбеи 28 сентябр бо пахши иттилоъияе ҳамчунин эълом кард, ки аҳзобу созмонҳо ва гурӯҳҳое, ки номзад пешниҳод мекунанд, метавонанд то 200 ҳазор сомонӣ (беш аз 40 ҳазор дулор) барои анҷоми корзори таблиғотии номзадҳояшон харҷ кунанд.
Ба гуфтаи манобеъи КМИҲ, ин тасмим дар чорчӯби қонун дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷаласаи аъзои кумисиюн, ки рӯзи 4 сентябр барпо шуда буд, гирифта шудааст.
Бар асоси қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ҳазинаи ин интихобот аз будҷеи давлат фароҳам мешавад. Таъмини васоили моддию фаннии ҳамаи кумисиюнҳои ҳавзаӣ ва марокизи раъйгирӣ дар саросари Тоҷикистон низ аз будҷеи давлат сурат мегирад.
Дар иттилоъияи КМИҲ омадааст: "Ҳамчунин чопи плакатҳо (пустерҳои тиблиғотӣ) бо барномаи пешазинтихоботӣ, тарҷумаи ҳол ва расми номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи номзадҳои сабтшуда аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад."
Ин дар ҳолест, ки бисёре аз коршиносон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ ин маблағро барои анҷоми корзори интихоботии номзадҳо дар шароити Тоҷикистон нокофӣ медонанд.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муъовини аввали раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, мегӯяд, ки сафарҳои таблиғотии номзадҳо ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон, таъсиси ситодҳои интихоботӣ дар шаҳру навоҳӣ ва таъмини молии фаъъолияти ин ситодҳо харҷи зиёдеро талаб мекунад.
Оқои Ҳакимов афзуд: "Гузашта аз ин, нархи пустерҳои таблиғотӣ ё огаҳиҳои родиюӣ ва телевизиюнӣ дар Тоҷикистон хеле зиёд аст. Таблиғот дар расонаҳои хориҷӣ, бавижа телевизиюнҳои Русия, ки мардуми зиёде аз Тоҷикистон онҳоро тамошо мекунанд, низ хеле гарон меуфтад, зеро нақши телевизиюнҳои Русия дар таблиғот нисбат ба расонаҳои маҳаллӣ муассиртар аст."
Ба гуфтаи оқои Ҳакимов, номзадҳои пешниҳодӣ, ба истиснои номзади ҳизби ҳоким, дар гузашта аз васоили иттилоърасонии давлатӣ аслан истифода накардаанд ва дар тӯли 20 рӯзи муборизот ташаккули афкори мусбат дар бораи номзадҳо бидуни маблағи кофӣ душвор аст.
Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди бисёре аз мухолифон, тамоми расонаҳои давлатӣ барои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва номзади эҳтимолии ҳизби ҳокими халқи демукрот, ба унвони дастгоҳи таблиғотии муассире дар тамоми давру замон хидмат мекунанд.
Оқои Ҳакимов бо ишора ба таҷрубаи худ дар гузашта мегӯяд: "Ширкати ман дар интихоботи порлумонии гузашта нишон дод, ки танҳо дар ҳудуди як ҳавза вобаста ба шахсияти рақибон то 7-8 ҳазор дулор сарф мешавад. Аммо қаламрави Тоҷикистон аз ҳудуди як ҳавза бамаротиб фарохтар ва шумори интихобкунандагон низ бағоят бештар аз як ҳавза аст."
Қаблан Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ эълом карда буд, ки барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ маблағи 10 милюн сомониро дар назар гирифтааст.
Шермуҳамади Шоҳиён, раиси ин кумисиюн, авоили моҳи гузашта эълом карда буд, ки ба далели мушкилоти молӣ ва ҳозир нашудани созмонҳои байналмилалӣ ба мусоъидат дар ин замина, КМИҲ аз таҳияи феҳристи воҳиди электруники интихобкунандагон, ки "маблағи хеле зиёде талаб мекунад" худдорӣ кардааст.
Аммо мунтақидон гуфтанд, ки сабаби ин тасмим надоштани иродаи сиёсӣ аз сӯйи давлати Тоҷикистон барои баргузории интихоботи шаффоф ва демукротик аст, зеро феҳристи воҳиди электруники интихобкунандагон имкони тақаллуб дар интихоботро ҷиддан коҳиш медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ дар иттилоъияи худ таъкид карда, ки дарёфти ҳама гуна кумакҳои молии хориҷӣ аз ашхоси ҳуқуқию ҳақиқӣ барои анҷоми тадобири интихоботӣ аз сӯйи номзадҳо бар асоси қонуни Тоҷикистон мамнӯъ аст.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, мақомоти Тоҷикистон аз эҳтимоли ҳимояти молии созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ, ва ҳамчунин афроди ҷудогона, аз номзади мухолифин дар интихобот башиддат нигаронанд.
Манобеъи КМИҲ ҳамчунин мегӯянд, ки сармояи ҷудошуда барои номзадҳо танҳо пас аз таъйиди салоҳият ва сабти расмии онҳо аз сӯйи КМИҲ сурат мегирад. Интизор меравад сабти номи номзадҳо ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон то 10 октябр ба поён бирасад.
Дар ҳоли ҳозир аъзои тимҳои таблиғотии номзадҳо ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон машғули ҷамъоварии имзоҳои тарафдорони худ ё панҷ дарсад аз ҳамаи раъйдиҳандагон ҳастанд.
Тайи рӯзҳои ахир аъзои тими Ойниҳол Бобоназарова, номзади эътилофе аз аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф, аз мавориди густардаи фишор аз сӯйи маъмурони давлатӣ хабар додаанд, аммо то кунун ҳеч касе барои нақзи қонуни интихобот танбеҳ ё муҷозот нашудааст.
Қарор аст дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр дар Тоҷикистон беш аз чаҳор милюн нафар ба пойи сандуқҳои раъй бираванд. Ба гуфтаи манобеъи мухталиф, тақрибан як севуми раъйдиҳандагон дар муҳоҷирати корӣ дар кишварҳои хориҷӣ, бавижа Русия, ба сар мебаранд.
