Исмоъил Талбаков номзади кумунистҳо дар интихоботи президентӣ шуд

  • 23 Сентябр, 2013
Анҷумани кумунистҳо
Image caption 66 аз 88 ширкаткунандаи даъватшуда ба ин анҷуман ба ҷонибдорӣ аз Исмоъил Талбаков ба унвони номзад раъй доданд

Аъзои Ҳизби кумунисти Тоҷикистон дар анҷумаи ин ҳизб бо аксарияти оро Исмоъил Талбаковро ба номзадӣ ба интихоботи раёсти ҷумҳурӣ дар ин кишвар пешниҳод кардаанд.

Дар анҷумани ин ҳизб, ки рӯзи душанбеи 23 сентябр дар шаҳри Душанбе доир шуд, 66 нафар аз 88 ширкаткунандаи даъватшуда ба ҷонибдорӣ аз ин номзад раъй додаанд.

Исмоъил Талбаков, солҳои тӯлонӣ муъовинати раҳбари ин ҳизбро бар ӯҳда дошта, коршиносон ӯро яке аз кумунистҳои сарсахт дар кишвар мехонанд ва ӯ чанд соли ахир котиби кумитаи марказии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон мебошад.

Ин барои бори дуввум аст, ки оқои Талбаков ба номзадӣ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ширкат мекунад. Дар соли 2006 ӯ яке аз панҷ кондидои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ буд ва натиҷагирӣ аз раъйдиҳӣ ҳокист, ки оқои Талбаков ҳудуди 5 дарсади ороро он замон ба худ ихтисос дода буд.

Дар ин ҳамоиш дар канори кумунистҳои собиқадор, кумунистони ҷавон низ ширкат мекарданд.

Исмоъил Талбаков, шашумин номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябри соли ҷорӣ аст, ки дар як ҳафтаи ахир дар ин кишвар ӯро намояндагони ҳизб пешниҳод мекунанд.

Қаблан аъзои аҳзоби дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олим Бобоев, раҳбари ин ҳизбро, ҳизби сусиёлист низ раҳбари худ Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби кишоварзӣ - Толиб Бухориев, муъовини раиси Фарҳангистони улуми кишоварзӣ ва ҳизби демукроти кишвар - Саъидҷаъфар Исмоновро ба ҳайси номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда буданд.

Ҳамчунин Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон - Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиносро ба унвони номзади ягона аз ин иттиҳод ба номзадӣ дар интихобот пешбарӣ карданд.

Рӯзи шанбеи гузашта дар Анҷумани Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод шуд.

Ҳизби меъросхӯри Шӯравӣ

Ҳизби кумунисти Тоҷикистон вориси Ҳизби кумунисти Иттиҳоди Шӯравии пешин аст. Ба гуфтаи масъулон расман ин ҳизб беш аз 42 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 30 дарсади онро ҷавонон ташкил медиҳад.

Ҳамчунин раҳбарони ин ҳизб мегӯянд, ки кумунистҳо аз ҳизбҳои “пуртарафдор” дар Тоҷикистон буда ва садҳо ҳазор нафар аз сокинони ин кишвар аз ин ҳизб ҷонибдорӣ мекунанд.

Аз сӯйи дигар Шодӣ Шабдолов, раиси ин ҳизб мегӯяд, ки дар панҷ соли ахиран суфуфи аъзои ин ҳизб аз ҳисоби ҷавонон афзоиши чашмгире карда ва ӯ меафзояд, ки ҳизбаш дар миёни ҷавонон аз маҳбубияти хосе бархӯрдор аст.

Image caption Дар ин ҳамоиш дар канори кумунистҳои собиқадор, кумунистони ҷавон низ ширкат мекарданд

Аммо коршиносон мегӯянд, мушкилоти иқтисодӣ ва нобоварӣ ба фардо дар миёни бархе аз сокинон дилтангӣ (ностальгия) барои даврони шӯравиро бедор карда ва онҳо дар симои ин ҳизб, ки шиъораш баробарӣ ва бунёди ҷомеъаи сусиёлистӣ аст, бурунрафт аз душвориҳои иқтисодиро мебинанд.

Ба дунболи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 Ҳизби кумунисти Тоҷикистон ҳам монанди ҳамтоёнаш дар дигар ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин маҷбур ба таҷдиди созмонӣ шуд. Дар Тоҷикистон ин ҳизб расман дар баҳори соли 1992 дар Вазорати адлия сабти ном шудааст.

Даъвои Ҳизби кумунисти Тоҷикистон ба монанди ҳизбҳои кумунист дар соири кишварҳои Иттҳоди Шӯравии собиқ бар сари дороиҳои собиқаш ба ҷое нарасид. Зеро дороиҳои ин ҳизб ба унвони дороиҳои кишвар тавассути давлатҳои ҷадид мусодира шуд.

Ҳамакнун бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки ҳизби кумунист аз лиҳози пойгоҳи иҷтимоъияш баъд аз ҳизби ҳокими халқӣ-демукрот ва ҳизби наҳзати исломӣ севумин ҳизби қавӣ дар Тоҷикистон аст ва чиҳилу ду ҳазор нафар дар ин кишвар узви он ҳастанд.

Нашрияи Ҳизби кумунисти Тоҷикистон “Ранҷбар” ном дошта ва ҳафтае як бор ва гоҳо дар чанд ҳафта як бор мунташир мешавад.

Раҳбарии ин ҳизбро Шодӣ Шабдолов бар ӯҳда дорад. Масъулони ин ҳизб худро ҷузъи мухолифони давлати кунунии Тоҷикистон медонанд. Дар порлумони феълӣ ду нафар аз аъзои ҳизби кумунист узвият доранд.

Фароҳам кардани шароити хуби зиндагии иҷтимоъӣ барои аксари сокинон бар асоси мароми “баробарӣ, озодӣ, меҳанпарастӣ ва системи иқтисодии муштараки ҷомеъа” аз аҳдофи дигари ин ҳизб аст.

Матолиби муртабит