Зоиров: Тамаркузамон пуштибонӣ аз номзади ягона бошад

  • 12 Сентябр, 2013
Зоиров
Image caption Зоиров: 'Тамаркузамон ба пуштибонӣ аз номзади ягонаи мо барои симмати президентӣ бошад, ки нахустин зани тоҷикест, ки барои ин симмат рақобат хоҳад кард'

Раҳбари сусиол-демукротҳои Тоҷикистон, ки ҳизби онҳо яке аз бахшҳои умдаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи ин кишвар (ИНИТ) ҳастанд, аз сокинони кишвар дархост кард, дар атрофи номзади ягонаи ин ташаккул сарҷамъ шаванд.

Раҳматилло Зоиров ба ин манзур баёнияе дар сафҳаи расмии ҳизби сусиол-демукротики Тоҷикистон ва сафҳаи Фейсбуки худ интишор дод.

Ӯ дар ин баёния хитоб ба сокинони кишвар ва тарафдорони ҳизби худ навиштааст, ки бояд дар пешорӯи интихоботи ноябри соли ҷорӣ ҷиддияти масъулияти худро дарк кунанд ва ҳама гуна кинаву адоват ва шикоятҳои ночизро канор гузоранд ва аз номзади ягонаи ИНИТ пуштибонӣ кунанд.

Дар ин баёния мехонем: "Биёед шароит ва имконоти тарафдорон ва мухолифонро муқоиса накунем, балки тамаркузамон ба пуштибонӣ аз номзади ягонаи мо барои симмати президентӣ бошад, ки нахустин зани тоҷикест, ки барои ин симмат рақобат хоҳад кард."

Оқои Зоиров таъкид карда, ки талошҳо барои таҷдиди назар ва шикоёту дархостҳо дар заминаи ин номзад дар остонаи анҷуманҳои сусиол-демукротҳо ва наҳзатиҳо "зарфияти муштараки натанҳо ИНИТ, балки тамоми ҷомеъаи мадании Тоҷикистонро поён хоҳад бурд".

Ӯ интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қарор аст рӯзи 6-уми ноябр баргузор шавад, "рӯзи бениҳоят муҳим ва тақдирсоз дар таърихи муъосири кишвар" хонд.

Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) рӯзи 10-уми сентябр Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси кишварро ба унвони номзад ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузиданд.

Номзадии хонуми Бобоназарова пас аз баррасӣ ва тасвиб дар анҷуманҳои аҳзоби узви ин ташаккули тозаи сиёсӣ расман ба Кумисиюни марказии интихоботи Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос ва раиси пешини донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз мубтакирони таъсиси Ҳизби демукроти кишвар дар авоили даҳаи 1990 буда ва пас аз ба қудрат расидани ҳукумати феълӣ дар муддати як моҳ зиндонӣ буд.

Ӯ феълан раёсати созмони ғайридавлатии "Перстектива+"-ро ба ӯҳда дошта ва аз фаъъолони дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Интизор меравад номзадҳои дигаре ҳам дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарор аст 6 ноябр баргузор шавад, ширкат кунанд.

Нозирон мегӯянд ин номзадҳо бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки собиқаи бистсолаи раҳбарӣ бар умури кишварро дорад ва аз номзадҳои аслӣ дониста мешавад, рақобат хоҳанд кард.

Матолиби муртабит