Раҳмон: 'Интихоботро ба майдони моҷароҷӯӣ табдил надиҳед'

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронӣ ба муносибати 22-юмин солгарди истиқлоли ин кишвар аз Шӯравӣ, аз номзадҳои эҳтимолии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ хост, ки интихоботро ба "майдони моҷароҷӯӣ ва ҳангоматалабӣ" табдил надиҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон, ки тайи 21 соли гузашта зимоми қудратро дар даст дошта ва имкон дорад дар интихоботи қарибулвуқӯъ ҳам номзад шавад, ибрози боварӣ кард, ки ин интихобот "чун имтиҳони ҷиддии демократияи ҷавони Тоҷикистон" шаффофу озодона баргузор хоҳад шуд.
Оқои Раҳмон хитоб ба номзадҳои эҳтимолӣ барои интихоботи 6 ноябр гуфт: "Ман аз онҳое, ки мехоҳанд номзадии худро ба ин чорабинии муҳим пешниҳод намоянд, хоҳиш дорам, ки ба ин маърака бо маданияти баланди сиёсӣ ва масъулияти комили ватандорӣ муносибат намоянд."
"Интихоботи мо набояд ба майдони моҷароҷӯиву ҳангоматалабӣ, балки ба минбари муъаррифии барномаҳои комил, андешаҳои созанда ва имконоти зеҳнии арзишманд табдил ёбад, ки мардум тавонанд ҳуқуқи конститутсиониашонро озодона ва бо майлу иродаи худ амалӣ намоянд."
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки интихобот бояд дар чорчӯби қонун баргузор шавад, то мардум имкони мушорикат ва интихоби номзади арзандаро дошта бошанд. Вай гуфт, ки "ҷонибдори самимии" демукросӣ аст ва ба интихобот бояд ба унвони "як падидаи демукротик" нигоҳ кард.
Оқои Раҳмон афзуд: "Дар даврони истиқлол мо тамоми чораҳоро андешидем, ки ҷомеаи кишварамон фарҳанги интихобот ва интихоби огоҳонаро зина ба зина аз худ намояд. Бовар дорам, ки интихоботи навбатии президентӣ низ нишондиҳандаи фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандӣ ва интихоби огоҳонаи мардуми Тоҷикистон хоҳад гардид."
Ӯ, ки тайи солҳои ахир ба хотири норомиҳо дар минтақаи Рашт ва Бадахшон ҳадафи интиқодҳои мукаррари мухолифонаш қарор гирифта, ибрози умедворӣ кард, ки интихоботи оянда "ба сарҷамъии миллат" ва "таҳкими ваҳдати миллӣ" мусоъидат хоҳад кард.
Ин нахустин суханони оқои Раҳмон дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябр аз замони эъломи рӯзи интихобот аст. Ҳарчанд ӯ дар бораи эҳтимоли номзадии худ то кунун ҳарфе ба лаб наёварда, аммо дар мушорикати муҷаддади ӯ дар интихобот касе шак надорад.
Таҳилгарон мегӯянд бар хилофи интихоботи соли 2006 оқои Раҳмон тайи солҳои ахир ба хотири фақру фасоди густарда ва ноамниҳо дар шарқи Тоҷикистон маҳбубияти худро то ҳадде аз даст дода ва аз ҳимояти қудратҳои хориҷӣ, бавижа Русия, ба андозаи қаблӣ бархурдор нест.
Дар суханронии худ барои рӯзи Истиқлол худи оқои Раҳмон изъон кард, ки "мушкилоти зиёде" дар кишвар вуҷуд дорад: "Мо хуб медонем, ки дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоту масъалаҳои зиёд дорем, вале халқи азизи Тоҷикистон бовар дошта бошад, ки мо барои ҳалли масоилу мушкилоти мавҷуда нақшаву барномаҳои неку созандаро тарҳрезӣ кардаем ва барои иҷрои онҳо захираву имкониятҳои кофӣ ва муҳиммтар аз ҳама, азму иродаи қавӣ дорем."
Раисҷумҳури Тоҷикистон ин суханонро ба лаҳне гуфт, ки маълум буд интихобкунандагонро мухотаб қарор додааст. Вай ҳамчунин ваъда кард, ки дар солҳои наздик давлат барои ҳар фарди кишвар "зиндагии шоиста, рӯзгори обод ва ҷомеъаи хушбахтро" эъмор хоҳад кард.
Оқои Раҳмон гуфт: "Мо ба ҷаҳониён собит хоҳем кард, ки миллати воқеъан мутамаддину заҳматкаш, ободгару созанда ва сулҳхоҳу ваҳдатгаро ҳастем. Ман ба ин итминони комил дорам ва мову шумо дар ояндаи наздик, албатта, ба орзуямон хоҳем расид. Зеро мо халқи сарбаланду заҳматкаш ва матиниродаву ватандӯст дорем."
Мунтақидон мегӯянд бори аввал нест, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум ваъдаи зиндагии шоиста медиҳад. Моҳи сентябри соли 2008 ӯ ваъда кард, ки дар муддати се сол истиқлоли энержии Тоҷикистон таъмин хоҳад шуд, аммо бо гузашти панҷ сол аз он айём бахши аъзаме аз мардум дар манотиқи рустоӣ дар фасли зимистон аз бебарқӣ азият мекашанд.
