Дархости КМИҲ аз расонаҳо барои нашри 'иттилоъоти саҳеҳ'

Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) аз расонаҳо ва хабарнигорон даъват кард, ки дар баргузории интихоботи озод, шаффоф ва демукротики раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар саҳми фаъъол гузоранд.
Шермаҳмади Шоҳиён, раиси КМИҲ, ки рӯзи ҷумъаи 6 сентябр дар як ҳамоиш бо масъулони расонаҳо ва нашрияҳои Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт: "Дар сурати зери назари расонаҳо гузаштани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ин интихобот озоду шаффоф баргузор хоҳад шуд. Зеро мардум ба ҳарфи матбӯъот ва расонаҳо бовар доранд."
Аз ин лиҳоз, оқои Шоҳиён аз нашрияҳо ва хабарнигрон даъват кард, ки ба ҳангоми таҳияи матлаб аз истифода аз иттилоъоти нодуруст ва санҷиданашуда худдорӣ кунанд.
Ӯ ба унвони мисол аз пахши матлабе дар бораи фаъъолияти КМИҲ ёдовар шуд, ки ду рӯз қабл дар бархе аз сойтҳои хабарӣ мунташир шуда ва аз дастури КМИҲ ба ҳукуматҳои маҳаллӣ дар бораи тақозо аз аҳзоби сиёсӣ барои пешниҳоди феҳристи аъзояшон ба кумисиюни ҳавзаӣ хабар дода буданд.
Дар ин матлаб суханони Хайриддин Шомирзоев, раиси Дастгоҳи ҳукумати шаҳри Нораки вилояти Хатлон дар ин бора оварда шудааст.
Мақомоти КМИҲ гуфтанд, ки дар Қонуни "Интихоботи президент" ташкили ҳавзаҳо ва марокизи раъйгирӣ аз ҷумлаи аъзои аҳзоби сиёсӣ пешбинӣ нашуда ва аз ин лиҳоз, ин ниҳод ҳаққи додани дастур дар ин заминаро надорад.
Аз сӯйи дигар, Абдуманнон Додоев, раиси Дастгоҳи КМИҲ, хабарҳои расонаҳои мустақил мабнӣ бар камбуди вуҷӯҳи молӣ дар раванди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва пешниҳоди харидории худкор (ручка) барои КМИҲ-ро рад кард.
Оқои Додоев гуфт: "Мо ручкаи (қалами) кофӣ дар ихтиёр дорем ва 100 ҳазор ручкаи ваъдагӣ ниёз надорем. Зеро медонем, ки дар ин интихобот бюлетенҳо (баргаҳои раъй) бо қалам не, балки бо ручка пур карда мешаванд."
Зимнан, тибқи иттилоъи масъулони КМИҲ, ин кумисиюн маблағи беш аз 10 милюн сомонӣ барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар назар гирифтааст, ки ин маблағ нисбат ба ҳазинаи интихоботи соли 2006 бамаротиб бештар будааст.
Акбаралӣ Саттор, раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон, дар мавриди ҳуқуқ ва масъулияти хабарнигорон ва расонаҳои хабарӣ ба ҳангоми пӯшиши корзори интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳарф зада ва гуфт, ки хабарнигорон метавонанд дар ҳавзаҳо ва марокизи райгирӣ ҳузур дошта, бо номзадҳою намояндагони аҳзоби сиёсӣ суҳбат кунанд, вале ҳаққи таблиғ ба тарафдорӣ аз номзадҳо ва мудохила дар умури кумисиюнҳои интихоботиро надоранд.
Ҳамзамон, оқои Саттор пешниҳоди таъсиси Ситоди дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро рад карда ва таъкид кард, ки дар қавонини Тоҷикистон таъмини ҳуқуқу озодиҳои расонаҳо ва хабарнигорон тазмин шуда ва аз ин лиҳоз, ба таъсиси ниҳоди дигаре ниёз нест.
Дар ҳамин ҳол, Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои Расонаҳо, пешниҳод кард, ки ба манзури дарёфти иттилоъоти сареъ ва шарҳу тавзеҳи корзори интихоботӣ Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ ҳафтае як маротиба барои хабарнигорон нишасти матбӯъотӣ баргузор кунад.
Ин пешниҳод аз ҷониби мақомоти КМИҲ пазируфта шуд ва онҳо гуфтанд, ки дар назар аст дар моҳи ҷорӣ мулоқоти масъулони ҳавзаҳои интихоботии шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва Хуҷанд бо хабарнигорон баргузор шавад.
Зимнан, Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон "Дастурамал оид ба иштироки намояндагони расонаҳо дар интихоботи президентӣ"-ро бо се забони форсӣ (тоҷикӣ), русӣ ва инглисӣ мунташир кардааст, ки дар ин санад ҳуқуқ ва масъулияти хабарнигорон дар раванди ин интихобот дар чорчӯби қавонини ин кишвар мушаххас шудааст.
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон қарор аст 6 ноябр баргузор шавад. КМИҲ тасмим гирифтааст, ки барои баргузории интихобот 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3180 маркази раъйгирӣ (участка) ташкил диҳад.
Ҳашт ҳизби сиёсии расман сабтшуда дар Тоҷикистон, Созмони ҷавонон, Федеросиюни иттиҳодияҳои синфӣ ва маҷолиси маҳаллӣ дар се вилоят ва навоҳии марказии Тоҷикистон аз ҳаққи пешниҳоди номзад бархурдоранд.
Бар асоси тасмими Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ, номзадҳои раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябр то 7 октябр пешниҳод ва таъйид ё радди салоҳият мешаванд. Натоиҷи аввалияи интихобот як рӯз баъд аз баргузории он, 7 ноябр, эълом мешавад.
