Масоили амниятӣ дар меҳвари гуфтугӯҳо

  • 28 Август, 2013

Дар дидори Президент Раҳмон бо Николай Бордюжа, Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) дурнамои вазъи амниятӣ дар минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон баррасӣ шудааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор, ки шоми сешанбеи 27 август дар Кохи Миллат дар Душанбе баргузор шуд, таваҷҷӯҳи умда ба мавзӯъи таҳкими амнияту субот дар Осиёи Марказӣ баъд аз соли 2014 мутамаркиз шудааст.

Ин манбаъ гуфт, дар назар аст, дар канори масоили мухталифи амниятӣ дурнамои амнияти минтақа дар ҷаласаи Шӯрои СПАД дар шаҳри Маскав дар моҳи оянда матраҳ шавад.

Зимнан, ду рӯзе қабл, Николай Бордюжа дар шаҳри Душанбе бо масъулони артиш ва нерӯҳои марзбони Тоҷикистон дидор карда ва масоили марбут ба боло бурдани сатҳи омодагии ҷангии Артиши Тоҷикистон, таҳкими марзи ин кишвар бо Афғонистон ва ташдиди муборизаи муштарак алайҳи террурисм ва бунёдгаройиро баррасӣ кард.

Зимнан, 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон Паймони амнияти дастҷамъиро имзо карда ва дар 14 майи соли 2002 ин ниҳод ба Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ мубаддал шуд.

28 июни соли гузашта Ӯзбакистон аз суфуфи СПАД хориҷ шуд.