Раҳмон хостори таблиғи арзишҳои давлатдории миллӣ шуд

  • 28 Август, 2013
Раҳмон
Image caption Эмомалӣ Раҳмон хостори тарғиби арзишҳои давлатдории миллӣ шуд

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни додани дастур барои "истиқболи сазовор аз солгарди навбатии истиқлоли кишвар ва Рӯзи дониш" хостори ташвиқу тарғиби арзишҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳои даврони истиқлол ва тарбияти мардум, бахусус ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ шудааст.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳайъати давлати Тоҷикистон дар рӯзи чаҳоршанбеи 28 август аз масъулони ниҳодҳои давлатӣ тақозо кардааст, ки барои омодагӣ ба фасли зимистон, аз ҷумла ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, омодасозии шабакаҳои барқу гармӣ ва ҳамлу нақл тадобири зарурӣ андешанд.

Аммо ба назар мерасад, ки дар ин ҷаласа Президент Раҳмон дар мавриди тадобири муҳимми сиёсӣ, бахусус интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар назар аст моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор шавад, суҳбат накардааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбӯъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳайъати давлати ин кишвар пешнависи ислоҳот дар қавонини "Роҳҳои мошингард ва фаъъолияти роҳдорӣ", "Нақлиёт", "Ҳифзи саломатии аҳолӣ" ва кодекҳои молиёту гумрук баррасӣ ва нақшаи умумии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таъйид шудааст.

Ду рӯз қабл дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон низ мавзӯъи омодагӣ ба фаслҳои пойизу зимистони оянда дар канори масъалаи таҳкими амният дар Тоҷикистон дар иртибот ба хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон дар соли оянда матраҳ шуда буд.

Тибқи гузориши сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент Раҳмон ба таъмини ангишт ё зуғол, гози моеъ ва маводди ғизоӣ дар фасли сармо барои сокинони кишвар, бахусус сокинони вилояти Бадахшон ва манотиқи кӯҳистонӣ, таъкид кардааст.

Дар ин ҷаласа раҳбарони ниҳодҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар бораи вазъи амниятӣ дар кишвар гузориш додаанд.

Таваҷҷуҳи бештар ба омодагии ҷангии артиш, таҳкими марз бо Афғонистон ва мубориза алайҳи терурисм, бунёдгаройӣ ва ҷароими созмонёфтаи фаромиллӣ тамаркуз шудааст.

Дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон мақомоти ин кишвар бештар атрофи таҳкими суботу амният ва тақвияти нерӯҳои интизомию амниятӣ суҳбат мекунанд.

Дар назар аст, дар рӯзи 30 августи соли ҷорӣ иҷлоси муштараки маҷолиси улё ва суфлои порлумони Тоҷикистон таърихи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишварро эълом кунад.