Ҳушдори Раҳматилло Зойиров аз имкони таҳрими интихобот

  • 9 Сентябр, 2013
Image caption Оқои Зойиров раиси ҷумҳури феълии Тоҷикистонро ба унвони кафили Қонуни асосӣ мутаҳҳам кардааст, ки вай аз ҳуқуқи атбои кишвараш пуштибонӣ намекунад

Раҳматилло Зойиров ҳушдор додааст, ки ҷонибдоронашро ба таҳрими интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон даъват хоҳад кард.

Ба эътиқоди раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон изҳороти ахири раиси Кумиссиюни интихоботи кишвар дар мавриди манъи ҷамъоварии имзои муҳоҷирони корӣ дар хориҷ аз кишвар муғойир ба Қонуни асосии Тоҷикистон аст.

Оқои Зойиров ҳамчунин раиси ҷумҳури феълии Тоҷикистонро ба унвони кафили Қонуни асосӣ мутаҳҳам кардааст, ки вай аз ҳуқуқи атбои кишвараш пуштибонӣ намекунад.

Раҳбари сусиёл-демукротҳои тоҷик бар ин назар аст, ки ҳоло ҳудуди 1,5 милюн шаҳрвандони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ба кор машғуланд ва маболиғе, ки онҳо ба ватан мефиристанд, омили аслии субот дар Тоҷикистон аст, вагарна “ин ҳукумат борҳо муфлис мешуд”.

Раҳматилло Зойиров худ ахиран аз бархе аз манотиқи Русия дидан карда бо гурӯҳҳои муҳоҷирони тоҷик мулоқот карда буд. Ҳамакнун вай иддаъо дорад, ки куллияи ин муҳоҷирон шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд ва иддаъои раиси Кумиссиюни интихоботи кишвар дар бораи манъи ҷамъоварии имзои ин афрод барои пуштибонӣ аз номзади интихоботӣ нақзи Қонуни асосии кишвар аст.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумиссиюни интихоботи Тоҷикистон ахиран изҳор дошт, ки тибқи муқаррароти қавонини кишвар феҳристи имзоҳои ҷамъшуда бояд аз сӯйи руасои шаҳру навоҳӣ таъйид шаванд. Вале иҷрои ин амр дар хориҷи кишвар ғайримумкин будааст.

Оқои Шоҳиён афзуд, ки имкон дорад дар оянда аҳзоби мухолиф аз ин нуқта интиқод кунанд, вале салоҳияти баррасии ин мавзӯъ бар дӯши порлумон аст.

Оқои Зойиров ёдовар мешавад, ки “инсон, ҳуқуқу озодиҳои вай волотарин муқаддасот аст ва аз сӯйи давлат ҳифз мешаванд”. Вай ҳамчунин изҳор доштааст, ки дар мавриди маҳдудияти ҳуқуқи атбои муҳоҷир, ки ҳудуди 40 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ҳукми додгоҳӣ тасвиб нашудааст.

Бо дарназардошти ин нуқот Раҳматилло Зойиров аз раиси ҷумҳур ва Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хостааст, ки изҳороти ахири раиси Кумиссиюни интихоботиро ғайриқонунӣ бихонанд.

Аз сӯйи дигар тақозо шудааст, ки барои ширкати муҳоҷирони кории тоҷик дар корзори интихоботӣ шароит фароҳам оварда шавад. Ба унвони мисол гуфта мешавад, ки раванди раъйдиҳии электруник ва ҷамъоварии имзо ва таъйиди онҳо дар сафоратхонаҳову кунсулгариҳо таъмин шаванд.

Дар сурати иҷрои нашудани ин пешниҳод раҳбари Ҳизби сусиёл-демукротҳои тоҷик ҳушдор додааст, ки ҷонибдоронаш, аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳо, муҳоҷирон ва куллия шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, ба таҳрими ин интихобот даъват хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта дар суханронӣ ба муносибати 22-юмин солгарди истиқлоли ин кишвар аз Шӯравӣ, аз номзадҳои эҳтимолии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ хост, ки интихоботро ба "майдони моҷароҷӯӣ ва ҳангоматалабӣ" табдил надиҳанд.

Оқои Раҳмон, ки тайи 21 соли гузашта зимоми қудратро дар даст дошта ва имкон дорад дар интихоботи қарибулвуқӯъ ҳам номзад шавад, ибрози боварӣ кард, ки ин интихобот "чун имтиҳони ҷиддии демократияи ҷавони Тоҷикистон" шаффофу озодона баргузор хоҳад шуд.

Вале бештаре аз мухолифони оқои Раҳмон ба ин изҳороташ боварӣ надоранд ва изҳор доранд, ки интихоботи оянда низ ба гунаи солҳои қаблӣ анҷом шуда ва номзади ҳизби ҳокими халқи демукрот дар он пирӯз хоҳад шуд.

Бархе аз аҳзоби мухолиф, аз ҷумла Ҳизби сусиёл-демукрот ва Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ташкили Эътилофи нерӯҳои ислоҳотталабро эълом карданд ва дар сададанд дар интихоботи оянда номзади воҳидро пешбарӣ кунанд.

Матолиби муртабит