Сафҳаи тақаллубии раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот дар "facebook"

Дар шабакаи иҷтимоъии "facebook" саҳифаи тақаллубии Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) пайдо шудааст.
Дар ин маврид рӯзи душанбеи 2 сентябр дар сафҳаи "facebook" иттилоъе мунташир шуд.
Тибқи ин хабар сафҳаи ҷадиде, ки рӯзи якшанбеи 1 сентябр ба номи Раҳматилло Зойиров боз шуда ва дар он матолиби зиёде ҷой дода шудааст, ба оқои Зойиров рабте надорад.
Гуфта мешавад, барои бори аввал нест, ки Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ ба ҳамчунин ҳодиса рӯбарӯ шуда ва дар солҳои қаблӣ низ "довталабон" аз номи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоъии Интернет сафҳаҳои вижа боз карда буданд.
Ҳанӯз рӯшан нест, ки ин иқдом аз ҷониби чи касе ё гурӯҳе ва ба кадом ҳадаф анҷом шудааст.
Раҳматилло Зойиров худ дар ин замина расман ибрози назар накарда ва баъд аз зӯҳри душанбеи 2 сентябр телефонҳояш фаъъол набуданд.
Дар ҳамин ҳол, Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки феълан Раҳматилло Зойиров дар хориҷи кишвар қарор дошта ва сафҳаи мазкур дар "facebook" дар ғиёбати ӯ боз шудааст.
Оқои Ҳакимов боз шудани сафҳаи тақаллубии раҳбари ҲСДТ-ро кори дасти ниҳодҳои зирабти давлати Тоҷикистон ё ба истилоҳ "фабрикаи ҷавоб" хонд, ки ба манзури ворид кардани латма ба эътибори оқои Зойиров анҷом шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, пайдо шудани сафаҳоти тақаллубии раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва чеҳраҳои саршиноси сиёсӣ дар сафҳаи шабакаҳои иҷтимоъии Интернет ҳодисаи тозае набуда ва қаблан чунин сафаҳоти тақаллубии мансуб ба Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони саршинос ва Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ҷунбиши мухолифи давлати "Ватандор" дар шабакаи иҷтимоъии "facebook" пайдо шуда буд.
Ин дар ҳоле аст ки оқои Зоиров эълом дошта, ки ба унвони номзад дар интихоботи пешорӯи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.
Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунии Тоҷикистон, ки беш аз бист сол аст зимоми умури кишварро дар даст дорад, аз номзадҳои аслӣ дар интихобот бошад.
Бисёриҳо бар баргузории мунсифона ва шаффофи ин интихобот тардид доранд, агарчи оқои Раҳмон гуфтааст баргузории интихоботи демукротикро тазмин мекунад.
То кунун ҳеҷ интихоботе дар Тоҷикистон аз суи нозирони мустақил ба унвони интихоботи ҷавобгӯи меъёрҳои демукротик шинохта нашудааст.
Торихи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли ҷорӣ эълом шуда ва интизор меравад феҳристи номзадҳои ин интихобот дар ҳафтаҳои наздик мунташир шавад.
