Бобоназарова: “Пайвандонам ба пешниҳоди номзадиам дар интихобот мухолифанд”

Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) рӯзи 10-уми сентябр Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси кишварро ба унвони номзад ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузиданд.
Номзадии хонуми Бобоназарова пас аз баррасӣ ва тасвиб дар анҷуманҳои аҳзоби узви ин иттиҳодия расман ба Кумисиюни марказии интихоботи Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос ва раиси пешини донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз мубтакирони таъсиси Ҳизби демукроти кишвар дар авоили даҳаи 1990 буда ва пас аз ба қудрат расидани ҳукумати феълӣ дар муддати як моҳ зиндонӣ буд.
Феълан, хонуми Бобоназарова раёсати созмони ғайридавлатии “Перстектива+”-ро ба ӯҳда дошта ва аз фаъъолони дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи кишвар гуфт, номзадии Ойниҳол Бобоназарова пас аз мубоҳисоти тунду тӯлонӣ дар 5 ҷаласаи пушти дарҳои бастаи гурӯҳи корӣ ва аз миёни 8 номзади дигари Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ баргузида шудааст.
Ойниҳол Бобоназарова ба навбаи худ номзадӣ ба мақоми раиси ҷумҳуриро “масъулияти бузург ва бори сангин” арзёбӣ карда ва гуфт, агар пуштибонии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ намебуд, ба ҳеч ваҷҳ вориди ин корзор намешуд.
Хонуми Бобоназарова гуфт, пайвандон, бахусус, модарам ба пешниҳоди номзадиаш ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мухолиф буда ва нигарон ҳастанд, мумкин аст ин иқдом бароям паёмадҳои ногуворе дошта бошад.
Дар ҳамин ҳол, Мирҳусайн Назриев, раҳбари ҷиноҳи ғайрирасмии Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон гуфт, ки номзадии Ойниҳол Бобоназарова бидуни машварат ва мувофиқа бо аҳзоби дигар аз ҷониби ҲНИТ ва ҲСДТ пешниҳод шуда ва барномаи хосе низ надорад.
Улфатмоҳ Мамадҷонова, фаъъоли ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ, пешниҳоди номзадии хонуми Бобоназароваро ба интихоботи раёсати ҷумҳурии оянда “бозии пасипардагӣ” хонда ва гуфт, бояд Акбари Тӯраҷонзода, Раҳматилло Зойиров ва Муҳиддин Кабирӣ номзади ИНИТ ин интихобот мешуданд.
Ба эътиқоди хонуми Муҳаммадҷонова, кашидани бори сангини масъулияти раёсати ҷумҳурӣ барои номзади зан душвор хоҳад буд.
Аммо оқои Кабирӣ гуфт, фаъъолияти зан дар мақомҳои давлатӣ дар кишварҳои исломӣ таҷрубаи тозае набуда ва дар кишварҳои суннатии мусалмонӣ, назири Покистон, Индонезӣ ва Туркия занҳо раҳбари давлат ё ҳукумат буданд.
Раҳбари ҲНИТ далели пешниҳоди номзади ғайриҳизбӣ ва занро ба вуҷуди “заъфҳо дар номзадҳои эҳтимолии Раҳматилло Зойиров, Акбари Тӯраҷонзода ва худаш” марбут хонд.
Ӯ гуфт: “Аз тариқи расонаҳои давлатӣ чунин фикр дар ҷомеъаи Тоҷикистон таҳмил шудааст, ки агар номзади ҲНИТ пешниҳод шавад, дар кишвар нооромӣ мешавад. Ҷомеъа ба ду қисм тақсим шуда ва ҷанг мешавад.”
Ҳамчунин, дар расонаҳои давлати Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров “агенти Ӯзбакистон” ва Акбари Тӯраҷонзода аз омилони ҷанги дохилӣ дар ин кишвар дар даҳаи 1990 унвон шудаанд.
Аз сӯйи дигар, Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби мухолифи сусиёл-демукроти Тоҷикистон, гуфт: “на фақат маро агенти Ӯзбакистон эълом карданд, балки дар бахшҳои шаҳрию ноҳиявии ҲНИТ ба номзадии ман мухолифат доштанд. Агар номзадиамро намегирифтам, Иттиҳод пароканда мешуд. Бобоназарова номзади компромиссӣ буд.”
Акбари Тӯраҷонзода, яке аз чеҳраҳои саршиноси мазҳабию сиёсии Тоҷикистон низ аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова пуштибонӣ карда ва гуфт, ки ӯ режими феълиро мадҳу сано нагуфта ва ҳамеша дар ҳимояти ҳуқуқи инсон аст.
Оқои Тӯраҷонзода гуфт: “Ойниҳол Бобоназарова номзади муносиб дар марҳилаи феълии Тоҷикистон аст. Ин марҳаларо ташреҳ намедиҳам, бояд худатон дарк кунед. Баъзе ҳассосият ҳаст, ки наметавон онро гуфт. Дар Қирғизистон низ дар марҳилаи интиқолӣ зан раҳбари давлат буд.”
Раҷаби Мирзо, раҳбари Маркази таҳлилии “Бозтоб” пешниҳоди номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми раёсати ҷумҳуриро “тасмими оқилона” хонда ва гуфт, бояд намояндагони аҳзоб ва фаъъолони ҷомеъаи мадании кишвар ғуруру ҳайсияти ҳизбӣ, маҳаллӣ ва инфиродии худро канор гузошта ва аз ин номзад пуштибонӣ кунад.
Ба гуфтаи оқои Мирзо, маҳз ба иллати ноустувории бархе аҳзоб Эътилофи аҳзобу созмонҳои мухолифи давлат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1999 ба шикаст мувоҷеҳ шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз рӯшан нест, вакилони Анҷумани ҲНИТ дар рӯзи 17 сентябри соли ҷорӣ аз ин номзади пешниҳодӣ пуштибонӣ хоҳанд кард ё хайр.
Муҳиддин Кабирӣ дар ин замина ибрози нигаронӣ карда ва гуфт, бештари аъзои ин ҳизб аз манотиқи рустоӣ гуфтаанд, ки аз номзади ғайри ҲНИТ пуштибонӣ нахоҳанд кард.
Оқои Кабирӣ гуфт: “Тасмими ниҳоиро Анҷумани ҳизб мегирад. Агар номзади пешниҳодӣ аз ҷониби Анҷуман дастгирӣ наёфт, мо наметавонем Ойниҳол Бобоназароваро ба ҳайси номзад пешниҳод кунем. Агар Анҷумани ҳизби сусиёл-демукрот ин номзадро дастгирӣ кард, мо низ пуштибонӣ хоҳем кард.”
Зимнан, дар ин ҳамоиш Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори пешини родиюи “Озодӣ” сухангӯйи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷорӣ интихоб шуд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки унвонии Кумисиюни Марказии Интихобот ва Ҳамапрусии Тоҷикистон номае ирсол шуда ва аз ниҳод дархост шавад, то тасмими худ дар бораи ҳаққи ҷамъоварии имзо барои пуштибонии номзадҳо надоштани муҳоҷирони корӣ дар Русияро лағв кунад.
