Оё Тоҷикистон метавонад раисҷумҳурии зан дошта бошад?

  • 21 Сентябр, 2013
Ойниҳол Бобоназарова
Image caption Ойниҳол Бобоназарова солҳои тӯлонӣ ба унвони ҳуқуқдон фаъъолият мекард

Тасмими Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон дар бораи номзадии зан ба мақоми раёси ҷумҳурӣ сабаби баҳсҳои доғе дар ҷомеъа ва шабакаҳои иҷтимоъии ин кишвар шуд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизбе ки яке аз бахшҳои умдаи ИНИТ-ро ташкил медиҳад, пешниҳод шудани зан ҳамчун номзад ба раёсати ҷумҳуриро “инқилоби зеҳнӣ” унвон кард.

Мушкили мунтақидон бо номзадии Ойниҳол Бобоназарова барои ширкат дар интихоботи 6-уми ноябр, на бо шахсият ё фаъъолияти ин ҳуқуқдони 65-сола аст, балки фақат зан будани ӯст.

Бархеҳо бо такя ба чунин меъёрҳои мазҳабӣ, мисли – “зан набояд симати раҳбарикунанда дошта бошад”, шадидан алайҳи номзадии хонуми Бобоназарова ибрози назар мекунанд.

“Қуръон мамнуъ намекунад”

Аммо Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода, рӯҳонии саршиноси тоҷик ба бахши русии Би-би-сӣ дар ин бора гуфт: “Дар Қуръон ягон ояте нест, ки дар он аз манъ будани фаъъолияти сиёсӣ ё доштани мақоми раҳбарикунанда барои занон гуфта шуда бошад. Ҳадисе ҳаст, ки дар он ба истинод ба суханони паёмбар омада, ки давлате, ки онро зан раҳбарӣ мекунад бе файзу бебаракат мешавад. Аммо дар инҷо низ сухан ба таври мустақим аз манъ будани раҳбарӣ барои зан намеравад.”

Баҳси рӯҳониён дар мавриди имконияти занон барои ширкат дар зиндагии иҷтимоъӣ ва сиёсӣ аз солҳои 1950 идома дорад.

Рӯҳониёни номдори исломӣ ва мутахассисони адён талош кардаанд ба ин савол посух бигуянд, ки барои як зани муъмини мусулмон дар ҷаҳони муъосир кадом кор мумкин буда ва кадом фаъъолият барояш тавсия намешавад. Аммо зоҳиран ҳамаи ин тавзеҳот аз шиддати масъала дар ҷомеъа ва муносибати мардҳо ба он намекоҳад.

Дар ҷаҳони муосири исломӣ ду раванди мураттабе мушоҳида мешавад, ки яке аз ширкати занон дар зиндгии иҷтимоъӣ пуштибонӣ карда ва дигари ин амрро намепазирад.

Бахши ифротгарои ҷомеъаи мусалмонӣ, ки салафиҳо аз ин бахш намояндагӣ карда ва дар солҳои ахир таъсири онҳо дар бархе аз кишварҳои мусалмонӣ бештар маҳсус мешавад, алайҳи даст ёфтани зан ба мақоми раҳбарикунанда дар ҷомеъа, давлат ва хонавода аст.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода афзуд: “Ин вазъият дар натиҷаи дарки нодурусти оятҳо ва ҳадисҳои паёмбар аз сӯйи мусалмонон ба вуҷуд меояд, ки аксари мардҳо ба онҳо истинод мекунанд. Воқеъиятҳои имрӯзро, ки аз воқеъиятҳои замони паёмбар Муҳаммад фарқ мекунад, бояд дарк кард. Мо бояд дарк бикунем, ки Тоҷикистон як кишвари дунявӣ аст, на исломӣ.”

Ба гуфтаи ин рӯҳонӣ зан наметавонад ҷомеъаеро раҳбарӣ кунад, ки дар он ба мисли замони халифаҳо тақсими қудрат нест ва ҳамаи қудрат дар дасти як нафар аст.

Ба бовари ӯ дар ҷамъияте, ки дар он қудрат ба қувваи қазоӣ, иҷроия, қонунгузор тақсим шуда, зан метавонад дар мақомҳои раҳбарикунанда бошад.

Мавонеъи иҷтимоъӣ

Соҳибназарон мегӯяд, ки мушкилоти иҷтимоъӣ, фақр ва муҳоҷирати умумӣ натанҳо вазъи бе он ҳам бади занро дар Тоҷикистон бадтар месозад, балки ин зеҳниятро тақвият медиҳад, ки сарнавишти зан маҳдуд ба нигоҳубини хонаву хонавода мешавад.

Аксаран, рафтори занони фаъъол ва талоши онҳо барои ширкат дар зиндагии иҷтимоъӣ гуноҳ маҳсуб мешавад.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъкид мекунад: “Мегӯянд, ки чуин муносибат ба нақши занон дар ҷомеъа ба хотири риъояти дин аст, аммо ин ҳарф нодуруст аст. Бештар ба тафаккури одамон зеҳнияти шарқӣ, урфу одат ва фаҳмиши шахсии ҳар кас аз дин, таъсир мекунад.Вазъи мушобеҳ дар дигар кишварҳои собиқи шӯравӣ мушоҳида мешавад.”

Ӯ меафзояд: “Дар ҳоле, ки дар Покистон ва Банглодеш кишварҳои дорои ҷамъияти мазҳабитар аз мо занҳо борҳо мақомҳои баландтаринро соҳиб шудаанд.”

Пештар созмонҳои байналмилалалӣ аз афзоиши нақзи вахими ҳуқуқи занон ва дар Тоҷикистон гузориш карда буданд. Аксаран сӯҳбат дар бораи мушкилоти хонаводагӣ дар миёни ҷомеъа коре бад талаққӣ мешавад.

Худи Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд: “Нақши давлат ва дин барои тағйири маносибат ба зан азим аст. Агар ин ду ниҳод дар воқеъият мехостанд боварҳо ва зеҳнияти шаклгирифта дар тӯли қарнҳоро иваз кунанд, ин корро ҳатман муддатҳо қабл мекарданд.”

Вай меафзояд: “Дар ҳоли ҳозир кори давлат бо сӯҳбат кардан дар бораи нақши занон маҳдуд мешавад, дар ҳоле бояд ба шикастани қолаб ва клишеҳо оғоз кард ва занҳоро ба мақомҳои раҳбарикунанда таъйин кард, то ин ки мардҳо ва занҳо ба ин одат пайдо кунанд.

Матолиби муртабит