Эмомалӣ Раҳмон - номзади ҷавонон ба интихобот

  • 21 Сентябр, 2013
Мавзуна Чориева
Image caption Номзадии оқои Раҳмонро дар анҷумани даҳуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Мавзуна Чориева, муштзани номдори тоҷик пешниҳод кард

Иттиҳодияи ҷавонони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии феълии кишварро номзади худ ба раёсати ҷумҳурӣ барои ҳафт соли оянда баргузиданд.

Номзадии оқои Раҳмонро дар анҷумани даҳуми Иттиҳодияи ҷавонони Тоҷикистон, ки рӯзи 21-уми сентябр дар Кохи Ваҳдат баргузор шуд, Мавзуна Чориева, муштзани номдори тоҷик пешниҳод карда ва ин пешниҳод аз сӯйи аъзои ин иттиҳодия бо кулли оро пазируфта шуд.

Коршиносон аз муддатҳо қабл дар бораи ширкати Эмомалӣ Раҳмон, фарде ки 21 соли ахир раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, дар интихоботи ноябри соли ҷорӣ дар ин кишвар ҳадс задаанд. Аммо худи оқои Раҳмон то ҳол дар мавриди ширкаташ дар ин интихобот лаб накушодааст.

Интизор меравад ҳизби ҳокими халқӣ-демукроти Тоҷикистон ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани ин ҳизб, ки рӯзи 4-уми октябр баргузор мешавад, оқои Раҳмонро боз номзади худ ба мақоми раиси ҷумҳурии ҳафт соли оянда интихоб кунанд.

Аммо пешбарии номзадии оқои Раҳмон аз сӯйи Иттиҳодияи ҷавонони Тоҷикистон низ амри ғайримунтазира нест, зеро ин иттиҳодия ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ дар шакли "Иттифоқи комсомолони шӯравӣ" фаъъол буд, то ҳоло аз созмонҳои иҷтимоъии наздик ба сохтори давлатӣ маҳсуб мешавад.

То ҳоло Эмомалӣ Раҳмон шашумин нафарест, ки номзадии ӯ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.

Дирӯз, 20-уми сентябр Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки бархе аз соҳибназарон онро "ҳизби кисагии ҳукумат" медонанд, номзадии раҳбари худ Олим Бобоевро номзад ба мансаби раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.

Пеш аз ин Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон - Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос, Ҳизби сусиёлист - Адбуҳалим Ғаффоров, раҳбари ин ҳизб ва Ҳизби кишоварзӣ - Толиб Бухориев, муъовини раиси Фарҳангистони улуми кишоварзӣ ва ҳизби демукроти кишвар - Саъидҷаъфар Исмоновро ба ҳайси номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда буданд.

Ҳарчанд коршиносон таъкид мекунанд, ки барои тағйири раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар ин интихобот эҳтимоли кам вуҷуд дорад, фазои сиёсии кишвар дар остонаи интихоботи қарибулвуқуъ беш аз ҳар вақти дигар пушур ба назар мерасад.

Ба вижа ҳамкории ду ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон ба раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби сусиол-демукроти ин кишвар ба раҳбарии Раҳматилло Зоиров ва пешниҳоди номзади муштараки онҳо дар интихобот амри бесобиқае маҳсуб мешавад.

Вале акнун мухолифони давлати Тоҷикистон аз ончи "мавонеъи маснӯъӣ" дар роҳи ҷамъоварии имзо барои пуштибонӣ аз номзади муштараки онҳо - Ойниҳол Бобоназарова барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мехонанд, шикоят мекунанд.

Дар баёнияяҳои пайдарпайи ин иттиҳодия шикоят мешавад, ки масъулони ҳукуматҳои шаҳру навоҳии Турсунзода, Темурмалик, Бохтар, Рашт, Нуробод, Ашт, Зафаробод ва Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба варақаҳои имзоҷамъкунӣ мӯҳру имзо нагузоштаанд.

Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон хабарҳо мабнӣ бар эҷоди мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадии Ойниҳол Бобоназароваро рад мекунад.

Матолиби муртабит