Тақозои номзади мухолифон аз Эмомалӣ Раҳмон

  • 23 Сентябр, 2013
Ойниҳол Бобоназарова
Image caption Дар номаи хонум Бобоназарова омадааст, ки масъулони КМИҲ иҷоза барои шомил шудани намояндагони аҳзоби сиёсиро ба ҳайъати кумисисюнҳои ҳавзаҳои интихоботӣ надодаанд

Номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз ИНИТ дар номае унвонии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дархост кардааст, ки "шаффофият"-и баргузории интихоботи озод ва демукросӣ дар ин кишварро кафолат диҳад.

Ойниҳол Бобоназарова, рӯзи душанбеи 23 сентябр ин номаро ҳамчунин ба расонаҳои хабарӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ирсол кардааст.

Дар ин нома омадааст: "Аз вахим шудани вазъияти пеш аз интихоботӣ ва нақзи густардаи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон шадидан нигаронем ва бонги изтироб мезанем."

Ҳамчунин Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯи номзади ИНИТ, рӯзи душанбеи 23 сентябр хабар дод ва гуфт, ки яке аз паёмҳои аслии ин нома дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии имсол, эҷоди мавонеъ ва маҳдуд кардани ширкати ҳудуди як милюну 500 ҳазор нафар аз сокинон, аз ҷумлаи муҳоҷирони кории Тоҷикистон будааст.

Дар паёми хонуми Бобоназарова омадааст, ки "Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон дархостҳои муҷадади Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи ин кишварро дар мавриди ҷилавгирӣ аз беҳурматӣ алайҳи муҳоҷирон ва барқарор кардани ҳуқуқи қонунии онҳо барои ширкат дар ҷамъоварии имзо ба ҷонибдорӣ аз номзадҳоро нодида гирифт ва дар натиҷа муҳоҷирон аз ин ҳуқуқи хеш бебаҳра мондаанд."

Ҳамчунин дар номаи шикоятии Ойниҳол Бобоназарова омадааст, ки масъулони ин кумисисюн ҳамзамон иҷоза барои ширкати намояндагони аҳзоби сиёсии дигари Тоҷикистон (ба ҷуз аз намояндагони ҳизби ҳоким) дар ҳайъати кумисисюнҳои ҳавзаҳои интихоботиро надодаанд.

Ва ин Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар Русия ҳамагӣ 24 ҳавзаи раъйдиҳиро таъъсис диҳад, ки ин шумора барои ширкати шумораи андаки муҳоҷирон дар раъйдиҳӣ басанда буда ва дар натиҷа як милюн аз муҳоҷирони тоҷик аз раъйдиҳӣ маҳрум хоҳанд монд.

Хонуми Бобоназарова на танҳо аз фаъъолияти масъулони КМИҲ дар ин замина интиқод карда, балки аз кори аксари намояндагони порлумони Тоҷикистон низ барои радд кардани пешниҳоди шуморе аз намояндагони мардумӣ барои илова кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба ҳайъати кумисисюнҳои интихоботии минтақавӣ ва ҳавзаҳои интихоботӣ шадидан интиқод кардааст.

Ин дар ҳолест, ки се рӯз қабл, Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ зимни як баёния аз фаъъолияти масъулони ҳукуматҳои шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шикоят карданд, ки бо баҳонаҳои мухталиф аз гузоштани мӯҳр ба варақаи имзоҷамъкунӣ худдорӣ мекунанд. Дар номаи имрӯзии хонуми Бобоназарова низ ба ин нукта таъкид шудааст.

Аммо Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон хабарҳо мабнӣ бар эҷоди мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадии Ойниҳол Бобоназароваро рад кардааст.

То кунун чанд ҳизби расмии сиёсии Тоҷикистон номзадҳои худро барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, аммо бовар бар ин аст, ки рақобати асосӣ байни номзади аҳзоби умдаи мухолиф, Ойниҳол Бобоназарова ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ аз ҳизби ҳоким сурат хоҳад гирифт.

Оқои Раҳмон, ки беш аз бист сол мешавад бар сари қудрат аст, эълом карда, ки ин интихобот шафоф ва озод хоҳад буд.

То кунун ҳеҷ интихоботе дар Тоҷикистон аз замони ба истиқлол расидани он аз суи нозирони мустақили байналмилалӣ ба унвони интихоботи посухгӯ ба меъёрҳои демукротик шинохта нашудааст.

Матолиби муртабит