Интиқоди шадиди ҲНИТ аз намоиши филми "Пойбанди нафрат"

  • 23 Сентябр, 2013
Image caption Масъулони ҲНИТ дар баёнияи худ ин суолро матраҳ кардаанд, ки “чаро мақомот бо туҳмат ҷиноятҳоеро ба ҲНИТ рабт дода, ба намоиш мегузоранд, аммо дар робита ба ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи ҳизби ҳоким хомуширо ихтиёр намудаанд?!”

Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар баёнияе аз пахши филми мустанади "Пойбанди нафрат" дар телевизиюни давлатӣ шадидан интиқод кард. Ин ҳизб гуфта, намоиши чунин филм боиси коҳиши обрӯи ҳукумат шуда ва метавонад суботи кишварро хадшадор кунад.

Дар филми "Пойбанди нафрат", ки тӯли се рӯзи ахир аз шабакаҳои телевизиюни давлатӣ ба намоиш гузошта мешавад, Сомон Муҳаббатови 20-сола, ки худро узви ҲНИТ муъаррифӣ карда, аз қатли Қиёмиддин Абдусаломови ҳаштсола ҳикоят карда ва мегӯяд, ки ӯро таҷовуз кардааст.

Дар ин навор мебинем, ки Сомон Муҳаббатов гуфтааст, худи ӯ низ аз сӯйи муддаррисонаш мавриди таҷовуз қарор гирифта буд ва ҷинояти худро дар пайи интиқоди раҳбарияти ҲНИТ аз сиёсати давлат иҷро кардааст.

Масъулони ҲНИТ дар баёнияи худ навиштаанд, "Агарчи С. Муҳаббатов соли 2012 чанд маротиба бо дастури мақомоти интизомии ҳукумат дар баъзе маҳфилҳои донишҷӯӣ дар ҲНИТ ба хотири дарёфти маълумот ҳузур ёфта бошад ва масъулини ниҳодҳои интизомӣ аз амалиёти "бобарор" ҷиҳати воридсозии номбурда ба роҳбарияти хеш гузориш дода бошанд ҳам, аммо номбурда бинобар машкук будан ба узвияти ҲНИТ қабул нагаштааст ва номи ӯ дар рӯйхати умумии аъзои ҳизб сабт нашудааст".

Дар идомаи баёнияи ҲНИТ мехонем, ки пайвандони Сомон Муҳаббатов кормандони ниҳодҳои давлатӣ ҳастанд ва ӯ "аз ҷумлаи гумоштагони ниҳодҳои махсус буда, маҳз бо пуштибонии ин ниҳодҳо дар яке аз факултаҳои овозадори ДМТ донишҷӯи соли сеюм буд".

Дар ин филми мавриди назар Сомон Муҳаббатов бархе аъзо ва мударрисинро дар "таълими ҷангҷӯӣ" муттаҳам карда ва онҳоро ба ҲНИТ пайванд медиҳад. Дар баёния омадааст, ки "ҲНИТ дар ноҳияи Тоҷикобод на мадраса дошту на мударрис. Онҳое ки гуё ӯро таҷовуз кардаанд, имрӯзҳо корманди иттиҳодияҳои динии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ мебошанд, ки дар ин бобат худи ҷинояткор аз матн қироат мекард".

Пахши филми "Пойбанди нафрат" дар чанд рӯзи ахир дар миёни сокинони Тоҷикистон сару садоҳоеро ба дунбол дошта ва мавриди гуфтугузор қарор гирифтааст.

Масъулони ҲНИТ дар баёнияи худ ин суолро матраҳ кардаанд, ки "чаро мақомот бо туҳмат ҷиноятҳоеро ба ҲНИТ рабт дода, ба намоиш мегузоранд, аммо дар робита ба ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи ҳизби ҳоким хомуширо ихтиёр намудаанд?!"

Ин баёния иддаъо мекунад, ки бархе аз аъзои ҳизби ҳоким дар иртикоби ҷароиме мисли ришваситонӣ, сирқати амволи давлатӣ, фурӯши замин, қочоқи маводди мухаддир, таҷовуз, қатл ва ғайраҳо даст доранд, "аммо боре ҳам узвияти онҳо дар ҳизби ҳоким дар родию ва телевизиюнҳои давлатӣ эълом намешавад."

ҲНИТ ҳадс задааст, ки "ташкили чунин барномаҳо барои бадномсозии ҲНИТ дар садову симои давлатӣ дастуриву фармоишӣ буда, онҳо бар асоси «Протоколи 32-20» аз 24.11.2011 роҳандозӣ мегарданд".

Соҳибназарон мегӯянд, ки тайи ду соли ахир мавориди фишор ба ҲНИТ афзоиш ёфта ва "мақомот аз роҳи фишор, зуроварӣ, таъқибу таҳқир ва ҳатто ҳавасмандгардонӣ ба фалаҷсозии ниҳодҳои ҳизбӣ ва хориҷсозии афрод аз узвияти ҲНИТ машғуланд".

Тибқи иддаъои ҲНИТ ин раванд пас аз муъаррифии номзади Иттиҳоди неруҳои ислоҳталаб ба интихоботи қарибулвуқуъи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон шиддат гирифта ва "намояндагони Президент дар маҳалҳо дар раванди ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба ҷонибдорӣ аз номзад Ойниҳол Бобоназарова халал ворид карда истодаанд".

ҲНИТ дар баёнияи худ ин амалҳорор муғойир ба муфоди Қонуни Асосӣ ва Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» унвон кардааст. "Роҳбарияти ҲНИТ иқдоми ғайриқонунии мақомоти ҳокимияти иҷроия ва интизомиро қотеъона маҳкум карда, аз Ҳукумати ҶТ риояти бечунучарои меъёрҳои Сарқонуни ҶТ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва хотима додан ба ин амалҳоро ҷиддан тақозо менамояд".

Дар ҳамин ҳол масъулони Кумитаи давлатии садо ва симои давлатӣ, ки шабакаҳои давлатии телевизиюнӣ тобеъи ин ниҳод ҳастанд, аз шарҳи ин мавзуъ худдорӣ карданд.

Матолиби муртабит