Қатъи фаъъолияти Фарҳангистони исломии ҲНИТ

  • 5 Сентябр, 2013
Image caption Маъмулан ин Фарҳангистон давраҳои омӯзишӣ баргузор карда ва пайваста ба суолоти хонандагони сойти расмии ҲНИТ посух медодааст

Фарҳангистони исломии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъъолияти худро ба таъвиқ даровардааст.

Гуфта мешавад, ки ин амр бо тасмими раёсати ҳизб ва дар пайи дархости Вазорати адлияи Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Маъмулан ин Фарҳангистон давраҳои омӯзишӣ баргузор карда ва пайваста ба суолоти хонандагони сойти расмии ҲНИТ посух медодааст. Ҳамчунин ин Фарҳангистон ҳар ҳафта дар масоили мухталиф фатво пахш мекард.

Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон аз ҳаққи пахши фатво танҳо ниҳоди расмии масъул, яъне Шӯрои уламои дини Тоҷикистон бархӯрдор аст.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ Вазорати адлияи Точикистон бо ирсоли номае аз раҳбарияти ҲНИТ хоста буд, ки фаъъолияти ин Фарҳангистонро мутаваққиф созад, зеро вуҷуди ин ниҳод ғайриқонунӣ буда ва ҳизби сиёсӣ ҳаққ надорад чунин як ниҳоди омӯзишӣ дар ихтиёр дошта бошад.

Дар ниҳоят раҳбарияти ҲНИТ тасмим гирифт, ки фаъъолияти Фарҳангистони исломӣ ба таъвиқ дароварда шавад.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки дархости қатъи фаъъолияти Фарҳангистони исломии ҲНИТ ба идомаи фишорҳо алайҳи ин ҳизб ва ҷонибдоронаш рабт дорад. Ин манобеъ бар ин назаранд, ки дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ин амр аз ангезаҳои сиёсӣ орӣ нест.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои давлатии Точикистон дар чанд моҳи ахир пахши матолиби интиқодӣ алайҳи ҲНИТ-ро афзоиш додааст. Мунтақидони давлати Точикистон бар ин назаранд, ки афзоиши фишорҳо ба ҲНИТ ба тасмими раҳбарияти ҳизб барои пешбарии номзади ягона аз сӯйи аҳзоби мухолиф рабт дорад.

Манобеъи ҲНИТ мегӯянд, ки ин амр дар ниҳоят ба ихроҷи бархе аз аъзо ва коҳиши теъдоди ҷонибдоронаш дар суфуфи ҳизб мунҷар шудааст. Аз сӯйи дигар, ҲНИТ ҳамчунон нерӯи аслии мухолифони давлат боқӣ монда аз имкони гирд овардани нерӯҳои мухолиф бархӯрдор аст.

ҲНИТ дар гузашта, замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997, бахши аслии мухолифони он замонро ташкил медод ва тӯли чанд сол бо нерӯҳои давлатӣ биҷангид.

Дар авоили соли 1993 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъъолияти ин ҳизбро мамнӯъ кард.

Баъд аз имзои созишномаи сулҳи миёни тоҷикон дар соли 1997 ҲНИТ фаъъолияти худро дубора дар дохили кишвар аз сар гирифт. Тӯли ин солҳо номзадҳои ҲНИТ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат карда, вале пирӯз нашуданд.

Дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ дар Тоҷикистон ду номзади ҲНИТ ба курсии порлумонӣ даст ёфтанд ва то ҳол дар миёни вакилон аз аъзои фаъъол маҳсуб мешаванд.

Феълан теъдоди ҷонибдорони ҲНИТ беш аз 60 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад. Гуфта мешавад, ки ин рақам барои як ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон қобили мулоҳиза аст.

Матолиби муртабит