Ситоиши раҳбари ҲНИТ аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоъӣ тавассути ҷавонон

  • 21 Май, 2013
Муҳиддин Кабирӣ
Image caption "Дар саҳнаи маҷозии фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонон ба ду гурӯҳ қисмат шуда ва ҳар яке аз ин гурӯҳ кӯшиш мекунад, ки гурӯҳи дар баробар қарордоштаро хойин ва роҳгумкарда бидонад."

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон гуфтааст, дар сурати истифодаи нодуруст аз интернет ин фанноварии ҷадиди ҷаҳонӣ метавонад ба аслиҳаи хатарноке мубадал шавад.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин гуфт, ки бисёре аз ҷавононро, ки дониши хуби сиёсӣ доштаанд, масъулони ҳизб аз тариқи иртиботи интернетӣ пайдо карданд.

Оқои Кабирӣ ин ҳарфҳоро дар ҷараёни мулоқоти худ бо намояндагони ҷавонони Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбеи 21 май дар шаҳри Душанбе доир шуд, баён дошт.

Мулоқоти раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба рӯзи ҷавонон бахшида шуда буд ва дар он намояндагони ҷавонон аз ҷумлаи аъзои ин ҳизб аз вилоёт ва навоиҳии мухталифи ин кишвар ширкат доштанд.

Оқои Кабирӣ дар мавриди истифода аз текнулуҷии ҷаҳони муъосир аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоии фейсбук ва твитер гуфт: "Мо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоъи аз миёни насли ҷавон барои худ кодргирӣ мекунем ва ҷавонони фаъол ва боҳушро барои фаъъолият дар ҳизб ҷалб мекунем."

Аммо оқои Кабирӣ афзуд: "Дар баробари ин ҳама имтиёзҳои ҷаҳонӣ, интернет боз табдил ба як силоҳи хатарнок барои мардум ва ҷавонон аст, агар аз он дуруст истифода нашавад."

Раҳбари ҲНИТ гуфт, ки дар саҳнаи маҷозии фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонон ба ду гурӯҳ қисмат шуда ва ҳар яке аз ин гурӯҳ кӯшиш мекунад, ки гурӯҳи дар баробар қарор доштаро ҳадаф қарор диҳад ва хойину роҳгумкарда бидонад.

Аз ин рӯ оқои Кабирӣ аз ҷавонон даъват кард, ки дониши сиёсии худро тақвият бахшанд то ба ҳангоми истифода аз интернет ба иштибоҳт роҳ надиҳанд.

Муҳиддин Кабирӣ, ҳамчунин ҷавононро бо иди онҳо шодбош гуфт ва бо ёдоварӣ аз фаъъолияти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди ҲНИТ гуфт, ҳизби онҳо чиҳил соле қабл аз ҷониби иддае аз ҷавононе таъсис ёфта буд, ки он замон аксари онҳо аз 25 сол бештар доштанд.

Оқои Кабирӣ аз ҷумла гуфт: "Устодони мо дар ин син дар фикри таъсиси ҳизб ва муқобала бо Шуравии қавӣ буданд."

Дар идомаи суханаш оқои Кабирӣ аз ҷавонон даъват кард, ки ватани худро дӯст дошта бошанд ва ба ватан садоқатманд бошанд.

Дар оғоз барномаи мусиқии тафреҳӣ ва ҳамчунин мусобиқоти варзишӣ баргузор шуд, ки шуъбаи ҷавонон ва варзиши ин ҳизб бахшида ба рӯзи ҷавонон барномарезӣ карда буд.

Бобоҷони Қаюмзод, масъули бахши ҷавонон ва варзиши ҲНИТ ҳадаф аз баргузории ин гуна маҳофилро боло бурдани эътимод ба нафси ҷавонон унвон кард ва гуфт: "Аксаран аҳзоб ва ҳам намояндаҳои давлату ҳукумат ҳамеша шиъор медиҳанд, ки "Мо ба ҷавонон эътимод дорем", ё "Ҷавонон ояндаи миллатанд" аммо ин эътимодро ба ҷавонон намедиҳанд."

Оқои Қаюмзод афзуд "Мутаасифона ҷавонони мо имрӯз ба ояндаи худ хушбин нестанд ва ин рӯҳияи ноумедӣ дар миёни ҷавонон ва тамоми ҷомеъа дорад бештар мешавад."

Ҳамчунин ба ақидаи оқои Қаюмзод аксари ҷавонони тоҷик дар ҳоли ҳозир ояндаи худро танҳо дар муҳоҷират мебинанд.

Дар поёни маҳфили фарҳангӣ ва суханрониҳову барномаҳои тафреҳӣ ба ғолибони бозии чакарз ва ё шашки аз миёни духтарон ҷоизаи таъсис намудаи мубтакирон супорида шуда ва ҷавонписарон ба бозии финолии волебол шурӯъ карданд.

Матолиби муртабит