Бобоназарова: 'Давлат вақти мо барои ҷамъоварии имзоро дуздид'

Номзади Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб (ИНИТ) барои интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки аъзои ситоди ӯ тавонистаанд дар ду рӯз танҳо беш аз 21 ҳазор имзои ҷонибдоронашро ҷамъоварӣ кунанд.
Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки ба ситоди ӯ муяссар шуда, ки гирифтани муҳри ҳукуматҳои маҳаллӣ дар баргаҳо барои ҷамъоварии имзо дар манотиқи мухталифи Тоҷикистонро ба далели мавонеъи зиёде танҳо ду рӯз пеш ба анҷом расонад.
Хонуми Бобоназарова рӯзи ҷумъаи 27 сентябр дар нишасти матбӯъотии ситоди хеш гуфт: "Даҳ рӯзи ахир бо баҳонаҳои мухталиф масъулони давлатӣ дар манотиқ вақти ҷудокарда барои ҷамъоварии имзои тарафдоронамонро аз мо ба иборате дуздиданд. Мо метавонистем дар ин муддат имзои садҳо тарафдори худро ҷамъ кунем."
Ӯ ҳамчунин аз мавориди зиёди нақзи қонуни интихобот ва эҷоди мавонеъ аз сӯйи мақомоти давлатӣ дар роҳи омодагӣ ба интихобот, аз ҷумла ҷамъоварии имзо, ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар ин нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки яке аз довталабони ситоди Ойниҳол Бобоназарова, ки машғули ҷамъоварии имзо ба ҳимоят аз номзадии ӯ буд, рӯзи панҷшанбе аз сӯйи се маъмури пулис мавриди бозҷӯйӣ ва бозпурсӣ қарор гирифтааст.
Хонуми Бобоназарова мегӯяд, ки вай ин духтарро аз бими таъқиб нашудан дар оянда аз ситодаш мураххас кардааст.
Ӯ, ки хаста ба назар мерасид, гуфт, ки қаблан низ ба шикоёти ӯ ва намояндагонаш, аз ҷумла боздошти як гурӯҳи кории ситоди ӯ аз сӯйи иддае аз кормандони пулиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мақомоти давлатӣ ва масъулони Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон посухи зарурӣ надодаанд.
Тушка ва интихоботи президентӣ
Ба гуфтаи масъулони ситоди хонуми Бобоназарова, рӯзи панҷшанбеи 26 сентябр масъулони пулиси ноҳияи Фирдавсӣ раҳбари бахши маҳаллии ин ҳизбро бо баҳонаи надоштани муҳри воқеъӣ дар баргаҳои ҷамъоварии имзо барои номзад боздошт кардаанд.
Аммо пулис баъд аз тақрибан 30 дақиқаи боздошт ва расидагӣ ба баргаҳо, ӯ ва ҳамроҳонашро озод карда ва аз ин кирдори хеш пӯзиш хостааст.
Номзади ИНИТ мегӯяд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, бо ирсоли як нома аз мавориди нақзи қонуни интихобот ва ҳуқуқи раъйдиҳандагон дар хориҷ ва дохили Тоҷикистон иттилоъ дода буд.
Аммо ӯ бо ишора ба сафари ахири Президент Раҳмон ба водии Рашт ва суҳбатҳои ӯ бо мардуми ин минтақа дар мавриди афзоиши кишти себзаминӣ афзуд: "Наход, ки дар ҳоли ҳозир, замоне ки тақдири кишвар ҳал мешавад, масъалаи картошка (себзаминӣ) аз масоили марбут ба интихобот ва муҳоҷирон муҳиммтар бошад?"
Хонуми Бобоназарова дар идома гуфт: "Ман дигар ба касе бовар надорам, на ба Президент Раҳмон ва на ба масъулони КМИҲ. Дар сурати рух додани мавориди дигари нақзи қавонини интихобот дар Тоҷикистон аз сӯйи масъулони давлатӣ ва ё дигар ҷонибе дигар ба раиси ҷумҳурӣ ва намояндагони дигари давлатӣ шикоят нахоҳам бурд."
Вай зимни посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди ин ки агар чунин маворид иттифоқ уфтад, чи кор хоҳед кард, афзуд: "Ман танҳо дар ин замина ба расонаҳо хабар хоҳам дод."
Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИҲ, ки дар нишасти имрӯзи ситоди хонуми Бобоназарова ширкат мекард, ба дифоъ аз мавзеъи ниҳоди хеш гуфт, ки масъулони ин кумисиюн ҳамеша омода ҳастанд ба шикоёти тамоми номзадҳо ва мушкилоти онҳо дар чорчӯби салоҳияташон расидагӣ кунанд.
Ҷалолиддини Маҳмуд, намояндаи ҲНИТ дар Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, ки дар ин нишаст оқои Додоевро ҳамроҳӣ мекард, зимни ҳимоят аз суханони ӯ гуфт, ки онҳо дар имтидоди рӯз дар бинои кумисиюн ҳастанд ва дар ин рӯзҳо касе бо масъулони ин ниҳод, аз ҷумла аз ситоди хонуми Бобоназарова, шикоят накарда ва ҳатто тавассути телефун дар тамос набудаанд.
Дар ҳоле ки то муҳлати ҷамъоварии имзои ҷонибдорони номзадҳо даҳ рӯз боқӣ мондааст, суоли матраҳ ин аст, ки оё ситоди Ойниҳол Бобоназарова метавонад дар ин рӯзҳо беш аз 200 ҳазор имзои зарурӣ барои ҳимоят аз номзадҳоро ҷамъоварӣ кунад?
Масъулони ин ситод мегӯянд дар сурате ки аз ҳеҷ ҷониб ба фаъъолияти онҳо фишор ворид нашавад ва мақомот монеъе эҷод накунанд, имкони ҷамъоварии ин имзоҳоро хоҳанд дошт.
Қаблан низ намояндагони Ойниҳол Бобоназарова, танҳо номзади зан аз миёни ҳафт номзади пешниҳодшуда ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, бо пахши баёнияе аз эҷоди мавонеъ дар ҷамъоварии имзо аз сӯйи иддае аз мақомоти маҳаллии навоҳӣ ва шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон шикоят карда буданд.
