Додоев: Номзади ИНИТ дар ҷамъоварии имзо мушкиле надорад

  • 30 Сентябр, 2013
Шоҳиён
Image caption Оқои Шоҳиён гуфт, интихобкунанда худ тасмим мегирад ба тарафдории кадом номзад имзо гузорад

Мақомоти Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) гуфтанд, мушкилоти Ойниҳол Бобоназарова дар роҳи ҷамъоварии имзои тарафдоронаш комилан рафъ шудааст.

Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи ин ниҳод, рӯзи душанбеи 30 сентябр, дар нишасти хабарие гуфт, бахши аслии шикоёти аз ситоди интихоботии ин номзади Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ, аз ҷониби Анҷумани ҲНИТ ба ин ниҳод ворид гардидааст.

Оқои Додоев гуфт, шикоёт умдатан ба мушкили пайдо кардани раиси ҳукуматҳои маҳаллӣ барои таъйиди варақа ё баргаҳо барои ҷамъоварии имзо, фишор болои гурӯҳҳои мубтакир ва боздошти аъзои ин гурӯҳҳо аз ҷониби пулис рабт доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ сареъан ин мушкилотро ҳалл карда ва роҳро барои ҷамъоварии имзо ба тарафдори Ойниҳол Бобоназарова боз кардааст.

Шермаҳмади Шоҳиён, раиси КИМҲ, ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рабт доштани боздошти Салоҳиддин Камолов, бародари Ойниҳол Бобоназароваро рад карда ва гуфт, ки кормандони пулиси ноҳияи Ёвон оқои Камоловро барои додани шаҳодат дар мавриди як ҳодисаи маъмурӣ ба идораи пулис даъват кардаанд.

'Тарс додани' бародари Бобоназарова

Бо ин вуҷуд ситоди хонуми Бобоназарова муддаъӣ аст, ки Салоҳиддин Камолов ба ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадии хоҳараш ширкат дошта ва маъмурони пулис ба хотири тарс додан ӯро боздошт кардаанд.

Оқои Шоҳиён ба мавориди нақзи муфоди Қонуни “Интихоботи Президенти Тоҷикистон” ва муқаррароти КМИҲ аз ҷониби гурӯҳҳои ҷамъоварандаи имзоҳо ишора карда ва гуфт, аъзои ин гурӯҳҳо асноди расмӣ надошта ва дар баргаҳо ному насаби номзад ва шахси масъул барои ҷамъоварии имзоҳо зикр нашудааст.

То ҳол ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова ҳудуди 30 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуда ва ин хатар вуҷуд дорад, ки дар муддати 6 рӯзе, ки барои ҷамъоварии имзо боқӣ мондааст, ситоди хонуми Бобоназарова натавонад, теъдоди лозими имзоҳоро ҷамъоварӣ кунад.

Шермаҳмади Шоҳиён аҳзоби сиёсиро масъули ҷамъоварии имзоҳо хонда ва гуфт: “Худи интихобкунандаҳо қарор мекунад, ки ба тарафдории кадом номзад имзо кунад, на КМИҲ ва аҳзоби сиёсӣ ҳаққи маҷбур кардани онҳоро надоранд. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзад танҳо дар чорчӯби қонун сурат бигирад.”

Оқои Шоҳиён мавзӯъи шарту шароити баробари номзадҳо барои ширкат дар таблиғоти интихоботи раёсати ҷумҳуриро матраҳ карда ва гуфт, номзадҳо ва афроди эътимодноки онҳо метавонанд мутаносибан ба муддати 30 ва 20 дақиқа ба таври ройгон аз тариқи шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон барномаҳои худро муъаррифӣ кунанд.

Таъкид шуд, ки дар сурати майл доштани номзадҳо, имкон дорад мубоҳисоти мустақими телевизиюнӣ низ роҳандозӣ шавад.

Ӯ гуфт, аз буҷети давлати Тоҷикистон барои корзори интихоботии номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ ба миқдори 25 ҳазор сомонӣ ё муоъдили 5 ҳазор дулори омрикоӣ маблағ тахсис шуда ва аҳзоби сиёсӣ метавонанд барои корзори интихоботии номзади худ ҳудуди 200 ҳазор сомонии дигар масраф кунанд.

Масъулони КМИҲ гуфтанд, номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳаққи масрафи бештар аз ин миқдор пулрло надоранд ва дарёфти кумаки молӣ аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ барои корзори интихоботӣ манъ аст.

Матолиби муртабит