Оғози фаъъолияти ҳайъати нозирони интихоботии САҲУ дар Тоҷикистон

  • 2 Октябр, 2013
Ҳайъати САҲУ
Image caption Нозирони САҲУ ҳанӯз омодаи посух додан ба бисёре аз суолот набуданд

Ҳайъати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо (САҲУ) аз оғози фаъъолияти худ дар Тоҷикистон ба унвони нозир дар интихоботи соли ҷорӣ хабар дод.

Пороскиво Бодеску, раҳбари ин ҳайъат, рӯзи чаҳоршанбеи 2 октябр дар як нишасти хабарӣ ҳамкорони худро ба хабарнигорон муъаррифӣ кард ва гуфт, ки нозирони САҲУ ҳамеша омода ҳастанд бо намояндагони давлат, расонаҳо ва ниҳодҳои ҷомеъаи маданӣ дар иртибот бошанд.

Ҳамчунин хонуми Бодеску гуфт: "Мо ба Тоҷикистон бидуни ҳеҷ ҳадафи сиррӣ омадем ва фаъъолияти аслии мо назорат бар ҷараёни раъйдиҳӣ дар рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва корзори интихоботии қабл аз он аст."

Раҳбари нозирони САҲУ гуфт, ки дар интихобот 16 нафар аз нозирон барои дарозмуддат ва 150 нозир бо маъмурияти кӯтоҳмуддат аз 22 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.

Раҳбари ҳайъати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо таъкид кард, ки ин ҳайъат гузориши комили худро аз ҷараёни муборизоти интихоботӣ, раъйдиҳӣ ва шумориши оро баъд аз ду моҳи доир шудани интихобот интишор хоҳад дод. Вале баёнияе дар мавриди баргузории интихоботро нозирони САҲУ 7 ноябр пахш мекунанд.

Ҳамчунин, раҳбари ин ҳайъат иттилоъ дод, ки онҳо имрӯз бо намояндагони Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон мулоқоте анҷом додаанд.

Хонуми Бодеску ҷузъиёти ин мулоқотро нагуфт, аммо афзуд, ки онҳо феълан ба Тоҷикистон омадаанд ва фаъъолияти худро ба унвони нозир оғоз кардаанд.

Дар идомаи нишаст рӯзноманигорон суолотеро аз чаҳор нозири САҲУ пурсиданд, аммо ба назар мерасид, ки ҳайъати нозирон ҳанӯз омодаи посух додан ба ҳамаи ин суолот набуданд. Онҳо бештар мегуфтанд, ки "ҳануз дар ин ё он маврид наметавонем ибрози назар кунем."

Дар ҳамоиш аз ҷумла ин суол матраҳ шуд, ки беш аз як милюн муҳоҷири тоҷик дар Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ аз ҳаққи ҷамъоварии имзо барои номзадҳои мавриди назари худ маҳруманд ва оё ин амр асли мушорикати баробар дар ҳамаи мароҳили интихоботиро нақз намекунад?

Нозирони САҲУ дар посух ба ин суол гуфтанд, масъулони КМИҲ ба онҳо тавзеҳ додаанд, ки тибқи қонуни Тоҷикистон имкони ширкати муҳоҷирон дар имзогузорӣ вуҷуд надорад.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон нақши нозирони САҲУ-ро дар баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон чандон муҳимм намедонанд.

Ба гуфтаи онҳо, ширкати нозирони САҲУ дар интихоботҳои қаблӣ ҳокӣ аз он буда, ки давлати Тоҷикистон гузоришҳои онҳоро ҳамвора нодида гирифтааст.

Матолиби муртабит