Шумори имзоҳо ба тарафдории Бобоназарова аз 100 ҳазор гузашт

  • 3 Октябр, 2013
Бобоназарова
Image caption Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова аз ҷамъоварии беш аз 100 ҳазор имзо ба тарафдории ӯ хабар дод

Тибқи гузориши Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон (ИНИТ), то ҳол ба тарафдории ин номзад 110 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст.

Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯйи Ситоди интихоботии ИНИТ, гуфт дар зарфи ду рӯзи ахир аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба ситод баргаҳои имзо ба тарафдории хонуми Бобоназарова ворид шудааст ва бар асоси арзёбии муқадаммотӣ теъдоди имзоҳо болиғ бар 100 ҳазор адад будааст.

Оқои Қаюмзод гуфт, ки феълан гурӯҳҳои мубтакирон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон барои ҷамъоварии имзоҳои бештар талош мекунанд, то битавонанд то рӯзи 7 октябри соли ҷорӣ, ки муддати поёни ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзади раёсати ҷумҳурӣ аст, 210 ҳазор имзои мавриди ниёз барои сабти номи номзадро ҷамъоварӣ кунанд.

Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи мухолифон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ имкони ҷамъоварӣ нашудани миқдори зарурии имзоҳо барои сабти номи ӯ дар ин интихоботро баъид намедонад.

Вале хонуми Бобоназарова гуфт, ки бо ин вуҷуд гурӯҳҳои мубтакири Ситоди интихоботии Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон то лаҳазоти ахир ҷамъоварии имзоро идома хоҳанд дод.

Тибқи иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, гурӯҳҳои мубтакири Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ба тарафдории Олим Бобоев, номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ 205 ҳазор ва Ҳизби кишоварзӣ ба тарафдории номзади худ Толиб Бухориев беш аз 150 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардаанд.

Дар мавриди миқдори имзоҳои ҷамъоваришуда ба тарафдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ ва номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷорӣ, иттилоъе дар даст нест.

Аммо Усмон Солеҳ, сухангӯйи Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, пас аз пешниҳоди номзадии оқои Раҳмон ба мақоми раиси ҷумҳурӣ ба расонаҳо гуфта буд, ки ин ҳизб дар муддати 2 соъат ба тарафдории номзади худ имзои лозимро ҷамъоварӣ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, ахиран сару садоҳо дар бораи мавориди ҷамъоварии имзоҳо дар донишгоҳҳо дар баргаҳое, ки номи номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ зикр нашуда, пайдо шудааст.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, дар нишасти хабарие, ки рӯзи 30 сентябр доир шуд, гуфт, ки ин аъмол бо қонуни иннтихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон муғойир аст ва кумисиюн ин қазияро таҳқиқ хоҳад кард.