Тамдиди мӯҳлати ҷамъоварии имзо барои номзадҳо барои се рӯзи дигар

  • 7 Октябр, 2013
Ҳизби ҳоким
Image caption Намояндагони ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҷамъоварии имзо барои номзадашон мушкил надоштаанд

Масъулони Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон муҳлати ҷамъоварии имзои ҷонибдорон барои номзадҳо ба интихоботи раёсати ҷумҳуриро то соъати 18:00 вақти маҳаллии рӯзи 10 октябр тамдид карданд.

Ин тасмим дар ҷаласаи масъулони ин кумисиюн субҳи рӯзи душанбеи 7 октябр иттихоз шудааст.

Фирдавс Табаров, яке аз масъулони ин дафтар ба Би-би-сӣ гуфт: “То ҳол номзадҳои фақат ду ҳизб, яъне Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон ва Ҳизби аграри (кишоварзӣ) тавонистаанд, шумори лозимаи имзои ҷонибдоронашро ҷамъовварӣ кунанд.

Ин дар ҳоелст, ки ҳафтаи гузашта намояндагони ду ҳизби сиёсӣ, аз ҷумла ҳизби кумунист ва ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон аз КМИҲ дархсоти тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоро карда буданд.

Аз сӯйи дигар бархе аз номзадҳо барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз эҷоди мавонеъ аз сӯйи мақомоти маҳаллӣ дар ҷаъоварии имзо шикоят кардаанд. Ҳарчанд намояндагони ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин замина мушкиле надоштаанд.

Усмон Солеҳ, масъули бахши иртибот бо ҷомеъаи ин ҳизб, рӯзи душанбеи 7 октябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки масъулони зидахл барои ҷамъоварии имзои тарафдорони номзаи ин ҳизб тавонистаанд дар тӯли шаш рӯз шумораи зарурии ҷонибдоронро ҷамъоварӣ кунанд.

Оқои Усмон афзуд: “Мо тавонистем дар ин рӯзҳо имзоҳҳои беш аз дусаду бист ҳазор ҷонибдорро ҷамъ кунем.”

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон дар анҷумани худ номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳуриро, муҷаддадан ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кард буд.

Президент Раҳмон тайи 21 соли гузашта зимоми умурро дар даст дошта ва дар сурати пирӯзӣ, боз барои ҳафт соли дигар ба курсии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад нишаст.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки ин бор низ чун дар интихоботи гузашта натиҷаи шумориши оро баъд аз раъйдиҳӣ ба суди оқои Раҳмон тамом хоҳад шуд.

Ба гуфтаи иддае аз донишҷӯёни донишгоҳҳои олии ин кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон, бархе аз омӯзгорони ин муассиса аз донишҷӯён шиносонмаҳоро ҷаъ карда ва онҳоро водор карданд, ба тарафдорӣ аз фарде, ки омӯзгорон ба онҳо ишора мекунанд, имзо гузоранд.

Ин донишҷӯён бо мулоҳизоти ихороҷ нашуданашон аз донишгоҳ аз бурдани номашон худдорӣ мекунанд, аммо мегӯянд, ки маҷбур шудаанд ба хотири идомаи таҳсил шиносономаҳои худро ба донишгоҳ биёранд ва ба тарафдорӣ аз номзади мавриди назари омӯзгорон имзо гузоранд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз намояндагони номзадҳои аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла мухолифони давлати кунунӣ мегуянд, ки дар ҷраёни ҷамъоварии имзои ҷонибдоронашон ба мушкилоти фаровон рӯбарӯ буданд.

Аз ҷумла Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон (ИНИТ), чандин бор аз нақзи қонуни интихоботӣ аз сӯйи мақомти маҳаллӣ ба ҳангоми сабти намояндагони ситоди ӯ ба масъулони зидахл шикоят бурд.

Ба гуфтаи масъулони ситоди Ойниҳол Бобоназарова даҳ рӯзи муҳлати ҷамъоварии имзои ҷонибдорон барои онҳо танҳо бо гузоштани имзои масъулони давлатии навоҳии мухталифи Тоҷикистон сипарӣ шуд.

Ҳафтаи гузашта ин ситод гузориш дода буд. ки онҳо тавонистаанд, беш а110 ҳазор имзои ҷонибдоронро ҷамъоварӣ кунанд, вале имрӯз ин ситод гуфтааст, ки шумори имзои ҷамъовардаи он ба беш аз 170 ҳазор имзо расидааст.

Қонун барои сабти номи номзад барои ширкат дар интихобот ҷамъоварии панҷ дарсад аз шумори раъйдиҳандагонро дар назар гирифтааст. Бар асоси иттилоъи расмӣ дар Тоҷикистон беш аз чор милюн нафар аз воҷиди шароити раъй дар интихобот ба сар мебарад ва номзадҳо барои сабти ном, кондидҳо бояд имзоҳои панҷ дарсад аз ин шумораро барои ҷонибдоронии худ ба кумисиюн пешниҳод кунанд.

Матолиби муртабит