Намояи Ҳизби кумунисти Тоҷикистон

Ҳизби кумунисти Тоҷикистон, вориси Ҳизби кумунисти Иттиҳоди Шӯравии пешин аст. Ба гуфтаи масъулони ин ҳизб, он беш аз 42 ҳазор аъзо дорад, ки беш аз 30 дарсад аз онҳо ҷавонон ҳастанд.
Дар Тоҷикистони мустақил ин ҳизб расман дар баҳори соли 1992 дар Вазорати додгустарии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
Ба гуфтаи масъулони ҳизб, кумунистҳо аз ҳизбҳои “пуртарафдор” дар Тоҷикистон буда ва садҳо ҳазор нафар аз сокинони кишвар аз ин ҳизб ҷонибдорӣ мекунанд.
Дар авоили солҳои 1990 милодӣ, баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ Ҳизби кумунисти Тоҷикистон ҳам монанди ҳамтоёнаш дар дигар ҷумҳуриҳои шӯравии пешин маҷбур ба таҷдиди созмонӣ шуд.
Даъвои Ҳизби кумунисти Тоҷикистон ба монанди ҳизбҳои кумунист дар соири кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ бар сари дороиҳои собиқаш ба ҷое нарасид. Зеро дороиҳои ин ҳизб ба унвони дороиҳои кишвар тавассути давлатҳои ҷадид мусодира шуд.
Раҳбарии ин ҳизбро Шодӣ Шабдолов бар ӯҳда дорад. Масъулони ин ҳизб худро ҷузъи мухолифони давлати кунунии Тоҷикистон медонанд. Ду аъзои ҳизби кумунист дар порлумони феълӣ курсӣ доранд.
Шодӣ Шабдолов, мегӯяд дар панҷ соли ахир суфуфи аъзои ин ҳизб аз ҳисоби ҷавонон афзоиши чашмгире карда ва ин ҳизб дар миёни ҷавонон аз маҳбубияти хосе бархӯрдор аст.
Гуфта мешавад кумунистҳо дар бархе аз мактабҳои ҳамагонӣ ва донишгоҳҳо гурӯҳҳои "кумунистҳои ҷавон"-ро ки қаблан ба унвони комсомол шинохта мешуданд, таъсис диҳанд.
Соҳибназарон мегӯянд, аз назари пойгоҳи иҷтимоъӣ, ҳизби кумунист баъд аз ҳизби ҳокими халқӣ-демукрот ва ҳизби наҳзати исломӣ севумин ҳизби қавӣ дар Тоҷикистон аст.
Бархе бар ин боваранд, ки мушкилоти иқтисодӣ ва нобоварӣ ба фардо дар миёни бархе аз сокинон дилтангӣ (ностальгия) барои даврони шӯравиро бедор карда ва онҳо дар симои ин ҳизб, ки шиъораш баробарӣ ва бунёди ҷомеъаи сусиёлистӣ аст, бурунрафт аз душвориҳои иқтисодиро мебинанд.
Номзади ҳизб ба интихобот
Ҳадафи ҳизби кумунист "бунёди ҷомеъаи сусиёлистӣ ва рафъи буҳронҳои ҷамъиятӣ хоҳад шуд" унвон шуда ва шиъори аслии аъзои ин ҳизб "мубориза бо истисморгарӣ" эълом шудааст.
Ҳизби кумунисти Тоҷикистон номзадии Исмоъил Талбаковро барои ширкат дар интихоботи раёсти ҷумҳурии ин кишвар пешниҳод кардаанд.
Исмоъил Талбаков, солҳои тӯлонӣ муъовинати раҳбари ин ҳизбро бар ӯҳда дошта, коршиносон ӯро яке аз кумунистҳои сарсахт дар кишвар мепиндоранд ва ӯ чанд соли ахир котиби кумитаи марказии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон мебошад.
Барои бори дуввум аст, ки ҳизби кумунисти Тоҷикистон номзадии оқои Талбаковро ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Дар соли 2006 ӯ яке аз панҷ кондидо ба раёсати ҷумҳурӣ буд ва он замон ҳудуди 5 дарсади ороро касб карда буд.
