Ҳушдор ба пулиси Хатлон дар остонаи интихобот

  • 7 Октябр, 2013
Кормандони полиси Хатлон
Image caption Пулис дар Хатлон дастур гирифтааст, ки дар осотонаи интихобот “ҳар фардеро, ки метавонанд ба амнияти мардум хатар эҷод кунад, боздошт кунанд.”

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба кормандонаш дастур додааст, ки дар остонаи интихобот барои таъмини амният дар минтақа талоши бештар кунанд.

Раҳбарони ин ниҳод дар ҷаласае, ки рӯзи 4-уми октябр бо ширкати беш аз 200 нафар аз маъмуронипулиси Хатлон доир шуд, гуфтанд, ки ба вижа дар рӯзи раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон “ҳуршёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳанд.”

Женерол Анвар Тағоймуродов, раиси бахши вазорати умури дохила дар Хатлон ба пулис дастур додааст, дар осотонаи интихобот “ҳар фардеро, ки метавонад ба амнияти мардум хатар эҷод кунад, боздошт кунанд.”

Оқои Тағоймуродов дар ин ҳамоиш ҳамчунин пулисро аз хатароти ношӣ аз эҳтимоли сар задани амалиётҳои теруристӣ ва афзоиши ифротгароӣ дар осотонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳушдор дод ва аз кормандони пулис дар Хатлон даъват кард, ки ин рӯзҳо вазифаи худро беҳтар аз қабл анҷом диҳанд.

Image caption Оқои Тағоймуродов пулисро аз хатароти ношӣ аз эҳтимоли сар задани амалиётҳои теруристӣ ва афзоиши ифротгароӣ дар осотонаи интихобот дар Тоҷикистон ҳушдор дод

Женерол Тағоймуродов гуфт, ки имкон дорад бархе афрод бо мақсади ба вуҷуд овардани тарс дар миёни мардум дар ҷомеъа дар рӯзҳои баргузории маъракаҳои сиёсӣ "даст ба аъмоли номатлуб зананд" ва афзуд, ки пулис, ки ҳимоятгари қонун аст бояд қабл аз ҳама аз марудми оддӣ ҳимоят кунад.

Ҳафтаи гузашта низ сойти расмии Вазорати умури дохилаи Тоҷикитон аз кормандони пулис дар сартосари кишвар тақозо кард, ки дар осотонаи интихоботи райсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон бо мардум ин кишвар муъомила хуб кунанд.

Коршиносони маҳаллӣ баъид намедонанд, ки нигаронии кормандони пулис дар вилояти Хатлон бештар аз ташдиди фаъъолиятҳои Ҷумбиши Исломии Узбакистон дар ноҳияи Қубодиён ва афроди наздик ба сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев будааст, ки ҳоло дар пайгарди қонунӣ қарор доштаанд.

Ба иддаъои коршиносон мақомоти маҳаллии вилояти Хатлон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз сар задани фаъъолиятҳои ин гуруҳҳо бим доранд ва аз ин рӯ қабл аз интихобот ба кормандони пулис таъкиди таъмини амнияти мардумро кардаанд.

Матолиби муртабит