Намояи Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон

Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон дар моҳи июни соли 1996 пас аз нахустин анҷумани тарафдоронаш дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, таъсис ёфта ва раҳбарии ин ҳизбро он замон Сафаралӣ Кенҷаев, ҳуқуқдони саршинос, раиси пешини Шӯрои Олӣ ё порлумони Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони фақиди Ҷабҳаи миллии ин кишвар ба ӯҳда гирифта буд.
Сафаралӣ Кенҷаев дар моҳи марти соли 1999, ҳашт моҳ пеш аз интихоботи дуввуми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки интизор мерафт дар он ширкат кунад, дар яке аз маҳаллоти шаҳри Душанбе аз сӯйи афроди номаълум ба қатл расид.
Пас аз марги Кенҷаев, дар соли 2000, Мирҳусейн Назриев, корманди Пажӯҳишгоҳи физики нуҷумии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон раҳбари ин ҳизб интихоб шуд.
Вале дар соли 2004 дар миёни аъзо ва тарафдорони ин ҳизб шикофе ба миён омад. Дар моҳи июли ҳамон сол Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев бо баргузории як ҷаласаи ҳизбӣ Мирҳусейн Назриевро аз симати раҳбарии ҳизби сусиёлист дар ғиёбаш барканор карданд.
Феълан теъдоди аъзои Ҳизби сусиёлист беш аз 19 ҳазор арзёбӣ шуда, дар шаҳри Душанбе, навоҳии Рӯдакию Ҳисор ва вилоёти Суғду Хатлон тарафдори зиёд доштааст.
Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҲСТ, "бунёди як ҷомеъаи сусиёлистии шакли навро, ки бо сусиёлисми Шӯравӣ тафовут дорад" аз аҳдофи аслии аслии ин ҳизб унвон кардааст. Ба гуфтаи ӯ ин сусиёлисми ҷадиде хоҳад буд, ки дар он бояд арзишҳои демукротик, баробарӣ, озодӣ ва ҳифзи иҷтимоъии мардум ҷой дошта бошад.
Номзади ҳизб дар интихобот
Дар Анҷумани Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон дар авохири моҳи гузашта Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ин ҳизб ва раиси Маркази бозомӯзии донишгоҳҳои Тоҷикистон ба унвони номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Дар интихоботи қаблии раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли 2006 низ оқои Ғаффоров ба ҳайси номзад ширкат карда ва дар миёни 4 рақиб дар интихобот камтарин ороро (2,8 дарсад) касб карда буд.
Раҳбари Ҳизби сусиёлист мегӯяд, дар интихоботи феълии раёсати ҷумҳурӣ талош хоҳад кард, то орои бештари раъйдиҳандагонро ба даст орад.
Ҳамчунин, ӯ дар сӯҳбати ихтисосӣбо Би-би-сӣ гуфт, агар дар интихоботи феълии раёсати ҷумҳурӣ ба тарафдории номзадии ӯ 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ нашавад, аз раҳбарии ҳизб хоҳад рафт.
