ИНИТ пешниҳоди таҳрими интихоботро напазируфт

  • 7 Октябр, 2013
Бобоназарова
Image caption Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон хостори идомаи ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова шуд

Намояндагони Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) пешниҳоди Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот (ҲСДТ) барои таҳрим кардани интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурии ин кишварро рад карданд.

Ин пешниҳоди Шокир Ҳакимов, муъовини раҳбари ҲСДТ, рӯзи душанбеи 7 октябр дар ҷаласаи ИНИТ матраҳ шуд. Ӯ гуфт, тасмими Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) дар мавриди тамдиди муддати ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ зери фишори созмонҳои байналмилалӣ ва "ба хотири рӯҳияи демукротӣ бахшидан ба интихоб" иттихоз шудааст.

КМИҲ субҳи душанбеи 7 октябр, тасмими худро дар бораи тамдиди муддати ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳо ба интихоботи раиси ҷумҳурӣ то соъати 18-и 10 октябри соли ҷорӣ эълом кард.

Ба ин далел, оқои Ҳакимов пешниҳод кард, аз идомаи ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи ИНИТ худдорӣ карда ва интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷорӣ таҳрим шавад.

Аммо Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ гуфт, ки танҳо дар сурати ҷамъоварӣ нашудани имзоҳои мавриди ниёз ба тарафдории номзадии хонуми Бобоназарова Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ бояд сабаби тасмимро шарҳ дода ва аз тарафдоронаш даъват кунад, то интихоботи раёсати ҷумҳуриро таҳрим кунанд.

Бештари аъзои ИНИТ пешниҳоди таҳрими интихоботро напазируфта ва пешниҳод карданд, то дар 3 рӯзи оянда гурӯҳҳои мубтакир ба таври густарда ҷамъоварии имзоро ба тарафдории номзади худ идома диҳанд.

Тибқи иттилоъи Ситоди интихоботии ИНИТ то ҳол ба тарафдории номзадии Ойниҳол Бобоназарова 175 ҳазору 800 имзо ҷамъоварӣ шудааст ва сабти номи хонуми Бобоназарова ба унвони номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба 40 ҳазор имзои дигар ниёз вуҷуд дорад.

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳҳои вижаи ҷамъоварии имзо барои хонуми Бобоназарова аз мавориди фаровони тарс додани мардум, фишору таҳдидҳо дар ҷараёни ҷамъоварии имзо шикоят кардаанд.

Онҳо гуфтанд, ки масъулони идороти маҳаллӣ дар бархе навоҳӣ гузоштани имзо ба тарафдории номзади ИНИТ-ро “мухолифат ба сиёсати давлат” хонда ва мардумро тарс додаанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ҳодисае ёдовар шуд, ки дар он раиси як маҳалла ба муҳоҷири корие дар Русия телефон карда ва ба ӯ аз имзо гузаштани хонумаш ба тарафдорӣ аз номзади ИНИТ хабар додааст ва гуфтааст, ки ин амр метавонад барои хонаводааш мушкил эҷод кунад.

Оқои Кабирӣ гуфт, он мард тавассути телефон ба хонумаш амр кардааст, ки имзои худро ботил кунад ва дар ғайри ин сурат ӯро "се талоқ" хоҳад кард. Муҳиддин Кабирӣ гуфт, бо вуҷуди ин гуна фазои номусоъид гурӯҳҳои мубтакирони ИНИТ ҷамъоварии имзоро ба тарафдории номзадии Ойниҳол Бобоназарова идома хоҳанд дод.

Оқои Кабирӣ гуфт, дар раванди ҷамъоварии имзо худи ӯ, Акбари Тӯраҷонзода, чеҳраи саршиноси мазҳабию сиёсӣ ва кормандони баландпояи ҲНИТ ва ҲСДТ ширкат хоҳанд кард.

Ӯ гуфт: “Барои мо шонсе дода шудааст ва аз он бояд босамар истифода кунем. То ҳукумати Тоҷикистон моро таъна назаданд, ки муддати ҷамъоварии имзоро тамдид кардем, аммо имзо ҷамъ карда натавонистанд.”

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси кишвар аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), аз масъулони ҲНИТ, ҲСДТ ва чеҳраҳои саршиноси сиёсии ин кишвар мураккаб аст, ба унвони номзад ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузида шуда ва дар Анҷумани Ҳизби наҳзати исломӣ дар рӯзи 17 сентябри соли ҷорӣ ба ҳайси номзад пешниҳод гардид.

Матолиби муртабит