HRW: “Давлати Тоҷикистон мухолифонашро азият медиҳад”

  • 22 Октябр, 2013
Human Rights Watch
Image caption HRW гуфтааст, давлати Тоҷикистон мухолифонашро азият медиҳад

Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) гуфтааст, давлати Тоҷикистонро зарур аст ба таъқибу фишори мухолифони сиёсии худ поён дода ва шароитро барои баргузории интихоботи озоду шаффофи раёсати ҷумҳурӣ фароҳам кунад.

Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи сешанбеи 22 октябр мунташир шуд, таъкид шудааст, ки Ойниҳол Бобоназарова, танҳо номзади мухолифон барои интихоботи моҳи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ, ба далели фишорҳои густардаи ниҳодҳои давлатӣ аз рақобати интихоботӣ хориҷ шуд.

Ҳуг Вилямсон, мудири бахши Урупо ва Осиёи Марказии HRW гуфтааст: “Давлати Тоҷикистон намояндагони мухолифонро ҳадаф қарор додааст ва мавориди таъқиб, лату кӯб ва боздошти чеҳраҳои мухолифон имкони баргузории интихоботи озоду мунсифонаро сери суол бурдааст.Барои интихоботи озоду мунфсиона раъйдиҳандагон ба интихоботи воқеъӣ ниёз доранд.”

Баёния афзуда, ки дар интихоботи қарибулвуқуъ дар Тоҷикистон дар канори Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 дар сари қудрат аст, панҷ номзади дигар ширкат мекунанд, аммо ҳамаи онҳо аз сиёсати давлати Раҳмон пуштибонӣ мекунанд.

Ин созмони мудофеъи ҳуқуқи башар ибрози нигаронӣ карда, ки дар зарфи як соли ахир, давлати Тоҷикистон мухолифони сиёсӣ ва фаъъолонро таъқиб карда, бархеро зиндонӣ ва бархе дигарро дар кишварҳои хориҷӣ боздошт ва ба ин кишвар мустарад кардааст.

Гузориш ҳамчунин таъкид карда, ки расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон бо фишорҳо рӯбарӯ буда ва расонаҳои давлатӣ танҳо аз Эмомалӣ Раҳмон ситоиш ва аз пахши ибрози назари намояндагони мухолиф ё назарҳои интиқодӣ алайҳи ҳукумат худдорӣ мекунанд.

Image caption Ойниҳол Бобоназарова аз қонуншиканиҳо ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари ватанию хориҷӣ шикоят кардааст

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси кишвар аз ҷониби Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), аз масъулони ҲНИТ, ҲСДТ ва чеҳраҳои саршиноси сиёсии ин кишвар мураккаб аст, ба унвони номзад ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузида шуда ва дар Анҷумани Ҳизби наҳзати исломӣ дар рӯзи 17 сентябри соли ҷорӣ ба ҳайси номзад пешниҳод гардид.

Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова ба тарафдории номзади худ тавонист 202 ҳазор адад имзо ҷамъоварӣ кунад, аммо ба гуфтаи мақомоти Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) ин миқдор имзо барои сабти номи хонуми Бобоназарова ба унвони номзад ба мақоми раиси ҷумҳурӣ кифоят намекунад.

Ойниҳол Бобоназарова мавзеъгирии КМИҲ-ро ғайридемукротик хонда ва гуфта буд, “аз ин гуна қонуншиканиҳо ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари ватанию хориҷӣ шикоят хоҳад кард.”

Хонуми Бобоназарова ба Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфта, ки ҳамзамон бо эҷоди мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзади мухолифон, ниҳодҳои давлатӣ дар қиболи ҲНИТ, ки номзадии хонуми Бобоназароваро пешниҳод кардааст, аз таҳдид ва бӯҳтону тӯҳмат кор гирифтаанд.

Дар баёнияи созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар омадааст, Зайд Саидов, соҳибкори саршинос, муддате пас аз эъломи тасмимаш барои таъсиси ҳизби ҷадиди “Тоҷикистони нав” ба иттиҳоми ихтилос (дуздӣ), фасод, чандзанӣ ва таҷовуз ба номус боздошт шуд.

Фаъъолон ва аъзои гурӯҳи мубтакирон барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” ба HRW гуфтаанд, оқои Саидов танҳо барои фаъъолиятҳои сиёсиаш боздошт шудааст.

Дар ин баёния фишорҳо бар Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифони давлат Тоҷикистон, лату кӯб шудани Маҳмадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари ин ҳизб, боздошти Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешин ва рақиби Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии соли 1994 дар фурӯдгоҳи шаҳри Киеви Укройн ва боздошти Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24” дар фурӯдгоҳи Дубай ва нопадид шудани Салимбой Шамсиддинов, раиси анҷумани ӯзбакҳои вилояти Хатлон ҳамчун мавориде барчида шудаанд, ки ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботе доранд.

Шарикони байналмилалии Тоҷикистон, назири Ҳерман Ван Ромпуй, раиси Шӯрои Урупо ва Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷаи Омрико дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аз Президент Раҳмон даъват кардаанд, дар остона ва дар ҷараёни интихобот ба ҳуқуқи башар эҳтиром гузорад. Дар ҷараёни дидораш ба Бруксел дар моҳи апрели соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон қавл дода буд, ки “интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ озод, шаффоф ва демукротик” баргузор хоҳад шуд.

“Human Rights Watch” гуфтааст, давлати Тоҷикистон бояд тааҳҳудоти байналмилалии худро дар заминаи ҳимоят аз озодии баён ва созмону ҷамъиятҳо иҷро кунад.

Ҳуг Вилямсон, мудири бахши Урупо ва Осиёи Марказии HRW гуфтааст: “Вошингтун, Бруксел ва шарикони дигари калидӣ бояд ба Душанбе паёми рӯшан ва қотеъона фиристанд, то дар қабл аз баргузорӣ ва дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз ҳуқуқи шаҳвандӣ ва сиёсии сокинони кишвар дифоъ кунад. Давлати Тоҷикистон муталеъ бошад, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ин равандро назорат мекунад.”

Баёнияи ин созмони байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар дар ҳоле нашр мешавад, ки дирӯз 21-уми октябр "Ватандор", як ниҳоди мухолифи давлати Тоҷикистон дар изҳороте аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ тақозо карда буд, ки дар қиболи ҳаводиси Тоҷикистон бетаваҷҷӯҳ набошанд.

Ватандор дар ин изҳорот интихоботи қарибулвуқуъ дар Тоҷикистонро "мазҳака" унвон карда ва аз мардум хост, ки ин интихоботро таҳрим кунанд.

Додоҷони Атовулло, раҳбари ин ҷунбиш, дар ин баёнияи худ дар ин бора режими оқои Раҳмонро “ҷиноятпеша” унвон карда ва хитоб ба мардуми Тоҷикистон афзуда: “Дар ин мазҳакаи шармовар ширкат наварзед. Ба ҳавзаҳои интихоботӣ харгиз по нагузоред. Худро бадном накунед.”

Матолиби муртабит