Сафорати Тоҷикистон: Ҳавоссамон ба ҳаводиси Бирюлев ҳаст

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, ки сарнавишти шаҳрвандони Тоҷикистон дар ноҳияи Бирюлев, дар ҳаволии Маскав, пойтахти он кишвар, ва рӯйдодҳои ахир дар он маконро таҳти назорат қарор додаанд.
Бар асоси иттилоъи дафтари матбӯъотии ин сафорат, сафири Тоҷикистон дар як ҷаласаи вижа ин дастурро дода, ки кормандони ин ниҳод пайваста дар мавриди ҷараёни таҳқиқоти рӯйдоди Бирюлев бо кормандон интизомии Русия дар тамос бошанд.
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯйи ин сафорат, рӯзи сешанбеи 15 октябр дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки рӯзи душанбе иддае аз кормандони ин сафорат барои арзёбии вазъи тоҷикони ноҳияи Бирюлев дар он минтақа қарор доштанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи расонаҳои Русия, рӯзи душанбеи 14 октябр кормандони ниҳодҳои интизомии Русия беш аз 1200 нафар аз коргарони бозорро, ки умдатан аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз иборат буданд, боздошт кардаанд.
Оқои Эгамзод мегӯяд, ки дар миёни ин афрод муҳоҷирони тоҷик низ будаанд, аммо вай афзуд, ки пулиси Русия баъд аз расидагӣ ба мадорики ин афрод, онҳоро озод кардааст.
Ҳамчунин ӯ мегӯяд: "Мо ҳоло иттилоъи дақиқе дар мавриди он ки оё кормандони интизомии Русия атбоъи Тоҷикистонро низ боздошт кардаанд ё хайр, дар даст надорем. Аммо он иттилоъе, ки мо дар ихтиёр дорем, ҳокист, ки пулис танҳо ба хотири пайдо кардани фарди мазнун дар қатли Егор Шербакови 25-сола дар ноҳияи Бирюлеви ҳаволии Маскав кормандони бозори ин ноҳияро барои муддате боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор медиҳанд."
Оқои Эгамзод ҳамчунин гуфт, ки дар бозори мавсум ба "Покровка"-и ин ноҳия то як ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон фаъъолият доранд.
Вай афзуд: "Шумори қобили мулоҳизае аз ин афрод, аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ки ҳам шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандии Русияро доранд ва аз ҷумлаи афроди доро ҳастанд. Аммо қисмати бештари сокинони Тоҷикистон дар ин макон ба корҳое аз қабили фурӯшандагӣ, аробакашӣ ва хадамоти дигаре машғул ҳастанд."
Ин масъули сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки сафорат аз сарнавишти сокинони ин кишвар, ки дар ноҳияи Бирюлеви ҳаволии Маскав кор ва зиндагӣ мекунанд, нигарон аст ва пайваста бо бисёре аз ин афрод дар тамос мебошад.
Масъулони сафорат ҳамчунин мегӯянд, ки то ҳол кормандони интизомии рус дар мавриди он ки рӯзи 13 октябр дар нооромиҳо дар ноҳияи Бирюлев ба муҳоҷирони тоҷик низ озор расидааст ё хайр, ҳеч иттилоъе дар ихтиёри онҳо нагузоштаанд.
Дар таҳаввуле дигар, расонаҳои Русия аз задухӯрд миёни тоҷикон ва чеченҳо дар бозоре дар ҳаволии шимоли шаҳри Маскав хабар додаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин задухӯрд ҳудуди 200 шаҳрванди Тоҷикистон ширкат доштаанд ва даъвои онҳо бар сари напардохтани маъош аз сӯйи корфармоёни чечен рух додааст.
Бар асоси гузоришҳои таъйиднашуда, дар ҷараёни ин ҳодиса беш аз 60 нафар аз сокинони Тоҷикистон боздошт шудаанд. Пулиси рус гуфтааст, ки дар робита бо ин ҳодиса, парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқи он идома дорад.
Коршиносони умури муҳоҷират мегӯянд, ки бархе аз гурӯҳҳои нажодпараст дар Русия метавонанд аз ин рӯйдодҳо истифода кунанд ва муҳоҷирон аз кишварҳои осиёиро дар манотиқи мухталифи он кишвар ҳадафи ҳамла ва озору азият қарор диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, хабарнигорони бахши русии Би-би-сӣ дар Маскав мегӯянд, ки пулис ҳувияти шахси мазнун дар қатли Егор Шербаковро, ки 10 октябр дар ноҳияи Бирюлев рух дод, мушаххас карда ва ӯ як шаҳрванди 30-солаи Ҷумҳурии Озарбойҷон будааст.
Мақомоти интизомии Русия гуфтаанд, ки ин фард дар Ҷумҳурии Озарбайҷон низ барои иртикоби ҷароими мухталиф мавриди пайгарди қонунӣ қарор доштааст.
